Нашрияи Омӯзгор

Ташаббусҳои башардӯстона

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 282        Шарҳ: 0

Соли 2019-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, ки дар ҳафтаи охири соли сипаришуда ироа намуданд, барои аҳли Ватани азизамон соли бобарор тавсиф бахшиданд.

Нишонаи асосии бобарории ин сол дар он дониста шуд, ки дар дарозои он ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии роҳбарияти мамлакат-баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишвар қадамҳои устувор ба пеш гузошта шуд. Диёрамон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфту ба истиқлолияти энергетикӣ расид ва амнияти озуқавории худро таъмин кард. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзуд, саноату иқтисодиёт пеш рафт, ҳаҷми умумии даромади буҷети ҷумҳурӣ зиёд гашт ва муҳимтар аз ҳама, некуаҳволии бештари мардум таъмин шуд. Чунонки аз Паём иттилоъ дарёфтем, дар соли 2019 сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ 27,5 дарсад коҳиш ёфта, ҳисоби миёнаи  умри сокинон то ба 75 сол боло рафтааст. Ин ҳам нуктаи муҳим аст, ки дар ин давра аҳолии мамлакат қариб ба 9,5 миллион нафар расидааст. Ҳамбаста ба масоили марбут ба некуаҳволии аҳолӣ ва рушди мамлакат дар Паёми навбатӣ ба масъалаи оби тоза ва истифодаи оқилонаю сарфакоронаи он ҷиддан дахл карда шуд. Пешвои миллат бо ҷиддият аз ҳамагон даъват намуданд: «Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон кишвари сероб мебошад, дар  шароити имрӯза ва бо дарназардошти манфиатҳои наслҳои оянда мо бояд роҳҳои истифодаи самараноку сарфакорона ва муносибати эҳтиёткорона бо захираҳои обро васеъ ҷорӣ намоем». Дар  ҳақиқат, беэҳтиётиву исрофкорӣ нисбат ба ҳар чизи фаровон боиси маҳрумиятҳо мегардад. Сарфакор баракат меафзояд ва шарофат мебахшад. Талошҳову ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ вобаста ба масоили пайванд ба об ва истифодаи оқилонаи он ба ҳамин нуктаҳо марбутанд. Ҳоло соли дуюм аст, ки дар тамоми дунё Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҷараён дорад, ки ин ташаббуси башарпарварона алоқаманд ва пешниҳоду ибтикори Сарвари кишвари мо дорад. Тавассути ин ва як қатор иқдомҳои дигари Президенти ҷумҳуриамон акнун ҷаҳониён Тоҷикистонро чун кишваре мешиносанду эҳтиром мекунанд, ки гарчи худ шодобу  сероб аст, талош меварзад, то тамоми аҳолии дунё аз оби тоза танқисӣ накашанд.

Умуман, азму талошҳои башардӯстонаи Тоҷикистон дар масъалаи таъмин бо оби тоза ва истифодаи оқилонаи он дар паҳнои ҷаҳон шоистаи омӯзиш  аст ва аз ин ҷост, ки дар Паём Пешвои миллат зикр карданд: «Ба ҷаҳониён шарҳ додани аҳамияти ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, пеш аз ҳама, вазифаи олимони кишвар мебошад».

Мо, омӯзгорон, бояд вобаста ба ин масъала бо шогирдонамон пайваста машғулиятҳои муассиру пурмазмуни тарбиявию маърифатӣ баргузор намоем.

Раҳима Хушқадамова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш