Нашрияи Омӯзгор

Либоспӯшӣ фарҳанги волост

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 95        Шарҳ: 0

 

Ҳар нафаре, ки гӯшаю канори кишварҳои оламро дидааст, ба хулосае меояд, ки либоси миллии бонувони тоҷик беҳамтост. Дар дунё кам андар кам миллатҳое ҳастанд, ки бонувонашон чунин либоси шинаму зебо доранд.

Бонувони тоҷик, аз ҷумла, дар Бадахшон, аз замонҳои қадим ба ҳифзу такмили либоси миллӣ аҳамиятӣ ҷиддӣ медоданд. Дӯзандагони либос ҳамчун тарроҳони мардумӣ низ маҳсуб меёфтанд. новобаста ба он, ки дар даврони гуногун матоъҳо он қадар сифати баланд надоштанд, аммо ҳунармандони чирадаст либосҳои зебою шинам медӯхтанд. Бо он либосҳои миллӣ, ки ҳунарпешагони Бадахшон, ба вижа фарзандони рӯшонзамин вориди саҳна мешаванд, дар толор аллакай садои кафкӯбӣ баланд мегардад. Ин шаҳодати он аст, ки либос эътирофи умумимиллиро соҳиб гардидааст. Куртаҳои аз атласи миллӣ дӯхташуда ба занону духтарони Бадахшон ҳусни даҳчанд зам менамояд. Ҳусни тоқиҳои помирӣ беҳамтост, онҳо на танҳо ба хонумҳои тоҷик, балки ба аврупоиён низ ҳусни тозаеро мебахшанд.

Чӣ дар даврони Шӯравӣ, чи дар замони истиқлолият бонувони Бадахшон ҳамеша озода либос мепӯшиданд, зеро либоспӯшӣ фарҳанги волои инсонӣ маҳсуб меёфт. Дар иддае аз мавзеъҳои ҷумҳурӣ бонувон ба либоспӯшии бегона тақлид мекарданд, занону духтарони Бадахшон ба ин амал ҳеҷ гоҳе рағбат надоштанду сиёҳпӯшӣ намекарданд. Ҳамеша куртаи сафед мепӯшиданду дар сар рӯймоли сафед доштанд.

Хушбахтона, имрӯз ба ҳамлаҳои аждаҳои ҷаҳонишавӣ, ки муродаш нобуд гардонидани фарҳангу забони халқияту миллатҳои кӯчактар аст, бонувони Бадахшон ба ҳифзи либосҳои миллиашон эътибори ҷиддӣ медиҳанд.

Ҳамзамон, кам бошанд ҳам, бонувоне ҳастанд, ки бо либоспӯшии хеш фарҳанги волои миллиро доғдор мекунанд. Чун ба иддае аз бонувон дучор меоед, гумон мекунед, ки дар кӯчаҳои кадоме аз кишварҳои Аврупо қадам мезанед. Либоси пӯшидаашон тарзе аст, ки ба фарҳанги миллати мо ягон шабоҳате надорад.

Умуман, дар зиндагӣ ҳар як чиз қонуни навиштаю нонавиштаи худро дорад ва мо бояд ғуломи он бошем. Аз ҷумла, дар либоспӯшӣ ҳам, ки он як рукни фарҳанги миллӣ ва ҳам фахри мост. Модоме чунин ҳаст, мо ҳуқуқи поймоли онро надорем. Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон бахшида ба Рӯзи модар таъкид карда буданд: «Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарони мо метавонад ба рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад».

Дар ҳақиқат, ҳамин тавр аст. Бонувони Бадахшон бояд ин муқаддасотро ҳифз намоянд, зеро он моли ниёгони мост, ки таърихи ҳазорсолаҳо дорад. Бубинед, ҳангоме дар ҷашнҳои гуногун, ки бонувон бо либосҳои миллӣ ширкат маварзанд, онҳо дастагулҳоро мемонанд. Саҳна ба лолазор табдил меёбаду як муҳити зебое рӯи кор меояд. Он қадар муҳити зебою дилрабо тавлид мегардад, ки шахс аз тамошояш сер намешавад. Ҷаҳонгардону меҳмонони кишварҳои бурунмарзӣ, ки дар ин маъракаҳо иштирок мекунанд, маҳз аз тамошои ин дасттагулҳо ҳаловат мебаранд.

Сатҳи либоспӯшӣ, қабл аз ҳама, марбути тарбияи хонаводагӣ аст. Дар кадом сатҳе, ки тарбияи хонаводагӣ бошад, либоспӯшӣ дар ҳамон сатҳ ҷараён мегирад.

Иддае бар онанд, ки ин мӯд тақозои замон аст. Бале, ҳамқадами замон будан шарт ва ҳатмист, аммо ин маънои онро надорад, ки шахс аз муқаддасоти миллиаш рӯй гардонаду либоси бегонаро ба бар кунад. Бо ҳамин аз либоси миллӣ чизе боқӣ намемонад.

Ягона роҳи эҳёи либоси миллӣ ин тарғиби он аст. Агар ҳунарпешагон дар саҳнаҳои хурду калон бо либоси миллӣ ба саҳна бароянд, маҳбубияти он бештар мегардад, зеро ҷавонон ба ҳунарпешагони шинохта пайваста пайравӣ мекунанд.

Калиди асосии кушодани ин дарвоза дар дасти модарон аст. Онҳо бояд аз хурдсолӣ меҳри либоси миллиро дар замири духтарон ҷо диҳанад, то фардо боиси маззамати атрофиён нагарданд. Вақте духтар пагоҳӣ аз хона мебарояд, модар бояд ба сар то пои ӯ зеҳн монад, ки дар либоспӯшӣ дар ҷое саҳв набошад.

Ба ин хотир, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои толибилмони муассисаҳои таълимӣ либоси махсуси мактабӣ ва ба омӯзгорону кормандони техникии мактаб либоси расмӣ тавсия додааст.

 

Лутфишоҳи ДОДО,

адиб ва рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш