Нашрияи Омӯзгор

Китобхонаи сайёр

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 136        Шарҳ: 0

 

 

Дар кӯчаҳои шаҳри Хоруғ шумораи китобхонаҳои ғайриодии пур аз китоб  дар ҷевонҳои шишагин меафзояд. Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Умедвор» Аввалмоҳ Хубоншоева зимни пур кардани ҷевонҳо аз китобҳои бадеӣ, касбӣ ва соҳавӣ арз дошт, ки ин амал аз соли мозӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Мурод аз ташкили китобхонаи сайёр дар амал ҷорӣ кардани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастраси ҳамагон гардондани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Гафуров, замина ба озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон –ватани азизи ман» мебошад. Дар ҷодаи пиёдасозии лоиҳаи мазкур  ширкати «Помирэнерҷӣ» ба мо кумак кард. Теъдоди китобҳои китобхонаи сайёр ба 1500 нусха расидааст.

Ҷ. ҚОЗИБЕКОВ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш