Нашрияи Омӯзгор

Мо барои бахти тифлон зиндаем!

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 175        Шарҳ: 0

Мо, занҳо, як умр дар талоши бахти фарзандон ва наздикони худ ҳастем. То нафаси охирин ҳаракат мекунем, ки тифлон аз тамоми хушиҳо ва неъматҳои зиндагӣ баҳравар шаванд. Махсусан, омӯзгорон тамоми фаъолият ва  саъю кӯшиши худро бо он равона мекунанд, ки шогирдони  онҳо аз пешравиҳо ва навгониҳои илму маърифат огоҳу бархӯрдор бошанд. Ҳангоме ки кӯдак ба синни мактабӣ мерасад, ӯ қадамҳои аввалини худро ба даргоҳи илму маърифат мегузорад. Модари меҳрубон фарзандашро ба дасти муаллимаш супорида мегӯяд, ки шумо муаллими аввалини фарзанди ман мебошед. Бехабар аз он ки аслан, худ омӯзгори аввалини тифлаш мебошад. Волидон фарзандашонро бо орзую умед ба воя мерасонанд ва аз ӯ умедҳои зиёде доранд. Бовар доранд, ки оянда фарзандашон шахси бомаърифат ва пешқадами ҷомеа, муҳофизатгари Ватан-Модар ва такягоҳи онҳо мегардад. Дар ин росто, бояд муносибати оила ва мактаб бавусъат бошад. Агар волидон бо мактаб муносибати қавӣ дошта бошанд ва сари вақт аз камбудиҳою пешравиҳои фарзанди худ огоҳ шаванд, бача ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегӯяд,  падару модар ва омӯзгорони худро фиреб дода наметавонад. Аммо афсӯс, волидоне ҳастанд, ки ҳатто намедонанд фарзандашон дар синфи чандум мехонад ва кадом омӯзгорон ба ӯ дарс мегӯянд. Аз  ин хунукназарии онҳо фарзандон истифода бурда, ба ҳар гуна роҳҳои хато  рафтанашон мумкин аст. Бинобар ин, азбаски оила асосгузори таълиму тарбияи фарзанд мебошад, бояд муносибати қавӣ ва ҷиддиро бо муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монад, мақсади мо тарбия ва таълим додани фарзандони бономусу бомаърифату боодоби ватандӯст мебошад. Ояндаи дурахшони онҳо, бахту иқболи ҳар як тифли мо аз ободии кишвари азизамон вобаста аст.

Раҳима ДӮСТОВА,

Луъбат ҲАСАНОВА,

омӯзгорони мактаби №1-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш