Нашрияи Омӯзгор

Гулборон

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 92        Шарҳ: 0

 

Дар як гӯшаи саҳни мактаби деҳа садои хушҳолонаи тифлон шунида мешуд. Волидон тифлакони худро бори нахуст ба мактаб, ба синфи якум оварда буданд. Ба муаллим дастагулҳо ҳадя мекарданд.

Муаллим ин лаҳза худро хушбахттарин одами дунё ҳисоб мекард. Ҳар як падару модари кӯдаки синфи якум мехост фарзандашро маҳз ҳамин муаллим дарс диҳад. Волидон медонанд, ки ӯ муаллимест ҷону дилаш фидои кӯдак, фидои касби омӯзгорӣ. Дурӯғро намепазирад, фиребро чашми дидан надорад, хақиқатро мепарастад, ба қадри вақт мерасад, меҳнатро обрӯи инсон медонад. Чанде аз волидони дар атрофаш ҳоли ҳозир ҷамъшударо ҳам дарс додааст. Ӯ, ҳатто, ба Исроили гунг хондану навиштанро ёд дода тавонист. Исроил ҳоло ҷавонмарди оиладору фарзанддор буда, беовоз хонда ва навишта метавонад, хушахлоқу хушодоб буда, ҳунарҳои зиёде дорад. Ин волидон ба он сару кор надоранд, ки муаллим бо кадом роҳу усул дарс мегӯяду кадом таҷрибаҳои пешқадамро истифода мекунад. Барои волидон муҳим он аст, ки фарзандонашон босавод шаванд.

Ҳама медонанд, ки ӯ муаллимест варзида. «Табиатан бесавод»-ҳоро ҳам дарс дод, хондану навиштанро омӯзонд, босавод намуд. Онҳо то ба дараҷаи олимӣ расиданд, ба қавле «одам шуданд». Ҳама ба ҳунари муаллимии ӯ тан додаанд. Ба синфхонааш даромадан замон чӣ хел муаллим будани ӯ, муаллими ҳақиқӣ буданаш равшан зоҳир мегардад. Ҳама чиз  дар ҷояш. Асбобҳои аёниву китобҳо, мизу курсӣ, овезаҳо, ҳарфҳо, гӯшаҳо, тақвими «Обу ҳаво». Ҳар сол синфхонаашро ӯ аз ҳисоби худ таъмир мекунад. Инро ҳама медонанд.

  Дар ҳузураш ва дар ғайбаш ҳам дар хаққи ӯ бо некӣ сухан мекунанд. Шуҳрат намехоҳад, мукофот талаб намекунад. Ана, имрӯз —1 сентябр дар байни гулборони аҳли деҳа монданаш хуб обрӯст, хуб шуҳрат, хуб мукофот аст.

Дар озмуни ҷумҳуриявии телевизиони «Субҳ» - «Иншои шеър дар васфи модар» ҷои  аввалро гирифтану соҳиби мукофот гардидани шогирди синфи сеюмаш - Фирӯз барои ӯ аз тамоми мукофотҳо болост.

Ope, пиру ҷавони деҳа ӯро эҳтиром мекунанд. 49 сол боз ӯ бо як роҳ: хона-мактаб, мактаб-хона мераваду меояд. Ин роҳи кӯтоҳи пур аз хотираҳои аҷоибу ғароиб муаллимро бо тамоми ҷаҳон мепайвандад ба воситаи шогирдонаш, ба воситаи шогирдоне, ки рӯи paҳ кардааст. Шогирдони зиёдаш кормандони баобрӯи соҳаҳои гуногунанд.

Аз таҷрибаи кории омӯзгорияш мақолаҳои зиёде навиштааст, ки дар онҳо оид ба тарзи гузаронидани дарс, корбасти мавзӯъҳо, усули масъалагузорӣ, истифодаи аёният, интихоби ҳадаф ва шарҳу баён ибрози назар намудааст. Мақолаҳояш бештар дар нашрияи  «Омӯзгор» ва маҷаллаи «Мактаб» чоп шудаанд.

Рӯзноманигор Саидаи Фазл оид ба навиштаҳои ӯ дар мақолаи худ «Саҳлнигари мушкилҳо» («Омӯзгор», №9, 2017) меангорад: «Вақте навиштаи ӯро мегирем, басе хушҳол мегардем. Аввал ин ки навиштааш бисёр зебо ва хоност ва дувум бори маслиҳате дар худ дорад. …воқеан, устоди комилест.»

Дар ҳар як дарс санъатеро амалӣ месозад. Баъзе усулҳои дарси аҳди Шӯравиро бознигарӣ карда, бо усулҳои нав пайваст.

Чор маротиба дар озмуни «Муаллими сол» дар ноҳия ҷойи якумро гирифта, ду маротиба дар озмуни вилоятӣ  сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидааст. Устоди маъруф М. Лутфуллозода доир ба усули маҳорати омӯзгории ӯ дар мақолае менависад: «… Таълими ҳамгиро паҳлуҳои гуногун дорад ва як паҳлуяш ҳамон аст, ки худи шумо дар намунаи ду соат дарс овардед … Офарин!». Дар зиндагӣ ӯро мушкилиҳои зиёде пеш омад, аммо тарки муаллимӣ накард, ҷои кори сердаромад наҷуст. 

Соле чанд баъди нафақа аз мактаб дур монд, вале ишқи мактаб боз ӯро ба ин макон кашид. Ҳоло мудирии қисми таълимии муассисаро ба уҳда дорад.

Ду маротиба ба маҷлиси ноҳиявӣ вакили мардумӣ интихобаш карданд. Солҳои зиёде  раисии кумитаи маҳалларо ба уҳда дошт. Даҳҳо чашмаву раҳгузарҳо, майдончаҳо, кӯчаҳо бо ташаббусу роҳбарии ӯ ободу таъмир шуданд.

Муаллим дар партави Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ду гектар замин боғ бунёд намудааст, ки ин боғ ҳоло самар дода истодааст. Номбурда ҳунарҳои дигар ҳам дорад. Аз ҷумла, курчактарошӣ, қошуқтарошӣ, дуредгарӣ, сандалисозӣ. Маҳорати рӯпӯш кардани шифти хона, дуруст кардани пештоқи долон ва пӯшонидани болои хонаро дорад. Муаллим, инчунин, ҷавонмарду саховатманд аст. Рӯзе як ҳамдеҳааш аз ӯ  халтае гандум мепурсад. Муаллим дар хонааш гандум надошт, аз ин рӯ, аз дукони деҳа як халта гандум харида, ба шахси муҳтоҷ дод.

Кист ӯ? Мирзораҳим Азимов-омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби миёнаи рақами 8-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин. Соли 1971 омӯзишгоҳи омӯзгорӣ, соли 1987 шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм намудааст. Аз мароми зиндагиаш мепурсам.

-Меҳрубонӣ ба бачаҳо, ҳалол хӯрдану зистан, дурӯғ нагуфтан, аз дарс қафо намондан, ҳурмату эҳтироми шогирдро ба ҷо овардан, бадро бад, некро нек гуфтан, -кӯтоҳ  ҷавоб медиҳад ӯ.

-Аз чӣ  норизоед?

-Аз кам хондан. Аз он ки шогирди омӯзгор хондану навиштан наметавонаду аммо ӯ мукофот мегирад, дараҷаи тахассусӣ дораду баробари боистеъдодҳо ҳақ  мегирад.

-Аз кӣ  норозиед?

-Аз омӯзгоре, ки ба дарс бе тайёрӣ меояд.

Рашид ДАВЛАТОВ,

ноҳияи Шамсиддини Шоҳин


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш