Нашрияи Омӯзгор

Мушкилоти сифати таҳсил

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 104        Шарҳ: 0

 

Ҳафтаи гузашта дар толори Академияи таҳсилоти  Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Сифати таҳсил: мушкилот, технология, коркарди меъёрҳо ва нишондиҳандаҳо» баргузор гардид. Конфронсро президенти АТТ, академик Ғуломқодир Бобизода ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки кормандони муассисаи онҳо дар партави маърӯзаю суханрониҳо ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва асноди меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф фаъолияти густурдаро ба роҳ мондаанд. Аз ҷониби кормандони АТТ  корҳои илмию тадқиқотӣ роҳандозӣ гардида, рисолаю монографияҳои илмию методӣ таълиф ва  ба нашр  мерасанд. Ҳамчунин, директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ, доктори илмҳои педагогӣ Лутфия Иматова зикр кард, ки мавзӯи баррасишаванда доманфароху серпаҳлу буда, ҷиҳати дарёфти роҳу усулҳои беҳтар намудани сифати таҳсилот кормандони ПРМ низ як силсила корҳоро анҷом додаанд. Мақолаҳои илмию назариявии кормандони пажӯҳишгоҳ, дар саҳифаҳои нашрияҳои соҳавӣ (ҳафтаномаи «Омӯзгор», маҷаллаҳои «Маорифи Тоҷикистон», «Маърифати омӯзгор» ва «Илм ва инноватсия») ҳамвора ба табъ мерасанд.

Академик М.Лутфуллозода баргузории конфронсро саривақтӣ арзёбӣ карда, ба кори он барору муваффақиятҳо таманно намуд. Ноиби Президенти АТТ Ирина Каримова дар мавзӯи «Мулоҳизаҳои озод роҷеъ ба сифати таҳсилот» таъкид кард, ки масъалаи сифати таҳсилот дар тӯли  солҳои тӯлонӣ муҳиму умда маҳсуб ёфта, имрӯз моҳияти он тағйир наёфтааст. Сифати таҳсилот маънии амиқ дошта, на танҳо  аз толибилми муассисаи таълимӣ омӯзишу аз худ кардани донишҳои замонавиро тақозо мекунад, балки бо шаклу муҳтаво ва сохту таркиби худ дараҷаи рушди фардии ӯро мушаххасу муайян месозад. Дар ин ҷода мо  таваҷҷуҳи худро ба иштибоҳҳое, ки тӯли солҳои охир дар раванди баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва донишандӯзии хонандагон монеаҳо эҷод кардаанд, нигаронида, масъаларо ба таври зайл мавриди баррасӣ ва таҳсил қарор додем: сифати таҳсил ҳамон вақт баланд ҳисобида мешавад, ки агар хонанда барои аз худ кардани дониш ва талаботи барномаю китобҳои дарсӣ тамоми неруи худро ба таври мукаммалу ҳамаҷониба сарф  намояд.

Сармутахассиси шуъбаи таҳсилот ва технологияи АТТ, номзади илмҳои филологӣ Азим Байзоев дар мавзӯи «Китобҳои электронӣ ва аҳамияти онҳо дар баланд бардоштани сифати таҳсилот»  иброз дошт, ки яке аз роҳҳои  муассири таъмини сифати таҳсилот таҳия ва истифодаи китобҳои электронӣ мебошад. Бояд хотиррасон намуд, ки мафҳумҳои «шакли электронии китоб» ва «китоби электронӣ» ҳаргиз баробармаъно нестанд. Шакли электронии китоб айнан ҳамон ҳамон шакли китобро дар назар дорад, ки дар форматҳои гуногуни компютерӣ сабт карда мешавад. Китоби электронӣ китобест, ки мо дар даст дорем, фақат дар шакли дигар ва бо имкониятҳои бештар. Таҳия ва ҳамзамон, бо китобҳои дарсӣ дастраси хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон гардонидани китоби дарсии электронӣ аз чанд ҷиҳат муфид аст. Аз ҷумла, агар кӯдак як машқро бо роҳи навиштан беҳтар иҷро кунад, кӯдаки дигар онро бо роҳи визуалӣ, тамошо кардан ва кашидани расм иҷро мекунад ва ғайра…

Мудири шуъбаи омӯзиши стандарт, нақшаю барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии ПРМ АТТ Давлат Имомназаров баромади худро ба масъалаи арзёбии сифати  таҳсилот: дастовард, мушкилот ва чашмдошт бахшида, зикр намуд, ки ҷиҳати таъмини сифати таҳсилот иҷрои вазифаҳои зерини стратегӣ пешбинӣ шудааст: баланд бардоштани самаранокии системаи идоракунии таҳсилот, такмили  маҳорати касбӣ ва таъмини кадрии баландтахассус. Мавсуф дар хусуси мушкилоти мавҷуда қайд кард, ки дар сатҳи нокифоя қарор доштани таъмини молиявию иқтисодии соҳаи маориф, аз ҷумла, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо назардоштӣ афзудани нарху навои маводи таълимӣ дар шароити гузариш ба таҳсилоти босифат, норасоии кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, заминаи  сусти моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, сатҳи пасти худомӯзии омӯзгорон, нарасидани ҷойи нишаст дар таълимгоҳҳо, кам будани адабиёти зарурӣ оид ба муносибати босалоҳият ба таълим барои ҳамаи зинаҳои  таҳсилот, истифодаи нокифояи технологияи муосири таълим, таваҷҷуҳи кам зоҳир намудан ба ҷалби хонанда ба ташаккули қобилиятҳои тафаккурӣ: таҳлил, муқоисаи факту далелҳо, мустақилият ва эҷодкорӣ, пайвастани донишҳои назариявӣ бо амалия ва ғайра ба татбиқи раванди донишандӯзии хонандагон ва сифати таҳсил таъсири манфӣ мерасонанд.

Сармутахассиси шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми кишвар Б.Нодиров перомуни мавзӯи «Омилҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ» изҳор дошт, ки ташкили раванди таълим, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, сифати ташкил ва гузарондани ҷараёни таълим, таъмини молиявии соҳа аз омилҳои асосӣ маҳсуб меёбанд. Омӯзишҳо нишон медиҳанд, дар муассисаҳои таълимие, ки хонандагон аз муассисаҳои томактабӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, сатҳу сифати дониш назар ба хонандагоне, ки аз оила ба мактаб меоянд, баландтар аст. Ба сифати таҳсил ҷалби хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ низ нақши муассир гузошта метавонад. Фаро гирифта шудани хонандагон ба ин муассисаҳо ва беҳтар намудани заминаҳои моддию техникии онҳо аз аҳамият холӣ нест. Мудири кафедраи методикаи таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии ДҶТИБКСМ Заррина Норова ба масъалаи такмили ихтисос ва сифати таҳсилот дахл карда, зикр намуд, ки натиҷаи мониторинги сифати курсҳои такмили ихтисос бозгӯйи он аст, ки қисми зиёди  омӯзгорон ғайриихтисос буда, маҳорату малакаи хонандагонашон қаноатбахш намебошанд. Омӯзгор бояд дарк кунад, ки фаъолияти ӯ дар курсҳои такмили ихтисос аз тарафи маъмурияти таълимгоҳ ва масъули кабинети методии ноҳия ё шаҳре, ки ӯро ба курс фиристодааст,  ҷиддӣ назорат карда  мешавад. Тибқи таҳлил ва арзёбии оморӣ, омӯзгоре, ки собиқаи 45-солаи педагогӣ дорад, бояд 9 маротиба аз курсҳои такмили ихтисос гузарад.

Ассистенти кафедраи фарматсевтӣ ва химияи  заҳршиносии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Абдухолиқ Азаматов дар мавзӯи «Ҳамбастагии байни фаслҳо дар омӯзиши фанни химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ барои ташаккули салоҳияти фаннии фарматсевт ва модели назариявии омӯзиши касбии он» ва унвонҷӯйи ПРМ ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ  Рухсора Окимшоева оид ба масъалаи методҳои фаъоли таълим дар ташаккули дониши хонандагони синфҳои  ибтидоӣ маърӯза карданд.

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш