Нашрияи Омӯзгор

Худро бишнос!

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 168        Шарҳ: 0

 

Худшиносӣ аз давроне, ки ҷомеаи инсонӣ ба шакли муайян даромад ва эҳтиёҷ ба назму тартиби муносиботи иҷтимоӣ ба миён омад, ба масъалаи аввалиндараҷа дар ташаккули шахсият ва таҳаввули миллату давлат табдил ёфт. Тибқи устураҳои Юнони бостон, дар ибодатгоҳи ҳамон замонҳо маъруфи Делф бо хатти заррин навишта буданд, ки «Худро бишнос!».

Аммо сарчашмаи ҳама гуна донишу фазл ақл аст ва дар ин маврид паёмбари ислом Муҳаммад (С.а.с.) «ақли комил»-ро асоси хештаншиносӣ фармудааст. Дар ин хусус ҳадиси саҳеҳ низ боқист: «Ақл ба се қисмат аст, ҳар кӣ ҳамаро дорад, ақлаш комил ва ҳар кӣ ҳеҷ якеро надорад, бехирад аст, ақли комил – худро дуруст шинохтан, хуб итоат кардан ва сабри неку дар анҷоми вазифа аст». Аз ин хулоса мешавад, ки худшиносӣ аввалин нишонаи ақл аст. Ҳамин гуна мавқеъгирӣ ва хулосаро дар фалсафаи Юнони қадим ва Аврупои асримиёнагӣ, дар масеҳияту таълимоти Конфутсий ва ҳатто дар таълимоти марксизм низ дидан мумкин аст. Карл Маркс гуфта буд, ки «худшиносӣ шарти аввалини хирадмандист». Худшиносӣ ба адабу маънавият низ решапайванд аст, аммо ин ҳар дуро сарчашма боз ҳам худҷӯӣ ва мавқеи худро шинохтан аст.

    Ҳар шахс бояд донад, ки моҳияти ҳастии ӯ чист ва дар зиндагӣ чӣ нақшу мақом дорад. Худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои олӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва муқад-даси ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Бедор намудани ҳисси худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба он хотир аст, ки ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ақидаҳои намояндагони созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва равияҳои тундгаро нагарданд. Бо ин мақсад дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ниҳодҳо, ба муқобили бегонапарастӣ ва пешгирии пайравӣ ба мафкураҳои ифротгароиву террористӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ мондан зарур аст.

 

Саломат Ғуломова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш