Нашрияи Омӯзгор

Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон 

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 152        Шарҳ: 0

 

Тарбияи насли ояндаи миллат дар рӯҳияи созанда, бунёдкорӣ, ҳисси хештаншиносию ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва мероси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ, баҳрабардории ҳарчӣ бештари кӯдакону наврасон аз дастовардҳои илмию техникӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва фарҳанг ба шумор меравад. 

Барои ҷалби бештари хонандагон ба омӯзиши фанҳо китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ  мавқеи муҳим доранд. Китобхонаи мактаб барои инкишофи иқтидори эҷодӣ ва зеҳнии кӯдакон шароити созгор фароҳам меорад. Ҳаминро ҳам бояд таъкид намуд, ки вазифаи китобхона танҳо таъмин, тарғиб ва нигоҳдории китоб нест. Дар он ба ҷуз китоб рӯзнома ва маҷаллаҳои гуногун нигоҳдорӣ мешаванд. Онҳоро  ҳамчун маводи иловагӣ барои хондан ва рушди малакаҳои хониши кӯдакон истифода кардан мумкин аст.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи USAID - «Ҳамроҳ бихонем» тасмим гирифтанд, ки китобдорони муассисаҳои таҳсилоти  умумиро  ба омӯзиш фаро гирифта, ба ин восита онҳоро  бо роҳу усулҳои муосири фаъолияти китобдорӣ  шинос намоянд. Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» дар ҳамкории қавӣ ва шарикии устувор бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 75 % - и омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва китобдоронро  ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта, ба ин васила маҳорату малакаҳои хонандагони синфҳои ибтидоии таълимашон бо забони тоҷикӣ ва русиро беҳтар менамояд.

Қобили зикр аст, ки чорабиниҳои оммавӣ дар самти тарғиби китоб, ҷалб намудани хонандагони нав, инкишофи нутқ ва фикрронии таҳлилии онҳо, тарбияи ҳисси эҳтиром нисбат ба китоб аҳамияти бағоят бузург дорад. Яке аз чунин чорабиниҳои манфиатбор барои насли наврас   Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» мебошад, ки ҳамасола дар саросари кишварамон баргузор мешавад.     

Имсол низ бо мақсади тарғиби китобу китобхонӣ тибқи нақшаи фаъолияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсату шуъбаҳои  фарҳанг ва маорифи мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо иштироки аҳли илму адаб дар саросари ҷумҳурӣ    аз 2 то 9 – уми апрели соли ҷорӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону  наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Тараннумгари сухан» баргузор мегардад.

Ҳадаф аз баргузории  фестивал  ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин восита дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад. Бояд гуфт, баргузории ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки тавассути шиносоӣ бо вазъи китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ аҳли илму адаби кишвар ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ роҳу воситаҳои боз ҳам муассири замонавии тарғиби китоб ва дигар маводи иттилоотиро дар байни кӯдакону наврасон дарёфт намоянд. Ба ин васила, дар раванди ташаккули ҳисси ифтихор аз забону миллати хеш саҳм гузоранд ва бо ҳидояти каломи бадеъ насли наврасро ба сӯйи бунёдкориву  созандагӣ раҳнамун  созанд. Ба василаи ин ҳамоиш бачаҳо бевосита бо адибон – муаллифони китобҳо аз наздик вохӯрда, тавассути саволу ҷавоб аз коргоҳи адабии  онҳо   шинос мешаванд.   

 

Сайфиддин КАМОЛЗОДА,

мудири шуъбаи таҳсилот ва технологияи  педагогии АТТ,  номзади илми педагогӣ, 

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш