Нашрияи Омӯзгор

Ифтитоҳи боз як китобхона

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 333        Шарҳ: 0

 

4 феврали соли равон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Холов, ректори академия, профессор Абдухалил ғафурзода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибиосия Аюбӣ, устодон, кормандон, донишҷӯёну магистрантон ва рӯзноманигорон китобхонаи бадеӣ - сиёсӣ ифтитоҳ гардид. Абдухалил ғафурзода изҳор дошт, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хусусан, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди китобхонаҳо ва ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ хеле зиёд аст. Китобхонае, ки имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, дорои беш аз 5 ҳазор нусха китобҳои бадеӣ-сиёсӣ ва 253 ҳазор китоби электронӣ мебошад.

Зикр гашт, ки китобхонаи мазкур бо ташаббуси роҳбарияти академия ва устодону кормандон таъсис дода шудааст.

 Раҳматулло КАРИМОВ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш