Нашрияи Омӯзгор

Суруди миллӣ садо медиҳад

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 303        Шарҳ: 0

 

Ҳар рӯз таҳсил дар муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз хондани Суруди миллӣ сар мешавад.Ин ташаббуси наҷиб ҷанбаи баланди тарбиявӣ ва маънавӣ дорад.

Бо чанде аз омӯзгорони таълимгоҳҳо, собиқадорони маориф вобаста ба ин мавзӯъ ҳамсуҳбат шудем.

Анбаров Файзуллобек, директори муассисаи таҳсилоти асосии № 14 – и ноҳияи Роштқалъа:

- Суруди миллӣ яке аз рукнҳои муҳими тарбиявӣ буда, насли наврасро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ, нангу номуси ватану ватандорӣ, ҳувияти миллӣ тарбия мекунад.

Каримов Муҳаммадбердӣ, собиқадори маориф:

- Суруди миллии даврони Шӯравиро аз ёд медонистам. Вақте ки наберагонам аз мактаб омада, дар назди акси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рост истода, даст ба синаи чап бурда, Суруди миллии Тоҷикистонро тантанавор мехонданд, рости гап, худро дошта натавонистам, аз дидагонам ашк рехт. Бо ин одати ҳаррӯзаи наберагонам, ману завҷаам низ Суруди миллиро дар якҷоягӣ бо наберагон қироат кардем.

Сомон Назиров, табиб:

- Ҳар кори хайре, ки ба насли наврас таълиму талқин карда мешавад, ояндаи миллату давлатро қоиму пойдор мегардонад. Мо бояд бештар ба насли наврас арзишҳои бузурги давлати тоҷиконро, бахусус, дар замони соҳибистиқлолии кишвар талқин намоем, шарҳу тавзеҳ бахшем. Яке аз ин арзишҳо Суруди миллӣ аст. Фарзандонам Исмоилу Асалмоҳ дар Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳсил доранд. Ду духтарчаи хурдсолам муҳассилини мактабанд. Ҳамаи мо Суруди миллиро якҷоя мехондем. Фарзандонам дар Донишгоҳи забонҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой дар тан либоси миллӣ доранд. Ин амалҳои хайр писанди устодону ҳамсабақонаш шудааст.Тоҷикистониён дар хобгоҳ Парчами Тоҷикистон, матни Суруди миллӣ ва Нишони миллӣ доранд. Ҷашнҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва Наврӯзро сарҷамъона ҷашн мегиранд. Ҳамаи ин амалҳо аз муҳаббати беандозаи ҷавонони кишвар нисбат ба Ватани азиз –Тоҷикистони биҳиштосо дарак медиҳад.

- Сафина Абдуллоева, доктори илмҳои филологӣ, профессор:

- Ёд дорам, ки баъди ба вуқӯъ омадани таркиш дар Маркази савдои Амрико рӯзи дуюм аз ҳамаи тирезаҳои хонаҳои истиқоматӣ байрақи ин мамлакат чун рамзи мотаму хафагӣ ба поён ҳамоил шуд. Агар зодгоҳ аз домони модар, хона, деҳа ва роҳи деҳа, ки ба берун мебарад, оғоз шавад, Ватанро бо тамомияти арзӣ ва рамзҳояш метавон шинохт. Ҳанӯз дар таълиму тарбияи насли наврас камбудиҳо вуҷуд доранд. Як гурӯҳи мардум ба ҷамъ овардани сармоя машғуланду ба таълиму тарбияи фарзандон ба таври бояду шояд диққат намедиҳанд. Аз он бехабаранд, ки сармояи бебаҳои падару модар фарзанд аст. Яке аз роҳҳои тарбия арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ мебошад.

 Таҳияи Ҷ. Қозибеков,

 “Омӯзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш