Нашрияи Омӯзгор

Ҷашне ҳамбаста бо оташ

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 149        Шарҳ: 0

 

Аксари  шоирони дарбор роҷеъ ба таърихи ҷашни Сада ба мисли Фирдавсӣ иттилое додаанд ва онро хеле моҳирона васф кардаанд. Манучеҳрии Домғонӣ дар ин росто маҳорати бештар нишон додааст.

Ӯ оташкадаи Бурзинро ба хотир оварда, чунон бо ташбеҳот ва дигар санъатҳои бадеӣ оташсӯзӣ дар ҷашни Садаро тасвир кардааст, ки ту гӯӣ Сада танҳо аз равшан кардани хирмани оташ иборат бошад. Оташ, ба гуфтаи Манучеҳрӣ, чунон фурӯзад, ки амалаш бартар аз доираи гунбади даввор бошад ва чунон забона занад, ки Хуршед фурӯ хуфта, нагунсор шавад.

Агар ба ҷашни Сада аз дидгоҳи таърихӣ назар кунем, дар замони зиндагии Каюмарс, ки аввалин кадхудои ҷаҳон ба шумор мерафт, ҳеҷ маросиме байни мардум вуҷуд надошт, зеро ҳанӯз худи ҷомеа арзи вуҷуд накарда буд.  Баъди марги Каюмарс аз дасти неруҳои аҳриманӣ, аз нутфаи ӯ, ки дар дили хок чакида буд, аввал растанӣ, баъд завҷи инсонӣ (бо номи Машя ва Машяна) ва аз он завҷ авлоди башар по ба арсаи вуҷуд ниҳод. Аз ин рӯ, кушта шудани Каюмарсро дар адабиёти зардуштӣ «зиндагии миро» меноманд, зеро ба туфайли  тухмаи оташгунаи  ӯ зиндагии инсон ва ҷомеа ба роҳ монда шуд ва дар давраи шаҳриёрии ҷонишинони Каюмарс баъзе аз ҷашнҳои куҳан, аз ҷумла, Сада ба ҳукми анъана даромад. Дар таъйиди ҳамин фикр Гардезӣ дар «Зайн-ул-ахбор» навишта, ки чун фарзандони Машя ва Машяна аз нахустин завҷи башарӣ ба 100 нафар расиданд, он рӯзро ҷашн гирифтанд ва номашро Сада унвон карданд.

Ривояти дигаре низ вуҷуд дорад, ки муҳаққиқон онро ба Сиёмаки устуравӣ нисбат медиҳанд. Писари ӯ Ҳушанг, ки ҷонишини бобои хеш шуда буд, ҷашни Садаро созмон дод. Аз дидгоҳи оини зардуштӣ Фарҳангмеҳр ин ҷашнро ба ёд овардани нуру равшаноӣ, оташ (энергия) ва ҳарорати он арзёбӣ кардааст.

Пайдоиши оташ аз аҳди Ҳушанг сар карда ба рушду нумӯи ҷомеа, ба роҳ мондани умури кишоварзию домдорӣ (чорводорӣ) мусоидат кардааст. Ба ҳамин иллат дар Ясно ва Яштҳои Авесто бузургии оташ сутуда шудааст. Ин масъала дар «Оташниёиш» чунин омадааст: «Дуруду ситоиш ба ту, эй оташи Аҳуромаздо, меситоям ин равшании поку дурахшонро. Инки ба мо ошкорӣ, тавону неруямон бахшой то беҳтарин андешаву гуфтору кирдорро дошта бошем. Ёриямон деҳ, ки бо бадию зиштӣ ва дурӯғ пайкор кунем. Равони моро полудаву пок гардон аз бадиву роҳи бефарҷоме, то шоистаи парастиши Аҳурои бузург бошем».

Умуман, дар Авесто оташ аз панҷ қисм иборат аст. Ин қисмҳо дар Яснои 11, 17 ва тафсирҳои паҳлавии он оварда шудаанд. Мувофиқи маъхазҳои мазкур, оташи аввалро оташи Баҳром меномиданд, ки оташи судманду муқаддас ва маншаи осмонӣ дошт. Оташи фурӯзони оташкада ҷузве аз он оташи осмонӣ дар назди Аҳуромаздо маҳсуб мешуд. Он рамзи ростие дониста мешуд, ки ба одамон қувваю неру мебахшад. Оташи Баҳром 16 намуд дошт, ки аз оташи хонаводагии табақаҳои гуногуни рӯҳониён, сарбозон, тоҷирон, косибон ва ғайра иборат буд. Сада ба ҳамаи панҷ қисми мазкур робитаи бевосита дошт.

Абӯрайҳони Берунӣ ҷашни Садаро ба Ардашери Бобакон ихтисос додааст ва Имомуддин Закариёи Қазвинӣ низ дар «Аҷоиб-ул-махлуқот» ҳамин фикри ӯро такрор намудааст, вале ба фикри Ҳошими Разӣ дар «Ҷашнҳои Эрони бостон» онҳо шарҳе дар ин маврид  дар осори худ  надодаанд. Ба назар чунин мерасад, ки Ардашери Бобакон ҷашни бошукӯҳи Садаро барпо карда, ки он хотирмон будааст ва аз ин рӯ, мутафаккирони асрҳои миёна онро дар осорашон зикр намудаанд. Навирӣ дар «Ниҳоят-ул-одоб» ҷашни Садаро ёдгоре аз пирӯзии 34 писари Таҳмурас бар Афросиёб пиндошта, дар ин хусус навиштааст: «Эрониён ҷашни Садаро дар поёнии рӯзи даҳум аз обанмоҳ (яъне 31 январ) ва шаби ёздаҳум баргузор мекунанд ва бар онанд, ки чун Афросиёб Бобулро забт кард ва басотати ҳукумат бигустаронид, ба ситаму бедод бино гузошт ва фасод фаровон гашт. 34 писари Таҳмасп дар ин ҳангом бо ӯ пайкор оғоз карданд ва вайро ба билоди турк пас ронданд. Ин иттифоқ (ҳодиса) дар обонрӯз аз моҳи баҳман рӯй дод ва эрониён бо шодмонӣ  ҷашн сохтанд ва он ҷашн сеюмин иди бузурги онон қарор гирифт пас аз Наврӯз ва Меҳргон».

Аз рӯи маълумоти  Ҳаким  Хайём дар «Наврӯзнома», ҷашни Сада ба пирӯзии Фаридун бар Бюрасп (Заҳҳок) нисбат дода шудааст. Ӯ дар асари ёдшуда навиштааст: «…Ҳамон рӯзе, ки Заҳҳокро бигрифта ва мулк бар вай (яъне Фаридун - Ҳ.М.) рост гашт, ҷашни Сада бинҳод ва мардумон, ки аз ҷабру ситами Заҳҳок бираста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз оини он подшоҳони некаҳд дар Эрону Турон ба ҷой меоранд.      

Сада ҷашни мулуки номдор

аст,

Зи Афридуну в-аз Ҷам ёдгор

аст.   

Гузинаҳои (вариантҳои) дигаре низ дар дафтари таҳқиқи ҷашнҳои куҳан роҷеъ ба номгузории ин ҷашн вуҷуд доранд. Агар ба умқи ин гузинаҳо назар афканем, чунин ба назар мерасад, ки дар ҷашни қабл аз наврӯзии ниёгонамон тазодҳои иҷтимоӣ дар шахси Фаридуни тилисмшикан ва Заҳҳоки морон ба таври муборизаи шадид тасвир шудаанд. Муносибати тарафайни ин ду шаҳриёри аҳди қадим тавре матраҳ гардида, ки яке аз онҳо бо фиребу найранг зимоми ҳукуматро ба даст гирифта, мехоҳад ҷомеаро ба вартаи ҳалокат қарор бидиҳад, дуюмӣ мубориза бурда, ҷомеаро мехоҳад аз вартаи ҳалокат наҷот бидиҳад. Ин мубориза дар сатҳи шаҳриёрон сурат мегирад. Дар ин ҷо ғалаба ба муқобили Заҳҳок тавассути Фаридун беҳтарин пирӯзии некӣ бар бадӣ дар набарди ҳалокатбори нуру зулмат мебошад, ки мутаассифона, чунин ҳолатҳо дар таърихи ҳаёти иҷтимоию сиёсии ниёгони ориёии мо низ ҷой доштааст.

 

Муҳаммадқул Ҳазратқулов,

 доктори илми фалсафа,

профессор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш