Нашрияи Омӯзгор

«Табассум»-и дилкаш

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 83        Шарҳ: 0

 

Солҳои охир дар ҷумҳуриямон ба фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ҳар чӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Дар заминаи барномаҳои махсуси давлатӣ теъдоди чунин муассисаҳо дар саросари кишвар ҳамвора рӯ ба афзоиш аст. Хушбахтона, аз ин лиҳоз пойтахти мамлакатамон – шаҳри Душанбе дар сафи пеш қарор дорад. Ин ҷо ҳам шумори кӯдакистонҳо зиёд асту ҳам сатҳу сифати таълиму тарбия дар онҳо баланд мебошад. Бисёр кӯдакистонҳои пойтахт-ро метавон ҳамчун муассисаи намунавӣ ва манбаи омӯзиши таҷрибаи судманд муаррифӣ намуд. Кӯдакистони рақами 7-и шаҳри Душанбе, ки «Табассум» ном гирифтааст, дар шумори чунин муассисаҳои томактабист.

Муассиси ин кӯдакистон Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурист ва аз ин рӯ, дар он бештар фарзандони коргарони бахшҳои гуногуни ин вазорат ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Солҳои зиёдест, ки омӯзгори фаъолу соҳибтаҷриба ва навовар Сурайё Ғаффорова ҳамчун мудири кӯдакистони «Табассум» кор мекунад ва пайваста бар он мекӯшад, ки дар кӯдакистон сатҳи таълиму тарбия баланд бошаду хурдтаракон ба ғамхории ҳаматарафа фаро гирифта шаванд. Дар муассисаи мазкури томактабӣ ба тартибот, тозагӣ, ороиш, таъминот бо таҷҳизоти зарурии аёниву техникӣ, риояи низоми кор таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир мешавад. Мураббиён бар он мекӯшанд, ки ҳар як машғулияташон бо кӯдакон шавқовару ҷолибу рангин бошад. Бону Муҳиддинова яке аз мураббиёни фаъолу соҳибмаҳорат ва эҷодкори кӯдакистон буда, байни ҳамкорон ва волидон эҳтироми зиёд дорад.

Мекӯшад, ки шогирдонаш ҳушёру зираку донояк бошанд, ҳамарӯза қобилияти суханронию зебоифаҳмию расмкашию сурудхонияшон такмил ёбад, қоидаҳои одоби ҳамидаро ҳар чӣ бештар аз худ намоянд, ба варзиш машғул шаванд ва дар иҷрои бозиҳои гуногуни муассиру шавқовари моҳияти тарбиявӣ дошта фаъол бошанд. Ҳарчанд таҷрибаи зиёд ва таҳсилоти олии педагогӣ дорад, ҳаргиз аз бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фориғ намешавад ва мақоли «Умре бизӣ, умре биомӯз»-ро шиори зиндагияш пазируфтааст. Ёвараш дар баргузории машғулиятҳо Муслима Самиева низ мураббии соҳибтаҷриба асту беш аз 30 сол собиқаи корӣ дорад.

Муҳаббати ин мураббӣ низ ба кӯдакон хеле самимист ва аз ин рӯ, «модари меҳрубон»-и хурдтаракон гардидааст. Чун чорабиниҳои зиёди идона дар кӯдакистони «Табассум» ҷашни Наврӯз ҳам ҳафтаи гузашта дар сатҳи баланд ва рангину шавқовар баргузор гашт.

Дар ин ҷашн дар ҳузури меҳмонону волидон кӯдакони ин муассисаи томактабӣ бори дигар собит намуданд, ки ба таълиму тарбияи хуб фаро гирифта шудаанд ва пурдону қобилиятманданд.

Фотима ҲОҶИЕВА,

муаллимаи калони кафедраи

фалсафаи ДДОТ ба

номи С.Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш