Нашрияи Омӯзгор

Такмили маҳорат меомӯзанд

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 135        Шарҳ: 0

 

- Шаш нафар омӯзгори муассисаи давлатии таълимии коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар ба Донишгоҳи Генти Шоҳигарии Белгия фиристода шуданд, - гуфт директори коллеҷи мазкур С. Амиров. - Омӯзиши омӯзгорон тибқи лоиҳаи «Тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ» дар донишгоҳи мазкур ба роҳ монда шуд. Коллеҷ бо донишгоҳи давлатии миллии Қазоқистон, коллеҷу донишгоҳҳои Федератсияи Россия шартномаи ҳамкорӣ дорад. Маҳз дар ҳамин замина омӯзгорони коллеҷи махсусгардонидашуда ба хориҷи кишвар барои такмили маҳорат ва омӯзишҳои илова фиристода мешаванд.   

Гуфта шуд, ки дар коллеҷ 1020 донишҷӯ дар факултаҳои иқтисодӣ, аграрӣ ва амнияти озуқаворӣ аз рӯи 10 ихтисос ба таълим фаро гирифта шудаанд. Баҳри беҳтар намудани шароити таълим ва босифат гардондани  раванди таълим аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда мешавад. Вобаста ба ин, ҳамасола омӯзгорон барои такмили маҳорат ва омӯзиш ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд.

С.АЗИЗӢ, «Омӯзгор»  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш