Нашрияи Омӯзгор

Мутахассисони варзида дар саноат заруранд

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 509        Шарҳ: 0

 

Дар Паёми Пешвои миллат (26.12.2019) чунин зикр шудааст:

«Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, шакли нави ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3 баробар (аз 10 миллиард сомонӣ ба 27,5 миллиард сомонӣ) ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 5,1 банди фоизӣ (аз 12,6 ба 17,7 фоиз) зиёд гардидааст».

Системаи саноатикунонии ҳар як кишвар бояд тартиби мантиқӣ дошта бошад. Афзудани маҳсулоти кишоварзӣ ва ба он мувофиқ кардани системаи фаъоли корхонаҳои саноатӣ баҳри коркарди пурра дар дохили кишвар қадамҳои устувор баҳри тақвият додани саноат аст. Дар собиқ ҷумҳуриҳои ИҶШС зина ба зина ба кишвари саноатии бузург табдил ёфтан риоя гардидааст. Дар ИМА низ саноатикунонии кишвар дар ибтидои асри XX мушоҳида мешавад. Олмон нимаи якуми асри гузашта пас аз Ҷанги Якуми Ҷаҳон ба кишвари саноаташ азкормондаву иқтисодиёташ фалаҷ табдил ёфт, вале пас аз солҳои сиюм яку якбора тамоми инфрасохтори иқтисодӣ ба кор даромада, яке аз давлатҳои пурқуввати минтақа ва ҷаҳон ҳисобида шуд. Албатта, ин гуна таҷрибаҳо дар мисоли Ҷопон, Фаронса, Чин, Корея, Туркия, Эрон ва дигар давлатҳо ниҳоят зиёд дида мешаванд, ки пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳон бо роҳҳои гуногун рушди саноати худро таъмин карда тавонистанд. Ҳар яке саноатикунонии ба кишвару миллати худ хосро интихоб намуд. Масалан, Ҷопон бо равонакунии маблағҳои асосӣ барои омодакунии мутахассисони зарурӣ, Чин бо ташкили корхонаҳои хурди хусусӣ  ба саноатикунонӣ қадам гузоштанд. Дар кишвари мо зиёда аз 3500 намуди минералҳо мавҷуд аст ва бояд мо онҳоро бо технологияи муосири ҳозиразамон коркард намуда, ба ин васила барои саноатикунии кишварамон саҳми арзандаи хешро гузорем. Имрӯз дар ҷумҳуриамон муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон» фаъолият менамояд. Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон» дорои иҷозатномаи АУ №0002793 аз 13.06.2019 буда, таҳти рақами 3116 ба қайд гирифта шудааст. Муассиси коллеҷ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори он Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Коллеҷ фаъолияти худро дар асоси талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори  Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 01.03.2018, №94), Оинномаи таълимгоҳ ва дигар санадҳои ҳуқуқию меъёрӣ ба роҳ мондааст. Дар муассисаи таълимӣ айни замон аз рӯи ихтисосҳои геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, экологияи саноатӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, коркарди нафт ва газ, топография, истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок, тоза кардани канданиҳои фоиданок, истихроҷи конҳои маъдан ва истихроҷи канданиҳои ғайримаъдани фоиданок, таъминоти корхонаҳои саноатӣ бо барқ, ҳифзи муҳити зист ва оқилона истифода намудани сарватҳои табиӣ, ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат, ҳисобдор, хазинадор-назоратчӣ, ёрдамчии пармагар ва ҷустуҷӯи пармакунии чоҳ дар соҳаи нафту газ, ороиши сангҳои нимқимат ва қиматбаҳо ва ғайра мутахассисонро тайёр менамояд.

Инчунин, дар муассиса барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз кор фориғ (бекор), литсей ва коллеҷҳо қатъи назар аз синну сол, миллат ва маҳали зист дар асоси шартнома курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз рӯи ихтисосҳои топогеодезистҳо ва кори маркшейдерӣ, пармагари пармачоҳҳо, нақбкан, таркишгар, устои осиёби майдакунӣ, устои дастгоҳи ғалберкунӣ ва баҳисобгирии оморӣ дар корхонаҳои саноатӣ мутахассисонро тайёр менамояд.

Мувофиқи сохтор коллеҷ дорои 3 факулта,  1 шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 1 шуъбаи ғоибона, 11 кафедра буда, ба донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои амалкунандаи коллеҷ таълим дода мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки коллеҷ сол ба сол баҳри омодасозии мутахассисони самти саноати қӯҳӣ талош намуда дар раванди таълим усулҳои навро ҳамаҷониба ба роҳ мондааст. Айни замон донишҷӯён пас аз хатми коллеҷ ба корхонаҳои саноатию истихроҷии мамлакат тавассути роҳхат сафарбар шуда, кору фаъолият намуда истодаанд. Бо дастгирӣ ва талошҳои шабонарӯзии роҳбари муассиса, номзади илми иқтисод, дотсент Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ факултаи иқтисодиёти саноати қӯҳӣ соли 2018 бо панҷ ихтисоси нодир кушода шуд. Ин иқдоми роҳбари муассиса саривақтӣ буда, алалхусус, ҷавондухтаронро соҳибкасб намуда, барои корхонаҳои саноатӣ ва истихроҷи кишвар мутахассис тайёр менамояд. Пайваста омӯзгорон ва кормандони муассиса аз дастгирии насли ҷавон ва ҳидоятҳои хирадмандонаву созандагии Пешвои миллат ва роҳбарони вазоратҳои дахлдор шукргузор буда, баҳри омодасозии мутахассисони самти саноати кӯҳӣ талош намуда истодаанд.

Фирдавс ТОШОВ,

Миршариф МАҶИДӢ,                                                                                                   

Эҳсон МИРЗОЕВ,

Шервоншо БАНДИШОЕВ, 

омӯзгорони коллеҷи кӯҳии ба

номи С. Юсуповаи шаҳри  Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш