Нашрияи Омӯзгор

Амалҳои номатлубро пешгирӣ бояд кард

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 71        Шарҳ: 0

 

-Ба ҷинояту ҷинояткорӣ даст задани наврасону ҷавонон яке аз мушкилиҳои асосии ҷомеаи кунунии мо маҳсуб меёбад, - гуфт Фотима Шерализода, коршиноси соҳаи маориф. Мавсуф илова намуд, ки дар самти пешгирии наврасон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва даст задан ба амалҳои номатлуб корҳои зиёде анҷом дода шудааст, аммо ҳамоно мушкилӣ пурра ҳалли худро пайдо намекунад.

Ба иттилои масъулини соҳаи маорифи вилояти Хатлон, дар моҳи феврали соли 2020 30 ҳолати содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон дар 25 шаҳру навоҳӣ ба қайд гирифта шудааст. Даст задани наврасон ба ҷинояткорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 5 ҳолат зиёд мебошад. Ҷиноятҳои содиршуда аз тарафи 26 нафар ноболиғ ба қайд гирифта шудаанд. 16 нафари навраси ҷиноятсодиркарда мактабхон буда, 10 нафари дигари онҳо аз таҳсил дур мондаанд.

Гуфта мешавад, ки зиёдшавии ҷиноят дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар – 3 ҳолат, Левакант – 1, Ҷ.Балхӣ - 3, Ҷайҳун – 1, Норак - 1, А.Ҷомӣ – 2, Ёвон – 1, Кӯлоб – 2, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 2, Муъминобод – 2, Фархор - 1 ҳолатро дар бар мегирад.

Дар робита ба ин, иттилоъ дода шуд, ки моҳи феврали соли 2020 раёсати маорифи вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаҳои маориф, бахшҳои ҳуқуқи кӯдак ва ШВКД-и шаҳру ноҳияҳои вилоят 878 суҳбату вохӯриҳо гузаронид. 575 вохӯрӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, 71 вохӯрӣ дар маҳалли зисти ноболиғон, 41 семинару машварат, 294 амалиёт дар бозорҳо ва марказҳои компютерӣ гузаронида шудааст.

 

С. АЗИЗӢ ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш