Нашрияи Омӯзгор

«Омӯзгор» нашрияи шавқовар ва хонданист

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 144        Шарҳ: 0

 

Дар арафаи рӯзи матбуот бо чанде аз омӯзгорон дар хусуси мазмуну муҳтавои матолибу мақолаҳои дар саҳифаҳои нашрияи «Омӯзгор» чопшуда, баррасию таҳлили масоилу мавзӯъҳои мубрами соҳаи маориф дар навиштаҳои кормандони ҳафтанома, сифати чоп ва ороиши он телефонӣ суҳбат анҷом додем.

Исматулло Абдуллоев, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25, шаҳри Исфара:

- Ҳар як шумораи нашрияи писандидаи худ «Омӯзгор»-ро бо шавқу рағбати зиёд мутолиа мекунам. Аз мақолаҳои методӣ ва матолиби дархӯр ба завқу зеҳни худ дар раванди фаъолияти корӣ истифода мекунам ва ба ҳамкорон тавсия медиҳам, ки аз  навиштаҳои ибратбахшу судманди нашрия, ки ба тарзу усулҳои таълими ину он фан бахшида шудаанд, огоҳмандона корбурд намоянд. Ман худ дар соҳаи маориф таҷрибаи зиёд дорам: ибтидо ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохта, инак, солҳои зиёдест, ки сарварии яке аз муассисаҳои таълимии калонтарини шаҳри Исфараро ба уҳда дорам. Баъзан дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла, тарбияи ахлоқии хонандагон андешаҳои худро навишта, дар нашрияи «Омӯзгор» ба чоп мерасонам.

Ҳикмат  Розиқов, корманди дастгоҳи ҳукумати шаҳри Ваҳдат:

- Дар саҳифаҳои «Омӯзгор» навиштаҳое ба табъ мерасанд, ки на танҳо барои устодону омӯзгорон, балки волидони хонандагон, кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ, дар умум, аҳли ҷомеа аҳамияти омӯзанда  доранд. Ҳаёту фаъолияти омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, истифодаи усулу  шеваҳои судманду муассир дар дарсҳо, ҳамзамон, тавсифи равандҳои бунёдкорӣ (сохтмону азнавсозии биноҳои таълимгоҳҳо), нақши оила дар пешрафти  таълиму тарбия,  баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва донишазхудкунии хонандагон  ва  масоили дигари марбут ба соҳаи маориф дар нашрия чун дар оина инъикоси худро меёбад. Тавассути матолиби дар «Омӯзгор» нашргардида мо ба мушкилоти соҳа, камбудию норасоиҳо ошно  мегардем ва фаъолияти худро бознигарӣ менамоем. Робитаи раёсати маориф ва ҳукумати шаҳри Ваҳдат бо нашрия хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳамасола кормандони нашрияро ба нишастҳои матбуотӣ даъват менамоем. Дар умум, маводу матолибе, ки дар саҳифаҳои нашрия ба табъ  мерасанд, дар инъикосу   бозтоби масоили соҳаи маориф ва паҳлуҳои гуногуни он нақши муассир мебозад.

Абдуҷаббор Абдураҳимзода, сардори раёсати шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ:

- Дар «Омӯзгор» зери рубрикаҳои шавқовар мақолаҳои хонданбоб, ки бевосита ба инъикоси фаъолияти омӯзгорон бахшида шудааст, чоп мешаванд. Бахши аъзами матолиби методиро навиштаҳои худи омӯзгорони таҷрибаманд ташкил медиҳад. Дар воқеъ, мақолаҳои иншонамудаи аксари омӯзгорон дорои ҷанбаҳои омӯзандаи методӣ буда, дар сатҳи баланд таълиф гардидаанд. Махсусан, маводе, ки дар хусуси  усули муносибат ба таълими салоҳиятнок навишта шудаанд, омӯзгоронро ба паҳлуҳои гуногун ва имконоти фаровони истифодаи судманд аз ин усули таълимӣ ҷалб менамоянд. Ҳамзамон, нашрия матолиби хонданию пурмуҳтавое дар боби Соли рушди сайёҳӣ ва деҳот, об-манбаи ҳаёт, 5500-солагии Саразм ҳамчун тамаддуни қадимтарини тоҷик ва санаю ҷашнҳои таърихӣ ба нашр мерасонад, ки омӯзгорон аз он ҳама метавонанд дар дарсҳои тарбиявӣ истифода намоянд.

Муллоҷон Аҳмадов, собиқадори маориф, ноҳияи Рашт;

-Нашрияи «Омӯзгор»-ро аз солҳои аввали ба фаъолияти омӯзгорӣ шурӯъ карданам пайваста мутолиа менамоям ва дар давраҳое, ки мудири шуъбаи   маорифи ноҳия, пасон, директори  коллеҷи омӯзгории шаҳраки Навобод будам, дар тарғибу обунаи ҳафтаномаи дӯстдоштаамон саъю талош менамудам. Навиштаҳои кормандони нашрия Абдурауф Муродӣ, Шодӣ Раҷабзод, Насриддин Охунзода, Ҳотами Ҳомид ва чанди дигар бо амиқии таҳлили мавзӯю  проблема, забони фасеҳу шево ва дархӯри масоили рӯз буданашон бароям хеле писанду мақбуланд. Дар зимн чанд пешниҳод доштам: аз ҷумла, ба манифати кор мебуд, агар кормандони нашрия дар минтақаҳо бо аҳли маориф, омӯзгорону устодон, кормандони раёсату шуъбаҳои маориф ва намояндагони   ҳукуматҳои  шаҳру навоҳӣ мулоқотҳои мустақим анҷом  медоданд. Дар хусуси проблемаю мушкилоти соҳа бештар бояд навишт ва бо ҷасорату дилу дидаи равшан. Имрӯз масъалаи ба ҷойи  кор ҳозир шудани мутахассисони ҷавон, ба  вазифаҳои сарварии муассисаҳои таълимӣ баргузидани шахсони алоҳида,  эҳсоси дарки масъулият, норасоии ҷойи нишаст дар таълимгоҳҳо, нокифоятии китобҳои дарсӣ, компютеру тахтаҳои электронӣ дар қаламрави ноҳияи Рашт аз масоили ҳалталабанд.

Саидҷаъфар Валиев, омӯзгор аз шаҳри Кӯлоб:

-Тайи солҳои охир нашрияи «Омӯзгор» ҳамаҷиҳата тағйир ёфт. Ҳам аз  ҷиҳати  муҳтавою мундариҷаи матолибу навиштаҳо, ҳам банду басту ороиш ва ҳам  сифати мақолаҳо, ки бояд посӯхгӯи сатҳи баланд бошад. Ҳар саҳифа унвони худро дорад (вобаста ба муҳтавою ғояи маводи ҷойдошташуда). Зери рубрикаҳо навиштаҳои судманд, рангорангу шавқовар ба табъ меарсанд. Ҳам перомуни масоили таълим, ҳам роҳу методҳои навин, ҳам мавзӯъҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ мақолаҳои хонданию  ибратомӯз чоп мешаванд. Махсусан, матолиби таҳлилию таҳқиқии рӯзноманигорони варзидаи нашрия, ки фарогири масоили гуногун дар зинаҳои таҳсилот мебошанд, диққатҷалбкунандаанд. Аз мутолиаи мақолаҳои мазкур метавон хулоса кард, ки кормандони нашрияи «Омӯзгор»дорои донишу фаҳмиши баланд буда, нозукию ҷузъиёти соҳаро хеле амиқ медонанд.

Ҳамдулло Сафаров, директори гимназияи давлатии ноҳияи Ҷайҳун:

- Нашрияи «Омӯзгор» дӯстдоштатарин  нашрияи  мо мебошад. Ҳар як шумораи онро бесаброна интизор мешавем. Зеро аз мутолиаи ҳафтанома бо навигариҳои соҳа, асноди меъёрию ҳуқуқӣ, дастуру ҳидоятҳои тоза дар соҳаи маориф огоҳ мегардем. Саҳифаҳои «Гулистони сухан», «Таълим», «Маънавият», «Таҳсилоти касбӣ» ва ғайра хонданбобанд. Мақолаҳои устодону омӯзгоронро низ мунтазам мутолиаи мекунам ва аз онҳо барои худ суду баҳрае мебардорам.

Аммо як масъала ташвишовар боқӣ мондааст. Нашрияи «Омӯзгор» ва маҷаллаҳои соҳавӣ, ки мо ҳамасола ба онҳо обуна мешавем, ба дасти мо тамоман дер мерасанд. Гоҳҳо ину он шумораро умуман дастрас намекунем. Чаро ин тавр? Мехостем ин масъала зудтар ҳалли худро ёбад.

 

Таҳияи

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш