Нашрияи Омӯзгор

Ободонии табиат-ободии Ватан

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 169        Шарҳ: 0

 

Ниёгони мо захираҳои табииро ба мисли об, ҳаво, замин, парандагон ва рустаниҳо муқаддас медонистанд ва барои барқаррорсозии онҳо кӯшиш менамуданд. Ба воситаи ҳашарҳо дарахту буттаҳо мешинонданд, сарчашмаҳои об ва обҳои ҷориро тоза, ҳайвонот ва растаниҳоро муҳофизат мекарданд.

Мутаассифона, имрӯз гуфта метавонем, ки маърифати экологии аҳолӣ коҳиш ёфтааст ва таъсири манфии инсон ба табиат хеле зиёд ҷой дорад. Одамон дар рӯзҳои гарм аз  сояи дарахтон истифода мебаранд, вале барои барқароркунии онҳо андеша намекунанд, медонанд, ки об муъҷиза аст, вале онро олуда мекунанд, партовҳоро ба муҳити атроф партофта муҳити зистро вайрон мекунанд. Инсоният дар кадом ҳолате набошад, дар куҷое, ки зиндагӣ накунад, ҳама хурду бузург ба табиат ва ҳастии он эҳтиёҷ дорад.

Солҳои охир дар натиҷаи амалҳои номатлубу ношоиста, бесалоҳиятии созмонҳои гуногун нисбат ба муҳити зист, истифодаи аз ҳад зиёди захираҳои табиӣ, зиёдшавии партовҳои саноатӣ, истифодаи ҳаматарафаи Замин ва афзоиши босуръати аҳолӣ ба он оварда расонид, ки на фақат саломатии инсон, балки мувозинати экологии биосфера низ коҳиш ёфта истодааст. Иллати дигари коҳиш ёфтани вазъи экологии кишвар он аст, ки қисми зиёди аҳолӣ аз экология ва муҳити зист, қонуниятҳои ҳамзистии организмҳои зинда огоҳӣ надоранд ва аз маърифату фарҳанги экологӣ хуб бархӯрдор нестанд.

Дар гузашта таъсири инсон фақат ба олами набототу ҳайвонот бештар мушоҳида карда мешуд. Ҳоло бошад дар натиҷаи тараққиёти иншооти сохтмонӣ, манзилҳои зист, зиёд шудани корхонаҳои саноатӣ, васеъшавии истеҳсолот ва зиёд шудани нақлиёт боиси мураккабшавии ҳолати экологӣ ва олудашавии муҳити зист мегардад. Аз беаҳамиятии инсон нисбат ба табиат дар кишварҳои ҷаҳон қабати серҳосили замин аз 2/3 ҳисса кам гардидааст, миқдори газҳо дар атмосфера кам шуда, захираҳои оби нӯшокӣ дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон камёб шуда истодаанд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки солҳои охир дар натиҷаи тағйирёбии глобалии иқлим, рух додани ҳар гуна  офатҳои табиӣ,  ба мисли кӯчиши замин, обшавии пиряхҳо, обхезиҳо, омадани селу тарма, гармсел, кам шудани обҳои дарёҳо нобудшавии ҷангалҳо, кам шудани парандаҳо ва баъзе ҳайвоноти нодир ба назар мерасад. Ҳоло аз 41 масъалаҳои глобалии ҷаҳон 21-тоаш ба экология вобастагӣ дорад. Ин ҳодисаҳо моро водор месозад, ки бояд рафтори худро ба табиат ва захираҳои он тағйир дода, ба табиат дилсӯзона рафтор намоем.

Аз ин ҷост, ки вазифаи асосии инсоният  ҳифзи муҳити зист буда, онро бояд ҳаматарафа дарк намояд. Зеро сарчашмаҳои асосии саломатии инсон ва тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқ дар муҳофизат кардани табиат ва самаранок истифода бурдани ҳамагуна сарватҳои он мебошад.

Саволе ба миён меояд, ки ҳамчун шаҳрванд дар ҳудуди ҷойи зисти худ мо кадом корҳоро карда метавонем, то дар тозагии муҳити зист саҳмгузор бошем. Аз ҷумла:

*мусоидат кардан барои баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон;

*мустаҳкам кардани маърифати экологӣ дар оила, мактаб ва маҳалла;

*ба роҳ мондани тадбирҳои таблиғотӣ оид ба тоза нигоҳ доштани муҳити зист;

*напартофтани партовҳо ба атроф, оби ҷӯйборҳо ва дарёҳо;

*насӯзонидани маводи пластикӣ, зараровар ва ифлос-кунандаи муҳити атроф;

*кабудизоркунии кӯчаву хиёбонҳо ва заминҳои назди ҳавлӣ ва ғайра.

Итминони комил аст, ки мардуми соҳибмаърифати мо ин масъалаҳои муҳимро ба инобат гирифта, боигариҳои табиатро ҳифз мекунанд ва дар тозагии муҳити зист саҳмгузор мешаванд. Фаромӯш набояд кард, ки “Ободии табиат – ободии Ватан” аст.

 

Муродалӣ Кабиров,

омӯзгори биологияи

литсейи «Раҳнамо»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш