Нашрияи Омӯзгор

Ҳимоятгарони марзи поки Ватан

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 211        Шарҳ: 0

 

Полковник Одинааҳмад Маликов шахси хеле самимӣ, хушсуҳбат ва чусту чолок аст. Солҳои зиёдест, ки дар соҳаи ҳарбӣ фаъолият дорад. Аз ҷодаи пазируфтааш дар ҳаёт, аз он ки ҳамеша дар хизмати Ватани маҳбуб аст, ифтихор мекунад. Бо амри Ватан дар вазифаҳои гуногуни марбут ба соҳаи ҳарбии ҷумҳурӣ садоқатмандона кор кард. Корномаи ҳарбияш ҳамчун афсари устувору содиқ ёд аз байти машҳури шоири ҷанговару ватанпарвар Ҳабиб Юсуфӣ: «Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам, Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам» меоварад.  Ҳоло ин афсари собиқадор дар вазифаи муовини сардор оид ба  корҳои сиёсӣ-тарбиявии гимназияи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚС КДАМ ҶТ) кор мекунад ва ҳамарӯза дар таълиму тарбияи марзбонони фардои Ватан корҳои зиёдеро сомон мебахшад. Полковник О.Маликов он рӯз, ки мо ба наздаш омадем, хеле серкор буд, вале ба ҳар ҳол, ба чанд суоламон посух гуфт.

-Рафиқ полковник, кас бо ворид шудан ба таълимгоҳе, ки шумо дар он фаъолият доред, нахуст аз мушоҳидаи тозагию озодагӣ, тартибот ва гирумони бонизоми кормандон ба ваҷд меояд, эҳсоси гуворое фарогираш мешавад. Ин ҷо ҳамеша чунин вазъ ҳукмфармост?

-Аз ин мушоҳидаи шумо мамнунам ва ёд меоварам аз ҳикмате инчунин: «Ҳар куҷое назму тартиб пойдор, Зиндагию кор мегирад барор». Барои мо, низомиён, тартиботи қатъӣ, тозагию озодагӣ, низому маром ва одоби муоширату рафтор аҳамияти махсус дорад ва аз омилҳои таъминсози комёбӣ маҳсуб меёбад. Агар тартибот барои сарфаи вақт, таҳкими интизом мусоидат бикунад, зебоӣ илҳом мебахшад, касро рӯҳбаланду болидахотир мекунад. Дар таъмину риояи тартиботу тозагию зебоӣ ҳар як узви таълимгоҳамон (аз фаррошону кормандони хоҷагӣ то ба устодону таълимгирандагон) ҳиссагузору масъуланд. Аз ҷониби дигар, ин ифодагари муҳаббат ба коргоҳ, таълимгоҳи худро дорад. Муҳити созгору дилхоҳ аз омилҳои муҳимми бозгӯи сатҳи кору фаъолияти аҳли  ҳар коргоҳу маърифатгоҳ аст.

-Гимназияи ҳарбӣ аз муассисаҳои тозатаъсис дар пойтахти ҷумҳурӣ мебошад ва дар он ҳоло нахустсоли таҳсил идома дорад. Аз ин рӯ, мехостем онро барои хонандагони ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба таври мухтасар муаррифӣ бикунед.

-28-уми майи соли 2019 барои аҳли гимназияи мо рӯзи таърихию фаромӯшнопазир аст. Дар ин фархундарӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расми ифтитоҳи фаъолияти гимназияи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ «Ворисони Куруши Кабир» ба вуқӯъ пайваст. Ин ҳодисаи фараҳбахш ба 25-умин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ омад. Ҳамчунин, 28 май Рӯзи марзбонони Ватан мебошад. Яъне, таълимгоҳи мо дар солу рӯзи муборак оғози фаъолият кард, ки ин фоли нек аст. Суханронии Сарвари кишвар дар расми ифтитоҳи гимназия, ки хеле пурмуҳтавою ватандӯстона буд, то ба имрӯз манбаи омӯзиш ва як навъ барномаю дастури амали мост.

Бояд гуфт, ки ҳадафи асосӣ аз таъсиси гимназияи мо омодасозии марзбонони соҳибтахассуси ояндаи Ватан аст, марзбононе, ки чусту  чолоканду донишу фаҳмиши баланд доранд, садоқатпешаву ватандӯстанд. Ҳоло сарварии гимназия ба зиммаи яке аз афсарони варзидаи кишвар, полковник Мирзо Маҳмади Шамсӣ вогузошта шудааст ва хушбахтона, ӯ марди кордону ташаббускор, серталаб ва фарҳангист. Дар гимназия айни замон 114 таълимгиранда, ки пас аз хатми синфи 9 қабул шудаанд, дар 4 взвод таҳсил мекунанд. Ба онҳо 40 афсару омӯзгор дарс медиҳанд. Илова ба фанҳои таълимие, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ омӯхта мешаванд, дар гимназияи  мо ба омӯзиши фанни дифои ҳарбӣ ва ба омӯзиши асноду оинномаву ҳуҷҷатҳои дигари соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Таълимгоҳи мо дорои синфхонаҳову кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз бо воситаҳои муосири техникии таълим ва аёниятҳои дигар, варзишгоҳ, китобхона, ошхона, хобгоҳ, шаҳраки варзишӣ, ҳуҷраҳои махсуси корӣ ва осорхона мебошад.

Ҳамаи таълимгирандагон дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд ва тартиби муайяни рӯз барояшон муқаррар шудааст. Онҳо субҳ барвақт (соати 6) аз хоб хеста, ба варзиш машғул мешаванд, шустушӯ мекунанд, наҳорӣ мехӯранд, аз муоинаи махсус вобаста ба тозагию либосу вазъи саломатиашон мегузаранд, дар ҷамъомади субҳона ширкат меварзанд ва пасон ба дарсҳо иштирок  менамоянд. Пас аз дарсҳо мустақилона ба иҷрои супоришҳои устодон мепардозанд, ба китобхонӣ машғул мешаванд. Ба таълимгирандагон барои ба варзиш машғул шудан, суҳбату истироҳат, тамошои барномаҳои алоҳидаи  телевизион вақт муқаррар шудааст. Онҳо бо либосҳои мавсимии ҳарбӣ ва бо се вақт хӯрок таълиманду ройгон таҳсил мекунанд.

-Дар таълиму тарбияи марзбонони ояндаи Ватан ба кадом омилҳо бештар эътибор дода мешавад?

-Тамоми тадбирҳои таълимию тарбиявӣ дар гимназия бар он равона карда шудаанд, ки мусоидатгар ба омодасозии марзбонони содиқу фидокор, дӯстдори ҳақиқии Ватан, бафарҳангу доно ва ҷисман обутобёфта бошанд. Мо, махсусан, ба тарбияи ватандӯстии таълимгирандагонамон диққати  ҳамешагӣ медиҳем. Бидуни ҳисси  олии ватандӯстӣ ҳаргиз наметавон марзбон ва афсари хуби кишвар буд. Вобаста ба ин мавзӯъ бо шогирдонамон мунтазам дарсҳои тарбиявӣ, тадбирҳои беруназсинфӣ, сабқату озмунҳо баргузор менамоем. Ба онҳо тавсия медиҳем, ки бештар асарҳои бадеии дар мавзӯи Ватан ва ватандӯстӣ иншошударо мутолиа намоянд. Воқеан, адабиёти бадеӣ дар тарғиби ватандӯстӣ неруи тавоност. Кӯшиш менамоем, ки шогирдонамон аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Тоҷикон»-и Б.Ғафуров, «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», «Исёни Муқаннаъ»-и С.Айнӣ, «Писари Ватан»-и М.Турсунзода барин осори ғановатманду тарбиятгари адабиёти тоҷик  бохабару баҳрабардор бошанд. Бо ин мақсад мунтазам маҳфилу вохӯриҳо баргузор менамоем. Ифтихормандем, ки таълимгирандагони гимназия дар  васфи Ватан, марзбон, дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ ва муҳаббату садоқат ба диёри маҳбуб шеърҳои зиёд азёд медонанд ва ботантана месароянд.

-Мо дар арафаи таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ қарор дорем. Ин ҷашн дар гимназияи ҳарбӣ дар кадом сатҳ баргузор карда мешавад?

-Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо моҳияту аҳамияти махсус дорад ва дар сатҳи баланд таҷлил мешавад. Ба ин муносибат дар таълимгоҳамон баргузор намудани якчанд маъракаи ҷолибу ҷозиб ба нақша гирифтааст.

Афсарону таълимгирандагони гимназия аз субҳи ин рӯз либоси идонаи ҳарбӣ ба тан мекунанд ва  дар намоиши идона ширкат меварзанд. Ба ин муносибат дар гимназия вохӯриҳо, мусобиқаҳои варзишию ҳарбии ҷашнӣ созмон дода мешаванд. Ба шогирдон имконияти сайругашти идона ҳам фароҳам оварда хоҳад шуд. Воқеан, ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ гурӯҳе аз таълимгирандагони мо чанде пеш бо даъват ба радиоҳои «Ватан» ва «Фарҳанг» рафта, суҳбат оростанд ва дар ситоиши Ватан ва марзбон шеърҳо  қироат карданд…

Дар фарҷом мехоҳам бо истифода аз имконе, ки ҳафтаномаи «Омӯзгор» бароям фароҳам овардааст (мо ба ин нашрия обунаему онро пайваста мутолиа менамоем), аҳли кишвари маҳбубамон, аз ҷумла, ҳамкорону афсарон ва шогирдони гимназияамонро ба ифтихори  Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ самимона табрик бигӯям.  Ватани соҳибистиқлоламон ҳамеша тинҷу осуда ва комёбу пешрав бод!

 

Мусоҳиб А.Муродӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш