Нашрияи Омӯзгор

Шавқи китобхониро бедор бояд кард

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 103        Шарҳ: 0

 

Бо мақсади огаҳӣ ёфтан аз вазъи китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ дар қаламрави шаҳри Кӯлоб ба фаъолияти онҳо шинос шудем. Дар соли таҳсили 2019-2020 раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб 8758 номгӯй китоби бадеӣ харидорӣ намуда, ба китобхонаҳои муассисаҳои таълимии шаҳр дастрас намудааст.

Муассисаи таълимии №11-и Ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб яке аз калонтарин муассисаи таълимӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур мебошад. Дар муассиса 68 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи 1034 нафар хонанда машғул мебошанд. Фонди умумии китобҳои дарсӣ ва бадеии китобхона 10 000 ададро ташкил мекунад, ки аз ин шумора 3200 ададаш китоби бадеӣ мебошад. Дар соли таҳсили 2019-2020 аз ҳисоби маблағҳои фонди муассиса 410 адад китоби нави бадеӣ харидорӣ шудааст. Бояд қайд намуд, ки имрӯз сафи аъзои китобхона аз ҳисоби омӯзгори муассиса хеле коста шудааст. Аз шумораи 68 нафар омӯзгори муассиса 10 нафар аъзои доимии китобхонаи мактабӣ мебошанду халос. Шумораи аъзои китобхона аз ҳисоби хонандагон ба 500 нафар мерасад, ки кам аст. Хатмкунандаи мактаби мазкур А. Раҳмонзода ба китобхонаи муассиса 500 нусха китоби бадеӣ ва ҳамчунин, директори муассиса С. Шомуродов 250 нусха китоби бадеӣ туҳфа намудааст.

Директори муассисаи таълимии №53 Б. Холматова моро бо вазъи китобхона шинос намуд. Фонди умумии китобҳои бадеӣ дар китобхона ба 3253 адад мерасад. Китобхона дар соли хониши 2019-2020 аз ҳисоби раёсати маорифи шаҳр 540 адад китоби бадеӣ гирифтааст. Тибқи варақаи хониши аъзои доимии китобхона 626 нафар хонанда аъзои доимии китобхона ва аз шумораи 88 нафар омӯзгор 40 нафар аъзои доимии китобхона мебошанд.

Дар муассисаи таълимии №6 (директораш Г. Мирзоева) ба фаъолияти китобдори муассиса аз тарафи маъмурияти мактаб аҳамияти лозимӣ дода намешавад, ин аст, ки китобҳо дар ҳолати ногувор қарор доранд. Фонди умумии китобҳои бадеӣ ба 671 адад мерасад, ки ин хеле кам аст. Китобҳо ҳар тараф паҳну парешон, маҷаллаҳои «Мактаб», «Маърифати Омӯзгор» ва ғайраҳо ғарам шуда, зери чангу хок хобидаанд. Мутаассифона, мудири китобхона ягон варақаи китобхонии омӯзгоронро нишон дода натавонист. Мудири китобхона ва китобдори муассиса вазифаи касбии худро намедонанд.

Китобхонаи муассисаи таълимии №27 (директораш З. Ёрмадова) хуб фаъолият дорад. Мудири китобхона Д. Холматова иброз дошт, ки фонди умумии китобҳои бадеӣ 2515 ададро ташкил мекунад. Дар муассиса толори китобхонӣ бо воситаҳои техникӣ ва аёнӣ таъмин буда, тамоми шароитҳои лозимӣ барои омӯзиши китобу дастурҳои методӣ баҳри омӯзгорону хонандагон муҳайё карда шудааст. Омӯзгорону хонандагон аз ин ҷо тамоми адабиёти заруриро дарёфт карда метавонанд. Дар китобхона гӯшаи осори адибони ҷаҳонӣ, адабиёти бачагона, адабиёти классики тоҷик ва муосир ташкил карда шудааст. Дар муассисаи таълимии №51 (директораш Н. Ҳақназаров) фаъолияти китобдори муассиса З. Азизова хуб буда, фонди умумии китобҳои дарсӣ ва бадеӣ 10500 ададро ташкил мекунад, ки аз ин 1800 ададаш китоби бадеӣ мебошад. Аз маблағи даромади боғи муассиса дар соли 2019 100 адад китоби бадеӣ харидорӣ шудааст.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш