Нашрияи Омӯзгор

Миллати фарҳангию тамаддунсоз

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 550        Шарҳ: 0

 

Марҳила ба марҳила пеш рафтану  шукуфотар гардидани Тоҷикистони  соҳибистиқлол, албатта, барои ҳар яки мо-сокинони ин кишвари биҳиштосо нишотбахшу гуворост.

Раванди инкишофу тараққии рӯзафзуни Ватани азизамон, пеш аз ҳама ва пурҷилотар аз ҳама, дар Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун дар оина инъикос меёбад. Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, ки 26 декабри соли 2019 ироа  гардид, бори дигар вусъати созандагиву  бунёдкориҳоро дар паҳнои  кишвари маҳбубамон собит намуд. Басо хушоянд аст, вақте ки сухани пурмеҳру садоқат, сухани саршор аз ифтихори ватандорӣ, сухани воқеъбинонаву асосманд аз пешрафти ҷумҳурӣ ва комёбиҳои навини он мешунавем. Инак, дар саросари мамлакат чандест, ки ҳамагон сухан аз Паёми Пешво мегӯянд, онро батакрор меомӯзанд ва вобаста ба он  фаъолияти худро вусъат мебахшанд.

Бо муҳтавои васеи Паём ва ҳадафу дастурҳои он ошно гардида, беихтиёр ин сатрҳоро ба забон меоварем:

Паёми Пешво чун раҳнамо бар Парлумон гардид,

Ки онро муҳтаво пирӯзиҳои тоҷикон гардид.

Паёмаш бо Ватан оғозу анҷомаш Ватан бошад,

Ватан ҳамчун гуҳар ҳар шахсро вирди забон гардид.

Сарвари кишвар дар Паём иттилоъ доданд, ки ҳоло  мо дар давраи анҷомёбии марҳилаи аввали «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва оғози марҳилаи дуюми  он қарор дорем. Вобаста ба ин, Президенти мамлакат супориш доданд ба Ҳукумати  ҷумҳурӣ, ки то охири соли 2020 барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021-2025 таҳия ва қабул карда шавад. Бояд гуфт, ки  Стратегияи мазкур ҳадафҳои бовусъат дошта, пеш аз ҳама, ба такмили некуаҳволии мардум, равнақи тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар, бунёди иншооти навини иқтисодиву иҷтимоӣ нигаронида шудааст. Дар татбиқи Стратегияи  миллии рушди ҷумҳурӣ ҳамагон масъулем ва дар ин кори бузургу бардавом бояд ҳиссагузор бошем. Дар ин санади барномавӣ барои рушди соҳаҳои маорифу илм низ тадбирҳои зиёде пешбинӣ шудаанд. Ин тадбирҳои рушдафзо дар Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ ёфтаанд. Сарвари кишвар дар ин Паёми худ низ ба соҳаи маориф, ба сатҳи таълиму тарбия, ба густариши  маърифати омма, ба бунёди муассисаҳои илмию фарҳангӣ, ба китобу китобхонӣ ба забономӯзӣ, ба нақши одоби ҳамида, ба нангу номуси ватандорӣ, ба пос доштани анъанаҳои неки ниёгон… таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Зикр гардид, ки ҳамеша дар мадди назар доштани ин нуктаҳо барои ҳар фарди ватандӯсту фазилатманд ва тамаддунпарвари ҷумҳурӣ хеле муҳим аст.  Суханони зерини Пешвои миллат хеле самимиятбору пурифтихор садо доданд ва ҳисси миллии ҳамагонро ба таҳрик оварданд: «Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳар чӣ бештар рӯ оварем  ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷо кунем». Ин суханон моро водор месозанд, ки ҳисси миллӣ ва ифтихори миллиамонро таҳким бахшем, бештар омӯзем, ба мероси моддию маънавии ниёгонамон арҷ гузорем ва аз кишвари соҳибистиқлоли худ фахр дошта бошему дар болоравию эътибору нуфузи обрӯяш нақшгузор шавем. Дар ин самт  масъулияти аҳли маориф бештар аст, зеро онҳо ба ибораи Пешвои миллат «машъалафрӯзони ҷомеа» мебошанд ва имрӯзу фардои кишвар аз фаъолияти онҳо вобастагии қавӣ дорад. Суханони хотимавии Паёми Пешво, махсусан, барои аҳли таълиму тарбия хеле масъулиятафзоянд ва онҳоро ва кору пайкори бештаре баҳри ободии диёр ҳидоятгару илҳомбахш мешаванд: «Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон-Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои  наслҳои оянда аз худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд».

Заррина Норова,

мудири кафедраи методикаи таълим

дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи

умумии  ДҷТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш