Нашрияи Омӯзгор

Саразм – муаррифи оғози тамаддун

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 260        Шарҳ: 0

 

(Охираш. Аввалаш дар

шумораҳои гузашта)

Нахусткашшофи Саразм – Абдуллоҷон Исҳоқов

Ифодаи мазкур, ки иборат аз чаҳор калима асту мо онро ба ҳайси унвони қисмати хотимавии навиштаҷоти хеш пазируфтем, дар рӯйи ҳавлӣ–қароргоҳи ҳафриётгарон (воқеъ дар мамнуъгоҳи Саразм), дар пояи аз санги мармар сохташуда, ки болояш нимпайкари муҳаққиқи аввалини Саразм Абдуллоҷон Исҳоқовро гузоштаанд, ҳаккокӣ карда шуда, дар зераш чунин рақамҳо низ сабт гардидааст: 1935-1997.

Ин рақамҳо ифодагари соли таваллуд ва вафоти муҳаққиқи маъруфи археологияи Тоҷикистони азизи мо - Абдуллоҷон Исҳоқов буда, гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки номбурда ҳамагӣ 62 сол ҳаёт ба сар бурдааст, ки барои ӯ барин ашхоси фидоии касбу ҳунари хеш, воқеан ҳам, чунин синну сол ҳеҷ аст.

Агар А.Исҳоқов дар ҳаёт мебуд, соли 2020 расо 85 - сола мешуду шояд зодрӯзашро ба хотири хизматҳои баҳри рушди илми бостоншиносии тоҷик кардааш дар миқёси Тоҷикистон бо тантанаву шаҳомати хосса пешвоз мегирифтанд. Хушбахтона, дар арафаи соли нави мелодӣ, 19 декабри соли 2019 аз тарафи раёсати Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Анҷумани илмӣ–амалии байналмилалӣ, ки таҳти унвони «Ёдгории Саразм ва маданияти асри биринҷӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор ва фаъолияташ дар 7 бахш ҳаллу фасл гардид, ки бахши 6-уми он таҳти унвони «Абдуллоҷон Исҳоқов - кошифи Саразми бостонӣ» гузаронида шуд. Маҳз тибқи баррасии маърӯзаҳои дар бахши мазкур қироатгардида ба ҳозирин оид ба зиндагинома ва фаъолияти илмию амалии Абдуллоҷон Исҳоқов, ки бо хизматҳои шоёнаш қудрату тавоноии олимон-ҳафриётгарони тоҷикро дар миқёси байналмилалӣ, бахусус, тавассути кашфи Саразми аҳди қадими ниёгонамон маълуму машҳур намудаас-ту дар ин ҷода худи ӯ яке аз аввалинҳост, маълумоти мушаххасу рӯҳафзо пешниҳод карда шудааст.

Инак, месазад, ки авроқи зиндагиномаи ӯро чанде пеши рӯ оварем, то ки зимни чунин иқдом шахсияти ин сарсупурдаи илми бостоншиносии тоҷик, ки асоси хизматҳои ӯ дар саҳифаҳои боло сабти худ-ро ёфтаанд, дар назари хонандаи гиромӣ боз ҳам рӯшантар ҷило диҳад.

Абдуллоҷон Исҳоқов 25 апрели соли 1935 дар деҳаи Чилгазии ноҳияи Исфара дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфта, пас аз хатми мактаби ҳафтсолаи деҳаи худ, соли 1954, омӯзишгоҳи педагогии Конибодом ва соли 1958 факултаи таърихи Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ)–ро хатм намуда, бо роҳхати Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш ба сифати лаборант-коромӯз ба пойгоҳи навтаъсиси бостоншиносии шаҳри Панҷакент фиристода шудааст.

Дар Панҷакент он солҳо пойгоҳи навтаъсиси ходими илмии Институти таърихи маданияти моддии шаҳри Ленинград, профессор Александр Маркович Беленитский сарварӣ мекардааст, ки лаёқату дониши баланди назариявӣ доштани А.Исҳоқовро дарк намуда, ӯро ба шогирдии хеш пазируфтааст. Монда нашуда, ҳатто, баъзан то фаро расидани торикӣ дар хандақҳои биноҳои V,VII,XVII ва XX–уми Панҷакенти қадим ба кофтукову ҷустуҷӯҳо машғул гардидани А.Исҳоқов, бахусус, бозёфтҳои нав ба нави ӯ на танҳо устоди хеш, балки борҳо ҳампешагони худ–бос-тоншиносони ботаҷрибаро ҳам рӯҳбаланд менамудааст. Маҳз ана ҳамон натиҷаҳои хуби кори А.Исҳоқовро устодаш А.М. Беленитский дидаву мушоҳида намуда, соли 1965 бобати мустақилона гузаронидани ҳафриёт дар куҳандиз–қасри ҳокимони Панҷакенти қадим дастур дода, ҳамзамон, ба ӯ мавзӯи «Куҳандизҳои аввали асримиёнагии шаҳрҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон»-ро ба ҳайси рисолаи номзадӣ тавсия намудааст. Таълифи рисолаи мазкурро А.Исҳоқов дар соли 1971 ба итмом расонида, соли 1972 дар Шӯрои ҳимояи диссертатсияҳои АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намудааст.

Абдуллоҷон Исҳоқов тайи солҳои 1973-1977 дар ҳафриётҳои чандин ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, ба бозёфти зиёда аз 20 ёдгории акнофи деҳоти Панҷакент муваффақ шуда, дар он ҷойҳо ба ҳафриёти археологӣ машғул ва тадқиқот гузаронида, барои таълиф намудани рисолаи доктории хеш дар мавзӯи «Саргаҳи Зарафшон–дар давраи энеолит ва биринҷӣ» омодагӣ гирифта, онро дар доираи маърӯзаи илмӣ моҳи майи соли 1992 дар Шӯрои диссертатсионии Институти таърихи маданияти моддии АИ Федератсияи Россия таҳти овоздиҳии якдилона дифоъ намудааст.

Тавре ёдрас намуда будем, дар тирамоҳи соли 1976 бо як хабари иштирокчии Ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ Ашӯралӣ Тайлонов, ки зимни он дар Саразм маҳфуз будани ёдгориҳои аҳди қадими ниёгонамон, ки зиёда аз 5500 сол қабл аз эраи мо зиндагӣ ва ҳаёт ба сар бурдаанд, (тавре ки дар мақолаи Нозукой Исҳоқова - ҳамсари А.Исҳоқов омадааст), дар ҳаёти бостоншиносии А. Исҳоқов он рӯз ҳамчун «гардиши бузург» маҳсуб ёфта будааст (Ниг.: Абдуллоҷон Исҳоқов–нахустмуҳаққиқи тамаддуни Саразм.–Душанбе, 2015, саҳ.17) ва чунонки дар боло ҳам зикр карда будем, худи мавсуф (А. Исҳоқов) он рӯзро «рӯзи фаромӯшнашавандаи ҳаётам» гӯён ба қалам додааст («Саразм…», саҳ.14). Мо дар ин хусус ва асоси натиҷаҳои аз ҳафриётҳои дар Саразми бостонӣ гузаронидашуда, ки дар тайи зиёда аз 40 сол ба даст омадааст, дар фавқ маълумотҳоро қисман мухтасар ва баъзан батафсил баррасӣ намудаем, ки ҳоло муаррифӣ намудани он ҳама мазмуну мундариҷаи навиштаҷоти мазкурро танҳо мекоҳонаду бас.

Аммо бояд иқрор шуд, ки хизматҳои Абдуллоҷон Исҳоқов баҳри маъмулу маъруф намудани ёдгориҳои аҳди қадиматарини ниёгонамон, ки дар зери хоки заминҳои Саразм маҳфуз монда будаанду алҳол ҳамтояш, ҳатто, дар Осиёи Марказиву дигар қитъаҳои олам пайдо нашуда будааст, басо ибратомӯзу шоистаи ҳар гуна таҳсину офарин аст. Ӯ аз он ки бори аввал, соли 1976, дар Шӯрои олимони Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни маърӯзаи ҳангомабарангези хеш аз эҳёи Саразми бостонӣ ва дурнамои он гузориш дода, ҳозиринро зимни далелҳои қотеъ бовар кунонидааст, ки ёдгориҳои аз Саразм ёфтшуда ба ҳазорсолаҳои III ва 1 қабл аз мелод мутааллиқанд, баъдан, то поёни умри хеш (соли 1997) низ бобати пажӯҳишҳои ҳафриётгарон дар Саразм ва натиҷаю хулосабарорӣ аз он ҳамаро дастраси умум, пеш аз ҳама, олимони ховаршинос ва бостоншиносону антропологҳо намудан солҳои тӯлонӣ ҷаҳду ҷадал намудааст. Аз ҷумла, танҳо дар иртибот ба ёдгориҳои Саразму бозёфтҳои аз он ҷо ёфтшуда А. Исҳоқов дар 15 анҷумани байналмилалии давлатҳои гуногун бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои пур аз далелҳои қотеона баромад карда, дар он ҳама таваҷҷуҳи аҳли нишастро ба ин мӯҷизаи асри XX, ки кашшофи бевоситаи он худи ӯст, ҷалб намудааст. Зиёда аз 180 навиштаҷоти илмӣ, илмию оммавии Абдуллоҷон Исҳоқов дар нашрияҳои гуногуни Тоҷикистон ва хориҷи кишвар нашр гардидаанд, ки аз ин теъдод 7-тоаш монография буда, миёни онҳо китоби «Саразм–оғози тамаддуни тоҷикон» бобати муаррифномаи ёдгориҳои Саразми бостонӣ нақши боризро дорост.

Бояд таъкид намуд, ки дар иртибот ба зиндагинома ва пажӯҳишҳои илмии А. Исҳоқов аз тарафи олимони ҳаммаслаку ихлосмандон низ тавассути нашрияҳои гуногуни Тоҷикистон ва давлату ҷумҳуриҳои ҳориҷи кишвар зиёда аз 95 мақолаи дорои маълумотҳои пурмуҳтаво таълиф шудаанд, ки дар он ҳама, асосан, заҳматҳои тӯлонӣ ва бобарори А. Исҳоқов эътироф ва қадршиносӣ гардидаанд.

Ба фаъолияти илмию амалии ин бостоншинос ва пешоҳанги археологҳои дирӯзу имрӯзи тоҷик аз зумраи олимон – муҳаққиқони соҳа А.Исҳоқов ашхоси воломақом, аз қабили Бобоҷон Ғафуров, А.М. Беленитский, В.М. Массон, М.С. Осимӣ ва чандин бос-тоншиносони хориҷи кишвар ҳақиқатнигарона баҳои баланд дода, кашфиёти нодир будан ва дар миқёси ҷаҳон арзиши беҳамто доштани ёдгориҳои Саразмро аҳлона эътироф намудаанд, ки гуфтаҳои баъзе аз ин муҳаққиқонро барои тасдиқи фикри хеш пештар аз ин ба ҳайси далелҳо оварда будем.

Ногуфта намонад, ки А. Исҳоқов, ҳамчун мутахассиси соҳаи хеш, дар тарбия ва ҳидоят намудани як зумра ҷавонони болаёқат, аз қабили Усмон Эшонқулов, Саидмурод Бобомуллоев, Абдурауф Раззоқов, Шарофиддин Қурбонов, Ҷамшед Исҳоқӣ саҳми босазои худро гузоштааст, ки имрӯз онҳо ҳамчун шогирдони варзида, бешубҳа, давомдиҳандагони кору фаъолияти мавсуф буда, зимни корҳои илмию амалӣ, баҳри шод намудани арвоҳи устоди худ, монда нашуда дар ҳафриёти Саразми бостонӣ ва Панҷакенти қадим кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Хизматҳои арзишманду мондагори доктори илмҳои таърих, профессор Абдуллоҷон Исҳоқов соли 1970 бо медали ҷашнии «100-солагии В.И.Ленин» ва медали «Ветерани меҳнат» қадршиносӣ шудааст. Ҳоло ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арафаи ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ қарор дорад, арзанда ва боиси ифтихори халқи Тоҷикистон мебуд, агар хизматҳои ин бостоншинос, археолог, муҳаққиқи аввали Саразми бостонӣ Абдуллоҷон Исҳоқов бо яке аз мукофотҳои олии Ватанамон –Тоҷикистони азиз қадр карда шавад.

 

Саидбой  Шербоев,

узви вобастаи АТТ,

доктори илмҳои педагогӣ, профессори ДДЗТ

ба номи С.Улуғзода

 

(Матни пурраи ин рисола дар шакли катоби алоҳида ба нашр мерасад)


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш