Нашрияи Омӯзгор

Ривоҷбахши тафаккури техникӣ

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 137        Шарҳ: 0

 

Ҷаҳон бо суръат пеш меравад, мо бошем, ҳанӯз дар ғафлатем. Гӯё дигарон ҳама чизро кашф кардаанду барои мо чизе намондааст. Не! Дар олам асрори кашфношуда хеле бисёранд.

Инсоният бисёр муаммоҳоро ҳанӯз ҳал накардааст, масалан, пеши офатҳои табииро гирифтан ё худ шасти онро гардондан, пешгӯии зилзилаҳо, вируси марговарро хунсо кардан ва ғайра. Тамоми ақлу ҳуш ва неруи олимони ҷаҳон барои кашфу ихтирои силоҳи муқтадири қатли ом равона гардидааст. Чунон яроқҳое сохта шудаанд, ки агар натиҷаи амалиёти онҳоро бифаҳмед, дар баданатон мурғак медавад. Моро лозим меояд, ки бештар барои тандурустӣ, яъне, хушбахтии мардум бикӯшем.

Агар маҳдудияти диниву мазҳабӣ намешуд, шояд фарзандони фарзонаи халқамон Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём ва Аҳмади Дониш дар замони худ кошифи техникаи пешқадам мешуданд, зеро донандаи мумтози фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ буданд. Бе донистани илмҳои мазкур мо пеш рафта наметавонем ва ҳатто, чизҳои ихтироъкардаи дигаронро дуруст истифода бурда наметавонему зуд аз кор мебарорему баъд ангушти надомат мегазем. Барои бедор кардани тафаккури техникӣ фанҳои таълимии биология, химия, ҳандаса, физика ва риёзиро аз таҳти дил бояд омӯхт, инчунин, асарҳои олимонро бисёртар мутолиа бояд кард. Масалан, барои ихтирои ягон доруи хеле муҳим бояд фанҳои биология ва химияро нағз аз худ кунем. Дар суҳбати омӯзгори риёзии муассисаи таълимии №17-и деҳаи Ғуриёт, шаҳри Ҳисор Кароматулло Раҳматуллоев, ки яке аз беҳтарин муаллимони ҷумҳурист, нишинед, бешубҳа, ба олами илму техника ворид шуда, беихтиёр “Зиндагӣ ин аст!” мегӯед. Марҳамат порае аз мусоҳибаҳои ӯ: “Илм фақат он вақт ба камолот мерасад, ки аз математика истифода кардан ба вай муяссар гардад”, - мегӯяд асосгузори коммунизми илмӣ Карл Маркс. Барои омӯхтани илми математика тафаккури зиёд ва ҳунари таҳлил карда тавонистанро ривоҷ бояд дод. Бе андешаи жарф ва бе таҳлил исбот кардани ифода ё ҳалли муодила хеле мушкил аст. Ба олами тафаккур фурӯ рафтан низ заҳмат аст, заҳмати сангин. Шогирдони танбаламон “Каллаамро гаранг кардан намехоҳам” гӯён аз ин гуна кор мегурезанд. Ба ин қабил шогирдон мефаҳмонам, ки фаъолияти фикрӣ аз ҳаракати ҷисмонӣ ҳам вазнинтар аст, вале самараи бештар дорад. Мардуми оқиламон таълим медиҳанд, ки “Ҳафт бор чен куну як бор бибур”. Ҳикмати бузургест дар ин гуфтаҳо. Чен кардан математика аст, бе ҳисобу китоб иқтисодиёти мо пеш намеравад, зиндагиямон беҳ намешавад. Файласуф Карл Маркс гуфтааст: “Ман аз китобҳои Оноре де Балзак маълумоти иқтисодии зиёде гирифтам”. Яъне, китобҳои адибонеро, ки дар ҳақиқат, донишманданду фанҳои табиатшиносию дақиқро аълодараҷа медонанд, бояд мутолиа кунем, бахусус, асарҳои фантастикиро. Вале мо парво надорем, ки фарзандонамон китоб ба даст мегиранд ё не. Охир, китоб тафаккури инсонро ривоҷ медиҳаду ӯро ҷониби илмҳои дақиқ равона месозад. Фарзанди фарҳехтаи миллатамон Абӯалӣ ибни Сино тамоми илмҳои мураккаби замонашро омӯхтааст, чаро мо омӯхта наметавонистаем? Метавонем! Охир, вориси ӯем, ки гуфтааст:

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи

Зуҳал

Кардам ҳама мушкилоти

гетиро ҳал.

Берун ҷастам зи қайди ҳар

макру ҳиял,

Ҳар банд кушода шуд, магар

банди аҷал.

Муаллим Кароматулло Раҳматуллоев бо вуҷуди донандаи хуби риёзӣ будан асарҳои бадеиро низ бисёр мехонад ва ин одати хешро чунин шарҳ медиҳад: “Хониши назму наср тафаккури инсонро ривоҷ дода, ҳунари таҳлил карда тавонистанро сайқал медиҳад”. Натиҷаи кори пурсамари омӯзгор Раҳматуллоев ҳамин аст, ки шогирдонаш ҳамеша дар озмунҳои шаҳриву минтақавию ҷумҳуриявӣ ғолиб омада, ҳатто, ба муассисаҳои олии шаҳрҳои бузурги Федератсияи Россия - Москва ва Санкт-Петербург дохил шуда, бо баҳои баланд таҳсил намуда, олимони навовару мутахассисони намоёни соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шудаанд.

Ба андешаи мо, ҳама гуна кашфиёт ё ин ки ихтирооти илмӣ дар натиҷаи мушоҳидаи амиқ ва пурсиши беҳудуди “чаро?” нисбат ба худ зеҳниятамонро сайқал медиҳаду моро ба мақсад наздик мегардонад. Масалан, олими барҷаста Исҳоқ Нютон аз шохи дарахт афтидани себро ба мушоҳида гирифту қонуни ҷозибаи ҷаҳониро кашф намуд.

Табиатшиноси машҳур Алберт Эйнштейн дар натиҷаи мушоҳидаи амиқ, тафаккури созанда ва таҳлили мушаххас муаллифи назарияи илмии нисбият ва кашфиёти назарие барои механикаи квантӣ, физикаи статистикӣ, космологияи реалистӣ ва электроникаи квантӣ гардид.

Муҳити зиндагӣ, яъне, табиати гирду атрофи мо муаммоҳои нокушодаи бисёр дорад. Ин муаммову чигилҳоро танҳо табиатшиноси асил кушода метавонад. Табиатшиноси асил бо силоҳи муқтадири илмӣ мусаллаҳ аст, вай метавонад, бо таҷрибаи мукаммал назарияро ба амалия бипайвандад. Агар мо машғулиятҳоямонро шавқовару диққатҷалб-кунанда гузаронем, ҳатман шогирдон ба илмҳои табиатшиносиву дақиқ бо завқи бисёр рӯ меоранд. Чӣ кор бояд кунем, ки фарзандонамон ба илмҳои зарурии муосир рӯ оваранд? Тафаккури ҳамаро дигар бояд кард. Масалан, аввал хаёли содалавҳонаро аз шуури падару модарон берун бояд андохт, то ки кӯдаконашон мушоҳидакору табиатшинос шаванд. Кӯдаки ду-сесола ва аз ӯ калонтарҳо дар як рӯз садҳо савол медиҳанд, онҳо оламро донистан мехоҳанд. Мо бошем, гӯё хаста гардида, бо дағалӣ шасти ӯро мегардонем. Бо ин корамон завқи донишандӯзии кӯдакро ғӯрамарг мекунем. Ҳол он ки ин гуна пурсишҳои ӯро фавран бар муқобили худаш бояд истифода барем. Фарз кардем, дар ҳавлиямон ду ниҳол мерӯяд: яке калону дигаре хурдтар. Аз кӯдакамон мепурсем: -Чаро як дарахт калон асту дигаре хурдтар? Ё худ: Барои чӣ дирӯз борон бориду имрӯз офтобӣ аст? Бовар кунед, ин гуна саволҳо кӯдакро маҷбур месозанд, ки фикр кунад, дар натиҷаи мулоҳиза шуури кӯдак инкишоф меёбад ва ӯ натиҷаи тааммули хешро, хоҳ дуруст бошад, хоҳ нодуруст, иброз медорад. Бояд бидонем, ки ҳар як саҳви кӯдакамон дар ниҳодаш ростие дорад, ки оқибат ӯро ба ҷодаи дуруст мебарад. Кӯдакони хурдсол аз даҳони калонсолон гирифта, то ба 10 ва зиёда аз он шуморида метавонанд, ба таври шифоҳӣ ҷамъу тарҳ мекунанд. Агар хоҳем, ки дониши математикии онҳо бедор шавад, зуд аз фурсат истифода бояд барем. Масалан, дар дасти кӯдак 5 дона чӯбча аст. Аз ӯ мепурсем: “Чӯбча чандто аст?” Посух медиҳад. Саволи дигарро зуд пеш мегузорем: “Ҳамин 5 чӣ тавр пайдо шуд?” Бача аз ин саволи ногаҳонӣ сахт гаранг мешавад, вале ӯро водор мекунем, ки фикр карда ёбад. Бачаҳои хушзеҳн муамморо пас аз мулоҳиза меёбанд: -Аввал 4-то буд, 1-то овардем, 5-то шуд. Ё 3-то буд, 2-то илова кардем, 5-то шуд. Бо ин қадар ҷавоб қаноатманд шудан лозим нест, бигзор фарзанди хурдсоламон ин гуна мисолҳоро пешниҳод карда тавонанд: 1+4=5, 2+3=5, 6-1=5, 7-2=5, 10-5=5. Албатта,бо кӯдакони хурдсол ин гуна машғулиятҳо ба тариқи бозӣ гузаронда мешаванд. Забони фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ дар ҳама ҷо, барои ҳамаи ҳалқҳо фаҳмост. Оламиён бо формулаҳои алгебравӣ, химиявӣ, физикавӣ ва фигураҳои геометриву рамзу символу аломату нишонҳо такаллум мекунанд. Надонистани забони оламиён айб аст! Масъалаи дигар, ҳавасмандгардонии омӯзгорони фанҳои дақиқ аст. Агар онҳо маоши хуб гиранд, шогирдонашон кошиф мегарданд.

 

Ҳакималӣ НАЗАРАЛӢ,

омӯзгори мактаби №17,

шаҳри Ҳисор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш