Нашрияи Омӯзгор

Нахустрӯзномаи соҳаи маориф

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 200        Шарҳ: 0

 

Нахустин шумораи рӯзномаи соҳаи маориф «Барои маорифи коммунистӣ» (ҳоло ҳафтаномаи «Омӯзгор») 20 июли соли 1932 аз чоп баромад. Муҳаррири масъули он адабиётшинос Баҳром Сирус таъйин мегардад, ки пеш аз ин дар маҷаллаҳои «Раҳбари дониш» ва «Инқилоби маданӣ» фаъолият карда буд ва таҷрибаи ғанӣ дошт. Мутаассифона, шумораҳои соли аввал дастрас нестанд ва бастаи соли 1933 ҳам нопурра аст.

Шумораи аввалини рӯзнома дар соли 1933 (аз 4 - уми январ, дар формати А-2), дар чор саҳифа бо имзои муовини муҳаррири масъул Содиқӣ чоп шудааст ва дар он рақами тартибии шумора 12 нишон дода шудааст.  Аз ин бармеояд, ки соли 1932 11 шумораи он чоп гардидааст. Дар қисмати болои рӯзнома шиори машҳури давраи Шӯравӣ «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо, як шавед!», ки дар ҳамаи нашрияҳои матбуоти ҳамон давр маъмул буд, ҷой дода шудааст. Аз муҳтавои шумораҳои соли дуюм метавон мазмун ва мундариҷаи шумораҳои соли аввалро мушаххас кард. Маълум мегардад, ки дар солҳои аввал вазифаву мақсади ҳамаи нашрияҳо ба масъалаи маҳви бесаводӣ иртибот дошта, яке аз ҳадафҳои таъсиси рӯзномаи соҳавӣ низ ҷалби наврасону ҷавонон ба мактаб ва соҳибмаълумоту бомаърифат кардани тамоми қишри ҷомеа маҳсуб меёфт. Масъалаи маҳви бесаводӣ дар солҳои бистуму сиюм ва ҳатто чилуму панҷоҳум на танҳо аз мавзӯъҳои меҳварии рӯзномаву маҷаллаҳои соҳаи маориф, балки ҳамаи намуди матбуоти даврӣ ба ҳисоб мерафт.

Аз соли 1933 то нимаи аввали соли 1935 вобаста ба масъалаи маҳви бесаводӣ дар ҳар шумораи «Барои маорифи коммунистӣ» навиштаҳои зиёде рӯйи чоп омадааст. Сипас, аз нимаи дуюми соли 1935 инъикоси масъалаи мазкур то андозае рӯ ба коҳиш овардааст. Бо вуҷуди ин, то охири солҳои сиюм ин мавзӯъ мунтазам пайгирӣ гардида, матолиби ҷолибу хонданӣ ва омӯзанда ба чоп расидааст.

Дар мақолаи «Сохтмони мадании Тоҷикистон дар панҷсолаи якум» (шумораи №1, аз 4 январи соли 1933) дар баробари дастовардҳои таълиму тарбия ба масъалаи маҳви бесаводӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Бояд қайд кард, ки факту далел ва рақамҳое, ки дар мақолаҳои он солҳо оварда шудааст, комилу боварибахш намебошанд, зеро факту рақамҳо баъзан аз ҳамдигар хеле фарқ мекунанд, ки ин хонандаро ба шубҳа меорад. Ба андешаи инҷониб, сабаби ин, аз як тараф, набудани омори дақиқ бошад, аз ҷониби дигар, адами техникаву технологияи замонавӣ хатои фаннӣ буда метавонад. Дар мақолаи мазкур қайд шудааст, ки солҳои 1924 - 25 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 41 муаллим буд, дар соли якуми панҷсолаи якум (1928 - 29) шумораи муаллимон ба 393 ва ҳоло (соли 1933) ба 4 ҳазор нафар расидааст. Дар масъалаи маҳви бесаводӣ зикр шудааст, ки дар 4 соли гузашта бесаводии 250236 нафарро нест кардем. Аксари далелу рақамҳои ба хотири гузориш додан пешниҳод шудааст. Аз ҷумла, дар охири солҳои сиюм худи ҳизб ва давлат ҳам иқрор мешаванд, онҳое, ки аз сафи бесаводон ба чаласаводон ва баъд ба босаводон гузаштаанд, воқеан, босавод нагардидаанд. Дар масъалаи маҳви бесаводӣ як қатор мақолаҳои таҳлилӣ ва танқидӣ низ ба чоп расида, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, дар мақолаи танқидии  «Мактаби Шоҳмансур ақиб  мемонад» (4 январи соли 1933) паҳлуҳои гуногуни масъалаи маҳви бесаводӣ баррасӣ шудааст. Таъкид мегардад, ки мактаби деҳаи Шоҳмансур дорои ду синфхона ва хонандагони хурдсол буда, мушкилоти зиёд доштааст. Мактаб бо барномаи таълимӣ, нақшаи кор, плани календарӣ таъмин набуда, омӯзгорон бо салоҳдиди худ дарс гуфта, дар як вақт курси шабонаи маҳви бесаводӣ амал мекунад. Мудири мактаб, ки масъули таълими курси маҳви бесаводӣ мебошад, вазифаашро содиқона иҷро намекунад, як ароба ҳезум ва карасини барои курс ҷудошударо ба хонааш бурдааст.

Яке аз хусусиятҳои дигари матбуоти он замон истифодаи зиёди шиорҳо маҳсуб меёбад, ки ба масъалаи маҳви бесаводӣ нигаронида шудаанд. Аз ҷумла, шиори «То соли 1937 як нафар бесавод намонад» дар ҳар як шумораи рӯзномаи «Барои маорифи коммунистӣ» ба назар мерасад.

Дар рӯзномаи «Барои маорифи коммунистӣ» дар баробари масъалаи маҳви бесаводӣ ба кори усулҳои таълим, тарбия, методикаи таълим, беҳбудии сифати таҳсилот, тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст. Масъалаҳои мазкур аз маҷаллаҳои аввалини Комиссариати маориф - «Дониш ва омӯзгор», «Дониш-биниш», «Раҳбари дониш» сар карда, то ба имрӯз дар саҳифаҳои нашрияҳои соҳавии маориф мавзӯи асосӣ ва баҳсу мунозираҳо мебошанд. Яъне, вазъи кори таълиму тарбия ва таъмини сифати он ҳамеша зери назорат ва таваҷҷуҳи кормандони нашрияҳо қарор дошт.

Дар мақолаи калони методӣ бо номи «Муаллим бояд ба ҳар як дарс бо хубӣ тайёрӣ бубинад» (2 апрели соли 1933) омадааст, ки «дар асоси қарордоди ҳизб аз 25 августи соли 1932 дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёна шакли асосии ташкил намудани корҳои омӯзишӣ бояд иборат аз дарс додан дар як гурӯҳ бо ҷадвали муайян ва бо ҳайати муқаррарии хонандагон бошад… Ин директива протсесси педагогиро бо роҳи дуруст андохта, роли роҳбарикунандаи муаллимро махсусан, қайд менамояд, инчунин, вайро дар ҳаққи сифати кори омӯзиш, дар ҳаққи малака ҳосил намудани ҳар як хонанда бевосита масъул месозад». Тавре мебинем, оид ба кори методӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба се масъала равона шудааст: 1) дарс додан дар як гурӯҳ; 2) бо ҷадвали муайян; 3) бо ҳайати муқаррарии хонандагон.

Сипас, пурсида мешавад, ки оё дар муддати сол ин ҳадаф иҷро гардид? Оё дарс, дар ҳақиқат, шакли асосии ташкили машғулияти омӯзишӣ гаштааст? Ба ақидаи омӯзгорон, ин масъала дуруст ҳаллу фасл нашудааст. Бо мақсади иҷрои талаботи мазкур омӯзгорон ҷиддӣ вазифадор карда мешаванд: «Дарси бад тайёркардашуда, дарсе, ки аз тарафи муаллим ба хубӣ тайёр карда нашудааст, бояд ҳамчун браки педагогӣ ҳисоб карда шавад ва ин хел муаллим-браккор (бадкор) мебошад». Вазифа гузошта мешавад, ки барои беҳбудии кори омӯзиш, хусусан, дар гурӯҳҳои ҷудогона таъҷилан «методе кор карда шавад, ки мувофиқи хусусияти синнусолии хонандагон истифода карда шавад». Хулоса мешавад, ки «Мактаб бояд ба бачагон дониши системавӣ-асосҳои илмро бидиҳад». Мақолаи мазкур бо дастуру пешниҳодҳои муҳим, аз қабили зарурияти омодагии муаллим ба дарс, истифодаи асбобҳои аёнӣ, ҷавобгарии муаллим барои хуб гузаронидани дарс ҳоло ҳам аҳамияти худро гум накардааст.

Таълиму тарбия аз масъалаҳои муҳими фаъолияти на танҳо аҳли маориф, балки тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад. Дар  шумораи 3 январи соли 1937-и рӯзномаи  «Барои маорифи коммунистӣ»  чунин қарор ба чоп расидааст:     

«Дар бораи манъ кардани ба тамошои шабона даромадани бачаҳо

Қарори маҷбурии Совети шаҳрии Сталинобод, аз 8-уми декабри соли 1936, №12, шаҳри Сталинобод

Ба сабаби он ки аз тарафи маъмурияти тамошогоҳҳо барои ба тамошои шабона даромадани бачаҳо рухсат дода мешавад, Совети шаҳрии Сталинобод қарор мекунад:

1. Даромадани тамоми бачаҳое, ки то 16 сол нарасидаанд, ба тамошое, ки аз соати 8 бегоҳӣ сар карда мешавад (тамошоҳо дар театр, кино, клуб, цирк, эстрада ва ғайра) манъ карда шавад.

2. Ба маъмурияти ҷойҳои тамошо, ки барои даромадани бачагон ба тамошои шабона рухсат додаанд, ҷазои маъмуриятӣ монда шавад-штраф то 100 сӯм ва ё кори маҷбурӣ то 30 рӯз.

3.Назораткунӣ аз болои иҷро кардани ин қарор ба органҳои милитсия ва шуъбаи шаҳрии маорифи халқ супорида шавад.

4.Ин қарор баъд аз ду рӯз аз вақти чоп шудани ӯ ба қувва даромада ва дар миқёси шаҳри Сталинобод паҳн карда мешавад.

Раиси Совети шаҳр: Розиқов

Ҷонишини котиби масъул: Витко» .

Тавре мебинем, мушкилоти имрӯзаи ҷомеаи мо беш аз 80 сол пеш низ вуҷуд доштааст. Қарори мазкур дар бораи роҳ надодан ба сайругашти шабонаи кӯдакон дар ҷойҳои дилхушӣ, истироҳат ва ғайра ҳоло ҳам эътибори худро гум накардааст. Баъди гузашти солҳо дар замони соҳибистиқлолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд» (соли 2011) қабул гардид, ки ин масъала ба таври возеҳ дар он инъикос ёфтааст.

Оид ба усулҳои тарбия мақолаҳое низ ҷой дода шудааст, ки оҳанги пешниҳоду дархост, маслиҳат ва интиқодӣ доранд. Аз ҷумла, мақола таҳти рубрикаи «Аз таҷрибаи муаллим» (12 июни соли 1937) хеле ҷолиб мебошад. Дар он омадааст, ки дар мактаби рақами 1-и пойтахт Содиқов ном бача мехонд, дарсгурез, беинтизом буд ва аз дуздӣ ҳам рӯй намегардонд. Муаллими ҳамин мактаб Ҷабборӣ қисса мекунад, ки аз оғози соли равон тарбияи ӯро бо ташаббуси хеш ба зимма гирифтааст. Сабаби ин ҳолатро муаллим дар он медонад, ки тарбияи ҳақиқии педагогӣ аз тарафи муаллимони пешина ба талабот ҷавоб дода наметавонист. Ҳатто, онҳо қароре баровардаанд, ки Содиқов бо сабаби «ислоҳнашавӣ» аз мактаб пеш карда шавад. Воқеан, то ба имрӯз баъзе муаллимон ва роҳбарони мактабҳо роҳи ягонаи аз хонандагони дарсгурез, бетарбия ва сустхон халос шуданро аз дур кардани онҳо аз мактаб медонанд. Хулоса, «ҳама гап-хуб шудан ва бад шудани талаба ба гардани муаллим ва инчунин, ба падару модар вобаста мебошад»…

Ҳамин тариқ, нахустин рӯзномаи аҳли маорифи кишвар «Барои маорифи коммунистӣ» (то соли 1938 бо ҳамин ном чоп шудааст) аз оғози таъсисёбӣ ҳамқадами замон будааст ва инро ҳам дар ном ва ҳам дар мазмуну мундариҷаи он баръало мушоҳида кардан мумкин аст. Дар бархӯрди марҳилаҳои таърихӣ ва ҷараёни инкишоф ҳамеша инъикоси масъалаҳои муҳимми мактабу маорифро ҳадафи асосии худ қарор  дода, дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дар соҳаи маориф ва баланд бардоштани маърифати хонандагонаш, ки ағлаби онҳоро аҳли маориф ташкил медиҳанд, нақши муҳим гузоштааст.

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш