Нашрияи Омӯзгор

Семинари муфид

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 81        Шарҳ: 0

 

Бо ташаббуси филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар литсейи давлатии ноҳияи Шаҳритус семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он 35 омӯзгори таърих ва ҳуқуқи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи мазкур ширкат намуданд. Иштирокдорони семинар оид ба ҷанбаҳои муҳимми муносибати босалоҳият ба таълим, сохтори дарс, усулҳои омӯзиши муносибати босалоҳият, саводи расонаӣ ҳамчун ҷузъи муҳимми салоҳияти коммуникатсионӣ донишу маълумоти муфассал гирифтанд.

Дар назар аст, ки то оғози соли таҳсили оянда кулли омӯзгорони таъриху ҳуқуқи мактабҳои ноҳияи Шаҳритус ба ин гуна семинарҳо фаро гирифта мешаванд.

Аъзам Бобоев,

рӯзноманигор 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш