Нашрияи Омӯзгор

Ҳамеша бо манӣ, модар!

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 146        Шарҳ: 0

 

Модар муқаддастарин ҳастии олам аст, онест, ки ҷояшро касе гирифта наметавонад. Меҳраш ҷовидониву беҳамтост мисли меҳри офтоб.

***

Даҳ сол аст,ки модарам аз канорам рафтаву ӯро меҷӯям.

Хаёли як лаҳза шунидани овозаш маро ба дунёи орзуҳои пурҳасрат мебарад. Худоё, кош дар хоб бинамаш; шояд андаке бошад ҳам, таскин ёбам.

***

Ҳамеша фикр мекардам ,ки меҳру мухаббати худро метавонам замони дигар ба модар изҳор намоям .Вале хато кардаам. Ҳоло пушаймона  ,ки чаро такрор ба такрор нагуфтамаш, ки дӯстат медорам, хеле дӯстат медора, модари ҷон!

***

Ғами хеш намехоҳам ифшо кунам.Розамро танҳо инсоне эҳсос мекунад, ки худ гирифтори ин ғам аст. Дурӣ аз модар …

Ин эҳсосро ба қалам додан  хеле мушкил  аст.

***

Ҳар дам насиҳатам мекардӣ ,ки ростӣ ҷодаи мушкил аст, вале поёни нек дорад. Куҷоӣ, модар, ки имрӯз аз ростиву ҳастӣ сухан бигӯӣ?! Ман  дар ҳасрати раҳнамоиҳои туам, модар!

***

Фасли зарнисор боронро бо худ овард. Мегуфтӣ боронро  дӯст медорам, чунки рӯзи боронӣ маро ба дунё овардаӣ.

Кунун боронро мебинаму мисли абр мегирям; дар ҳасрати дидори ту.

***

Бо хаёли ту ҳамеша ёди гузашта мекунам . Каломи меҳру муҳаббатат гарм дар гӯшам садо медиҳад. Куҷоӣ, модарам, фариштаам, ягонаам, маънибахши зиндагиам?!

***

Дар болои суфа нишаста,бо айнак китоб мехондӣ. Ин кори дӯстдоштаат буд. Суфраи холӣ миёни боғат истода,диламро реш-реш мекунад,модарҷон.

***

Модар инсоне ноёфтанӣ….

Пас ҳар лаҳзаро дар бараш ғанимат шуморед…Охир ҳоло ба як нигоҳи меҳрубононааш мисли гадо зорам   ….

Ёдат  ба  хайр  модарҷон …..

***

«Инсони нек умри дароз намебинад,»-мегӯянд. Ту умри дароз надидӣ, вале кирдору гуфтори некат номатро ҷовидон карда.

Чӣ хуш лаҳзаҳое, ки бо мо будӣ, модарҷон.

***

Ягона  инсоне,ки дар олам маро аз  ним нигоҳ мефаҳмид,ғаму ғусса, шукуфтану  болидани дили маро аз чашмам эҳсос мекард,модарам буд.

Акнун  нигоҳам пайваста ӯро меҷӯяд, ҳарчанд хуб медонам, ки харгиз, дигар ӯро нахоҳам ёфт.

***

Зимистон фасли сардиҳост .

Баданам аз хунукӣ меларзаду дилам аз фироқи  рӯят, модарҷон.

Оғӯши гарму пур  аз навозишатро ёд мекунам, фариштаи зиндагии ман.

 

Дар зиндагӣ ҳар гоҳ ба мушкилие дучор оям, лаҳзае хомӯш пеши назарам меорамат, модар. Бо ту гуфтугӯ мекунам, чи гуна   роҳро ба роям нишон медиҳӣ, тасаввур мекунам. Ҳамеша бо манӣ, модар, ҳамеша!

***

Гулҳоро дӯст медоштӣ, боғи зебое доштӣ,ки дар он сайркунон бо гулҳоят гуфтугӯ мекардӣ .Гули дӯстдоштаат садбарг буд .

Ростӣ, модар мисли садбарг зебову  хушбӯ будӣ…

***

Баҳор боз ба боғат омад.Баъди аз олам чашм пӯшиданат гулҳоят хушкиданд. Гӯё аз ғам худро курбон карданд. Боғи зебоят бо ту гуворотар буд. Ҳоло он бо ҳама сарваташ холист.

***

Имшаб дар хобам  дидамат.

Сӯям нигоҳ  кардӣ, ва гуфтӣ:

« Хеле ёд кардамат». Маро ба оғӯш кашидӣ.  Ашкам равон шуд. Бедор шудам. Болини  тар дар оғӯшам буд. Барои як оғӯшат  ҷонсупорам, модарҷон.

***

Ҷевонро кушодам. Либосҳоят овезон буд. Аз даруни ҷевон якбора бӯйи хушат бар димоғам зад.  Либосҳоятро як-як гирифта бӯй кардам.Чӣ қадар ёдат кардам,  модарҷон,

Дареғ, ки  ин рафтанат бебозгашт буда!

   ***

 Ҳама сол рӯзи мавлудат фикр мекардам,ки бароят чӣ туҳфа тақдим  намоям. Чи гуна меҳри худ ифшо кунам.Се сол аст, ки гӯё чизе гум карда бошам, меҷӯяму намеёбам. Он туҳфа нест, он туӣ, гавҳари ноёфтаниӣ, модарам.

***

Меҳмонон гирди хони хонаат нишаста, туро ёд мекарданд, аз хислатҳои наҷиби инсониат  сухан мегуфтанд. Эҳсос мекардам, ва худро тасаллӣ медодам, ки шахси нек ҷовидон аст, мисли ту,  модарҷон. ……….

***

Танҳоӣ беморист, шояд он табобат дорад. Аммо танҳоӣ аз модар на табобат дораду на таскин.  Он бо марг баробар аст. Ёдат ба хайр, модарҷон.

***

Худ модарам, бо меҳри беандоза фарзандонамро навозиш мекунам. Ҳоло хурданду шояд қадри модарро намедонанд. Вале  худ дарк мекунам, ки чи гуна модар бузург аст. Набуданаш қадрашро ҳазорон бор мефизояд.

***

Дар шаби пурситора гаҳвора ҷунбонда, алла мехонам. Ёд аз шабзиндадориҳои модар мекунам.

Оҳ, бо чӣ умеди зиёд алла мегӯяд модар. Бузургии модар дар он аст, ки ба дили кучаки тифл меҳри беандоза эҳдо мекунад. Ин ҳиссиётро  танҳо модар дарк  мекунад, танҳо модар!

 

Заррина Норова,

корманди ДҷТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш