Нашрияи Омӯзгор

Сулҳ як мӯ агар ба ҷанг расад…

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 154        Шарҳ: 0

 

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро падидаҳои хатарбору даҳшатангези  ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст.

Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳоеанд, ки барои амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунад.

Пӯшида нест, ки дар раванди ҷаҳоншавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо вазъият ба куллӣ тағйир ёфт ва имрӯзҳо ҷангу хунрезиҳои бемаъниро дар кишварҳои Шарқи Наздик ва дигар мамлакатҳо мушоҳида мекунем. Дар ин бора нависандаи барҷастаи амрикоӣ Э.Хемингуэй гуфтааст: «Агар дар оянда ҷанге рух диҳад, он ҷанги байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидтарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуқӯъ хоҳад омад».

Баъди соҳиб гаштан ба истиқлолияти давлатӣ, ки он яке аз неъматҳои пурарзиши мардуми Тоҷикистон аст, озодии дину имон ва таҳқиқу таҳлили масоили марбут ба эътиқоду мазҳаб барои олимону муҳаққиқони соҳа фароҳам омад. Бо ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба таҳкими ваҳдати миллӣ, оромию субот ва ободонию созандагии кишвар нигаронида шудааст, омӯзиш ва асолати динӣ, бахусус мазҳаби ҳанафӣ ҷараён гирифт. Дар ҷумҳурӣ тавассути ба таври куллӣ тағйир ёфтани муносибати давлат бо дин ва созмонҳои динӣ барои мусулмонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар моддаи 26-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст;

«Ҳар кас ҳақ дорад, муносибати худро ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд»

Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ масъалаи доғи рӯз аст. Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки алайҳи ин зуҳуроти хатарзо мубориза барем. Мо, омӯзгорон ва падару модарон, бояд ҷавонон ва насли наврасро дар рӯҳияи ҳувияти миллӣ, ватанпарастӣ, садоқат ба ормонҳои миллӣ, созандагӣ ва одобу ахлоқи ҳамида тарбия намоем.

 

Давлатбибӣ Қаландарова,

мутахассиси раёсати илм ва

инноватсияи МД ДҶТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш