Нашрияи Омӯзгор

Зевари ҳарфи наку гавҳари маъност

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 171        Шарҳ: 0

 

Сайидҷаъфар Қодирӣ омӯзгор аст ва омӯзгор будан ифтихори бузургест.

Солҳост, ки дар арсаи илм ранҷ мекашад, ҳам ба шогирдон дарс мегӯяду ҳам пайваста эҷод мекунад.

“Луғати русӣ-тоҷикӣ исти-лоҳоти физика”-и таълифкардаи Сайидҷаъфар Қодирӣ низ соли 1985 рӯйи чоп омад, ки дар роҳи эҷоди луғатҳои дузабонаи нимтафсирӣ таҷрибаи нахустин буда, зиёда аз 2200 истилоҳи физикаро фароҳам кардааст, ки дар риштаи истилоҳот ва фановарӣ бисёр падидаи саривақтӣ буд.

Албатта, беш аз ҳар чизи дигар ангезаи ваҷд аст, ки ақли устодро дар шинохти маънавии мафҳумот такон додааст ва ин шӯру фавқулодаро устод Қодирӣ ба хотири рӯшноӣ бахшидани шуури миллӣ ва эътибор додани маърифати инсонҳо аз дидгоҳи хонанда ва назари орифонаи хеш нигарон намудааст.

Дастранҷҳои устод Қодирӣ дар риштаи физика, аз қабили ду ҷилди “Практикуми физика”, “Хосиятҳои асосии ядроҳои устувор”, “Радиоактивият”, “Моделҳои ядрои атом”, “Бунёди физикаи ҳастаи атом”, китобҳои дарсии “Физика” барои хонандагони синфҳои 7, 8, 9-и мактабҳои таҳсилоти умумӣ, истилоҳшиносӣ, истилоҳсозӣ, нақди илмиву адабӣ... аз вусъати фаъолияти ӯ гувоҳанд.

Ин ҷо ҳадафи мо нигоҳе ба якчанд асарҳои алоҳидаи таълифкардаи устод Сайидҷаъфар Қодирӣ ба монанди «Абармарде дар роҳи илму фарҳанг», «Муаллим», «Пояи давлат намонад бе маориф устувор», «Олами маънӣ шудему доғи ҷаҳл аз мо нарафт», «Бақара» ва «Сафои ботин» мебошад.

Нигоштаҳои илмиву адабӣ ва фановарии устоди закиандеш намунаи барҷастаи таълимоти муосири миллӣ буда, таҳқиқу баррасии ҳар бахши он, ки масоили маърифат, моҳияти нафсонии инсону ҷойгоҳи ӯ дар олам, робитаи инсон бо ҷомеа ва ҳамчунин, шинохти ақлонии ӯро дар мадди назар дорад, аз аҳамият орӣ нест. Ба ибораи дигар, дар саросари эҷодиёти устод нахуст хулқи инсон мақоми шоиста дорад ва ҳадафи устод низ ба ҳайси муфассири ин ғояти номафҳум ошкор намудани асрори оғоз ва ниҳояту рисолати он аст.

Устод дар тӯли фаъолият назариёти орифонаи тасвирофариниро ҷиҳати тариқати футувват ва башардӯстӣ, ки пеш аз ҳама, худи ӯ дар ин масир қарор дорад, ба маърази омӯзиш мегузорад ва аз боби тасвир ҳар иқдоми Одамро инъикос менамояд. Аз муҳтавои эҷодиёти гуногунпаҳлуи устод бармеояд, ки тамоми тамоюлоти Одам низ ба хотири ба камол расидану комил гардидан аст, ки ин амр муҳаққиқонро ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва тафаккур ба ҳайрат гузоштааст.

Эҷодиёти гуногунпаҳлуи устод Қодирӣ, ки дар заминаи омӯзиши ҷанбаҳои фанноварию маърифатӣ ва тарзу равиши тасвирофаринӣ иншо шудааст, аз ҳувияти миллӣ дарак дода, пайваста бо тозакориҳову навгониҳо рӯйи чоп омада, ҷиҳати назариявӣ ва тарзу равиши офариниш тасвири воқеиро дар заминаҳои ирфонӣ, бо фарогирии масоили маърифатӣ ва такомули хулқи одам дар мутобиқат бо тамоми бунбасти эҷодкорӣ, ки орифони гузаштаи миллат истифодаи онҳоро зарур донистаанд, мавриди баррасӣ қарор додааст.

Нуктаҳои ҷудогонаи эҷодии устод Қодирӣ, инчунин, ба таълимоти худшиносӣ ва худогоҳӣ нигаронида шудаанд, зеро устод бевосита, талқингари ягонагиву ваҳдати башарият буда, чӣ дар китобҳои алоҳидаи интишоркардааш ва ба инҳо монанд тариқати хешро дар заминаи омӯзиш ва тарғиби тавҳид, порсоиву сафо бахшидани рӯҳи аҳли башар во гузоштааст.

Илова бар ин, устод дар таҳлили нигоштаҳои ҷудогонаи вобаста ба мавзӯъҳои мубрам, бо кушодани баъзе аз муаммоҳои рамзиву ташбеҳоти тамсилӣ тавонистааст, ки бори дигар назариёти мансуб ба тамаддуни моро ба хонанда ошно сохта, ӯро ба сарчашмаҳои омӯзиши ирфон, ки гузаштагони мо аз ин замина асос ҷуста, комгору бархӯрдор будаанд, ба таҳқиқ мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳад.

Устод Қодирӣ бо нигоштаҳои осори ғановатманди хеш дар шарҳи афкори маънавии ирфон бағоят мумтоз аст, ки инро дар эзоҳи ақидаҳои орифонааш ва дар тасвирҳои ташбеҳбору рамзиёт ва тамсилоти беназири ӯ, дар саросари осори ӯ метавон равшан дарёфт.

Сарчашмаҳои офариниши тасвир дар эҷодиёти устод Қодирӣ, ба пиндори дуруст, бо маърифату маънавияти мардум, андарзу пандномаҳои шифоҳӣ ва ҳикмати бузургони адабу фарҳанг, ҳадисҳои раҳнамову заковатбор, вижагиҳои мантиқии ривоёти бемисли мардум ва тафаккури зиндагисози халқ иртиботи амиқ дорад.

Сайидҷаъфар Қодирӣ, пеш аз он ки ба нигориши сувари хаёл мепардозад, нахуст, дар мутобиқоти андешаҳои мантиқии хеш иртиботи миёни табиат ва инсонро дар ҳамоҳангӣ бо назари ифодагари ҷаззобият мебинад ва ҳамбастагии онҳоро ба мушоҳида мегирад. Аз ин ҷост, ки хонанда ҳангоми мутолиаи эҷодиёти ӯ, ки марбути табиат аст, хешро дар ҷаҳони дигар меёбад ва ин ҷаҳон аз назаргоҳи тахайюли ифодагар мавриди дидан ва нигориш қарор мегирад.

Устод Қодирӣ иддаои нависандагӣ надорад, вале ин андеша дар тору пуди зеҳнаш сангин нишаста, ки нақд як ҷузъи зиндагии ӯст. Дарёфта, ки бе дарки маонӣ, бе эҳсоси сояи равонбахшу неруангезу умедофарини он зистан мушкил ва гузашта аз ин, номумкин аст.

Дарки маонӣ, қабл аз ҳар чиз, забони баён аст. Имконоту зарфиятҳои ҳамин забон аст, ки мо эҳсосоти худро изҳор медорем: вожагону таркиботи гуногунранги забон замоне, ки бо ҳам меоянд, печиш мехӯранд, дунёҳое диданиву тамошоӣ меофаринанд.

Аз сӯйи дигар, дарки маонӣ бешак чашмест, ки ба мо тавони дидан ва дигаргуна диданро фароҳам месозад. Вуҷуди ин гавҳари бинандагӣ зеҳни моро бо наззораи саҳнаҳои аҷиби мавҷудоти табиат бармеангезад. Пеши назари мо хуршед лашкари сияҳандардуди абрҳоро вожгун месозад ва сӯйи мо лабханд мезанад, лабханди меҳру нур. Ин лабхандҳои оташолуд бо сарманзили баргҳо фурӯ мерезанд, бодҳоро канор мегиранд ва дарки маонӣ роздору ғамгусор, даргири мост. Дар хилвати фараҳбахши он мо гоҳо рӯҳи ғамину андуҳгини хешро метаконем, аз ранҷу дардҳо пок месозем, аз дӯст доштан, аз шодиву нишот сухан ба миён меорем.

Аз пайванди созгори зиндагӣ метавон мисолҳо зиёд зад. Мағзи эҷоди устод Сайидҷаъфар Қодирӣ гувоҳӣ медиҳад, ки ӯ ба умқу жарфои ин пайванди зебоиофаринӣ расида.

Ҳама гуна офаридаҳои устоди арҷманд савияи муайяни рушду камоли маънавии фарди даррокро тақозо мекунад, чи хонанда бошаду чи мунаққид. Хосса ба ҷиҳати он ки ҳар як кашфиёти амиқи адабиву бадеӣ, мисоли кашфиёти бузурги илмиву техникӣ, одатан, ҳисори аҳкоми куҳна ва қолабҳои анъанавиро шикаста, худ миқёсу меъёрҳои нави эстетикиро муайян ва муқаррар менамояд.

Дарунмояи нигоштаҳои устод Қодирӣ гуногунанд. Мурғи ёдаш бо болҳои нозуки вожагони ҷаҳони маонӣ пайваста сӯйи наврустаҳо парвоз мекунад.

Нигоштаҳои устод Қодирӣ дарёи калони серобро мемонад, ки зоҳиран ором намояд ҳам, ботинан талотумҳо дорад, ҳатто, беқарор ҳам аст, вай чандин ҷараёни зериобӣ дорад, ки ҳар яке ҳомили як олам андешаҳои адабиву фалсафист.

Ин фишурдаро нисбат ба  нигоштаҳои алоҳидаи устоди гиромиқадр, донишманди қавигуфтору борикбин Сайидҷаъфар Қодирӣ бо афкори аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, ки матлабаш ашхоси тозаандешу поккор будааст, ҷамъбаст кардан ба маврид мешуморам:

Хунук инсон, ки ҷонаш

беқарор аст,

Савори роҳвори рӯзгор аст.

Қабойи зиндагӣ бар қоматаш

рост,

Ки ӯ навофарину тозакор аст.

 

Бо арзи эҳтирому самимияти бепоён, шогирдатон

Самариддин


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш