Нашрияи Омӯзгор

Китоб инсонро хушбахт мекунад

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 261        Шарҳ: 0

 

Китоб одамонро даъват мекунад, ки ҳамеша бовиҷдон, меҳрубон, мушфиқ, сарбаланд ва содиқ бошанд.

(Л.Кассил)

Онҳое, ки камии вақтро баҳона карда, китоб намехонанд, худашонро фиреб медиҳанд. Барои мутолиаи китоб ҳар гуна ҷой, ҳама вақт ва ҳар хел шароит муносиб аст. Ҳеч гуна монеа нобояд пеши роҳи китобхонро гирад. Онҳое, ки «барои хондани китоб вақт намеёбам», - мегӯянд, асосан тарзи истифодаи дурусти вақтро намедонанд, ҳол он ки барои китобхонӣ ҳамеша вақт пайдо кардан мумкин аст.

Китобхонӣ хосияти хубе дорад, ки инсон пас аз ба он одат кардан тамоми умр ҳамроҳи китоб мегардад. Барои одат кунонидани кӯдакон ба китобхонӣ нақши падару модар дар оила, омӯзгор ва китобдор дар мактаб хеле канон аст.

Барои пайдо намудани шавқи китобхонии фарзанд ва меҳри вай ба китоб падару модар бояд ҳадди ақал чораҳои зеринро амалӣ намоянд:

1. Кӯшиш кунанд, ки пас аз мактабхоншуданаш не, балки ҳанӯз аз чор - панҷсолагӣ дар қалби фарзанд завқи китобхониро бедор намоянд. Дар ин синну сол ба ӯ китоб хондаю барояш нақлҳои аҷоибу ғароиб кунанд.

2. Дар назди кӯдак ба китобхонӣ машғул шудани волидон барояш намунаи ибрат мешавад. Вақте ки фарзанд китобхонии падару модар ва дигаронро мебинад, дар вай ҳам майлу рағбати китобхонӣ пайдо мешавад.

3. Дар хонаи зист ҷевони китобмонӣ бо китобҳо барои калонсолон ва барои хурдсолон (дар алоҳидагӣ) ҳатман бояд бошад. Агар рафҳои китобмонӣ дар ҳуҷраи кӯдак бошад, боз хубтар мешавад.

4. Барои кӯдаконро ба китобхонӣ одат кунонидан таъсири китобхона хеле зиёд аст. Аз ин рӯ, ҳамроҳи фарзанд баъзан ба китобхонаи мактаб ва ё мағозаҳои китобфурӯшӣ рафта, ба ӯ тарзи интихоби китоби бадеӣ, истифодаи китобро омӯзонидан лозим.

5. Падару модарро зарур аст, ки ҳар ҳафта барои хона ҳадди ақал як ё ду нусха рӯзнома харидорӣ намояд.

6. Дар назди фарзандони хеш дар тамошои телевизион ва истифодаи компютеру телефонҳои мобилӣ маҳдудият гузоранд. Агар кӯдак дар истифодаи ин воситаҳои техникӣ озод бошад, хондани китоб хеҷ гох ба ёдаш намерасад.

7.Агар имкон бошад, ҳангоми китоб хондани фарзанд дар паҳлуи вай нишаста, расмҳои ҷолиби диққати китобро ба ӯ нишон дода, шарҳу тавзеҳ додан ба манфиати кор аст.

8.Падару модар, вақте ки барои фарзандон китоб мехонанд, вобаста ба гуфтори қаҳрамонҳои асар тағйири овоз ва амалиёти онҳо симояшонро дигар кунанд, чунки ин диққати кӯдаконро ҷалб мекунад. Азбаски дар синни томактабӣ диққати кӯдакон зудтар парешон мешавад, бинобар ин барои онҳо ҳикояҳои кӯтоҳ интихоб намудан мувофиқи мақсад аст. Пас аз хондани ҳикоя ё афсона ба вай тарзи хулосабарориро низ омӯзонидан лозим.

9. Ба ягон нашрия аз номи фарзанд обуна шудан лозим аст, ки ин амал диққати ӯро ҷалб карда, ҳавасманд мекунад. Маҷаллае, ки барои кӯдак харида мешавад, вайро ба шавқ оварда, хушнуду масрур менамояд.

10. Волидон, ҳангоме ки бо фарзандон ба бозор мераванд, ҳатман ба ягон мағозаи китобфурӯшӣ (китоби кӯдакона) рафтанашон лозим аст. Ҳангоми тамошо ва харидани китоб онҳо бояд дар назди волидон бошанд.

Фарида Ҳабибуллоева,

омӯзгори мактаби №8-и

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш