Нашрияи Омӯзгор

Шаҳодати таърих

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 155        Шарҳ: 0

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз нишоне аз масоҳати васеи марзи таърихии ниёгон, қитъае аз Хуросони бузург аст, хушбахтона, ҳамчун давлати соҳибистиқлол давра ва давра ободу шукуфо мешаваду шуҳрату эътибораш дар сатҳи ҷаҳонӣ  меафзояд.

Ватани азизи мо аз бисёр ҷиҳат шоистаи таваҷҷуҳи аҳли илму адаб ва мардуми фарҳангии олам  гардидааст ва вобаста ба ин, ҳамасола сайёҳони зиёде рӯ ба  кишварамон меоранд. Тоҷикистон, воқеан ҳам, диёри биҳиштосост, табиати нозанину дилрабо, мардуми меҳмоннавозу хушмуомила, роҳҳои обод ва мавзеъҳои таърихии беназир дорад  ва ин ҳама тамошобинонро мафтуну  мамнун месозанд.

Яке аз мавзеъҳои  таърихии ҷумҳуриамон, ки  шуҳрати ҷаҳониаш сол то сол меафзояду  боиси боз ҳам бештар рӯй овардани хориҷиён ба кишвар мешавад,  шаҳри бостонии Саразм мебошад. Бозёфт ва таҳқиқи ин шаҳр ҳодисаи муҳим гардид дар илми таърихи халқи тоҷик. Саразм ёдгории беназир аст ва асрори зиёди таърихи халқамонро дар гузаштаҳои  хеле дур ошкор месозад, донишу тасаввуроти моро нисбат ба ҳаёту фаъолияти ниёгонамон хеле мукаммал менамояд. Бо ибтикору ташаббус ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри  қадимаи Саразм ба Феҳристи мероси моддии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Албатта, аз ҷониби созмону ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани  мероси пурарзишу беназири таърихии тоҷикон маънои эътирофи ин халқро ҳамчун миллати тамаддунсозу ҳунарвар ва фарҳанггустар низ дорад.

Шаҳри таърихии  Саразм  дар қисмати ғарбии шаҳри Панҷакент воқеъ буда, аз маданияти хеле нодири кишоварзию шаҳрсозӣ ва ҳунармандии ниёгони барумандамон шаҳодат медиҳад. Нахустмуҳаққиқи Саразм олими маъруф ва муаррихи бомаҳорат Абдуллоҷон Исҳоқӣ мебошад. Ин донишманди таърих дар заминаи тадқиқоти бардавомаш як силсила мақолаву рисолаҳои арзишманд оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёту фаъолияти саразмиён эҷод бинмудааст. Тибқи нишондоди нигоштаҳои  таърихии А.Исҳоқӣ собит шудааст, ки Саразм дар замонаш аз шаҳрҳои марказии Осиёи Марказӣ маҳсуб меёфтааст. Муаррихи варзида масоҳати ин шаҳри  бостониро  тақрибан 100 га ва теъдоди аҳолии онро дар ҳудуди 8000 муайян намудааст.  Биноҳои  хуштарҳу гоҳе муҳташам, кӯчаҳои сангфарш, ибодатхонаҳои обод, истиқоматгоҳҳои ҷолибшакл, ривоҷи тиҷорат, инкишофи шуғлҳои гуногун-ин ҳама хоси Саразми бостонӣ будаанд. Дар ин куҳаншаҳр кишоварзию чорводорӣ, кулолгариву дуредгарӣ, маъдангудозию заршӯӣ, ресандагию бофандагӣ, чармгарию сангтарошӣ… хеле ривоҷ ёфтааст ва ин боиси вусъатёбии тиҷорат гардидаасту тоҷирони саразмӣ бо як қатор мамолики дуру наздик робитаҳои тиҷоратӣ доштаанд. Омилҳои гуногуни таърихӣ ва пеш аз ҳама, миқёси калони тиҷорат мусоидат ба он кардаанд, ки Саразм ба пойгоҳи омезиши чандин  маданият табдил ёбад.

 

Вобаста ба бозёфтҳои зиёди таърихӣ ва ба ифтихори таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ  (моҳи сентябри соли равон) ин ҷо  осорхонаи махсус бунёд меёбад.

Саразм ифтихори халқи тоҷик аст ва ковишҳои минбаъдаи бостоншиносон боз махсусиятҳои дигари ин шаҳри соҳибтамаддунро ошкор хоҳад кард.

Манижа Бадавлатова,

омӯзгори таърихи мактаби № 6-и ноҳияи Роштқалъа


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш