Нашрияи Омӯзгор

Мешукуфад Тоҷикистон бештар!

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 114        Шарҳ: 0

 

Ҳар инсоне, ки  бо хислатҳои ҳамида, бо зевари  одоби ахлоқи хуҷаста ва бо сиришти наку ороста мешавад, тамоми ҳастияшро барои хидмат ба халқи азизи хеш мебахшад ва ба арзишҳои умумибашарӣ арҷ мегузорад, ба шахсият табдил меёбад.

Чунин ашхос манфиатовари ҷомеа мебошанд ва мекӯшанд, ки дар ҳама омоли хеш манфиати миллат ва Ватани маҳбубро дар мадди аввал гузоранд. Ватандӯстӣ асос бар ифтихори миллӣ дорад. Шахсе ки дорои ифтихори миллист, дар ҳама гуна ҳолат, новобаста аз шебу фарози зиндагӣ ва барору нобарориҳо, бо Ватан мемонад, ба миллат садоқат зоҳир менамояд. Тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ дар адабиёту дар таърихи халқи тоҷик решаҳои амиқу бостонӣ дорад. Дар «Авасто» ватандӯстӣ ва ифтихор аз миллату халқи худ ҳамчун хислати волою писандида тавсиф мешавад. Ин мавзӯъ дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ мавқеи васеъ ва чашмгир дарёфтааст. «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ҳамчун манбаи бузурги ғояҳои олии ватандӯстӣ шинохта шудааст ва муҳаққиқон бар он назаранд, ки шоири тавоно ин асари бузурги ҳамосавиашро, пеш аз ҳама, бо ҳадафи таҳрик бахшидан ба ҳисси ватандӯстии оммаи васеи халқ ва ҷонфидо будан дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ офаридааст. Воқеан ҳам, «Шоҳнома»-и безавол ба ворисони мо барои мубориза бар зидди аҷнабиён ва душманони тороҷгар хидмати хеле бузургу таърихӣ намуд ва то имрӯз ҳамагонро ба ватандӯстию миллатпарастӣ даъват месозад. Аз ҷумла, ин шоҳбайти Фирдавсӣ садсолаҳост, ки шиору ҳидоятгари ҳамагон дар ҷодаи ватандӯстӣ гардидааст:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан

диҳем,

Аз он беҳ, ки  кишвар  ба

душман диҳем.

Ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ барои бисёр пирӯзиҳо заминагузор мешаванд. Дар муҳликтарин марҳилаҳои ҳаёти ҳар халқ маҳз ғояи ватандӯстӣ аҳли миллатро ба ҳам меорад, аз ҳама гуна аҳдофи нопоки бадхоҳон ва ҳамлаҳои  беруна ватанро ҳифз менамояд. Ҳамин  ғояи воло буд, ки  дар солҳои 90-уми асри гузашта кишвари тозаистиқлоли мо аз банди даргириҳои шадиду пурихтилоф вораҳид, хавфи  парокандашавиро барҳам дод, қомат рост карду Ватан обод намуд. Дар ин  давраи пур аз талошҳову манифатхоҳиҳо ва ғаразу даргириҳо халқи заҳматкаши тоҷик бори дигар собит кард, ки Ватани азизи худро самимона дӯст медорад, аз он ифтихор менамояд ва ҳаргиз  намегузорад, ки покмарзи аҷдодиаш ҷавлонгаҳи бегонагон гардад. Агар ифтихори миллии тоҷикон дар сатҳи баланд намешуд, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият бисёр гарон мебуд. Ин нуктаи бағоят муҳим ва бебаҳсро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ борҳо таъкид кардаву тавзеҳ бахшидаанд. Ба ифодаи Сарвари кишварамон, ватандӯстӣ аз дӯст доштани ҳар пора марзи мамлакат, аз меҳр варзидан ба ҳар  гулу гиёҳ, аз эҳтироми ҳар як шаҳрванди диёр оғоз меёбад. Ба масъалаи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2019) низ дахл карда, аҳли ҷумҳуриро бори дигар ба ҳифзи аркони истиқлолият ва пос доштани анъанаҳои неки ниёгон даъват бинмуданд. Сарвари кишвар таъкид карданд, ки барои ватандӯсти ҳақиқӣ будан ва дар ниҳод ҳисси баланди ифтихори миллӣ парваридан бояд, пеш аз ҳама, аз таърихи халқи худ огаҳ буд, зеро «Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ» мебошад. Президенти мамлакат иброз доштанд, ки: «Рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад». Пешвои миллат ҳамбаста ба ин масъала дастур доданд, ки бо ҳадафи бештар боло бурдани сатҳи худшиносию ифтихори миллӣ ва ватандӯстии сокинони ҷумҳурӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон китоби «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров бо теъдоди зиёд чоп ва ба ҳар як  хонадони мамлакат дастрас карда шавад. Ин тадбири беназир ва хеле ватандӯстонаву миллатпарварона аст ва бешубҳа, ба бештар неру гирифтани ҳисси ифтихори миллии тамоми сокинони ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.

Матлуба Носирова,

номзади илми тиб, дотсенти

ДДТТ ба номи

Абӯалӣ ибни Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш