Нашрияи Омӯзгор

Ҳифзи арзишҳои миллӣ - рисолати мо

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 173        Шарҳ: 0

 

Дар ҳошияи китоби Абдусаттор Одинаев «Истиқлолият ва фарҳанги миллӣ». - Душанбе, 2019.- 376 саҳ.

Ба табъ расидани китоби пурмуҳтавои  номзади илмҳои фалсафа, дотсент Абдусаттор Одинаев таҳти унвони «Истиқлолият ва фарҳанги миллӣ (маҷмӯи мақолаҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)» зери назари доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар масири ҳифзи арзишҳою ормонҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба асолати фарҳанги миллӣ ва ҷалби ҳар чӣ бештари хонандагон ба масъалаҳои мазкур боиси таҳсин буда, ба сифати манбаъ ҷиҳати инкишофи дониши назариявии доираи васеи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоию касбӣ ва олӣ хидмат менамояд.

Мундариҷаи китоби мазкур фарогири масъалаҳои дархӯри замони соҳибистиқлолии мамлакатамон - мақоми шахсияти барӯманд, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати навини тоҷикон, тафаккури миллӣ: моҳият ва омилҳои ташаккули он, ҷаҳонишавӣ ва паёмадҳои он, рушди иқтисодиёт дар замони соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Ҳамчунин, омӯзиши таълимоти Абуҳанифа ва шинохти фарҳанги миллӣ, масоили инкишофи илм дар баромади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат (20 марти соли 2004), ҳамкории байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи бурсияҳои кишварҳои хориҷӣ, ихтироъкорон  неруи тавонои миллат, нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини ҳӯқуқи шаҳрвандон ба таҳсил, баланд бардоштани салоҳияти касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, усулҳои фаъоли таълим ва такмили ихтисос, мақому мартабаи Одамушшуаро аз нигоҳи донишмандон, Имом Ғазолӣ яке аз шахсиятҳои бузурги олами ислом, терроризм ва экстремизм – вабои асри 21 ва ғайраро дар бар мегирад.

Муаллиф дар мақолаи «Абармарди майдони сиёсат ва адолат», ки ба фаъолияти пурвусъати Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, аввалтар аз ҳама  мафҳуми «истиқлолият»-ро аз дидгоҳи илми сиёсатшиносӣ шарҳи муфассали илмӣ дода, ба ин маънӣ минбаъд перомуни ин масъала аз нуқтаи назари илми ҷомеашиносӣ сухан карда, ба таври возеҳу дақиқ роҷеъ ба нақши сарвари сиёсӣ дар ташаккули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ақидаҳои ҷолибро матраҳ менамояд.

Донишманди муҳтарам Абдусаттор Одинаев ба таври мисол дар китоби мавриди назар аз шахсиятҳои барӯманд ёдрас гардида, оғози раванди истиқлолиятхоҳии давлати тоҷиконро (9 сентябри соли 1991) марбут ба қабули Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста, онро тафсир мекунад.

Нигорандаи мақола мақоми бузургу мондагори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар шароити вазнин, вазъиятҳои мураккаб ва сангини ҷомеа ташреҳ бинмуда, зикр менамояд, ки барои кишваре мисли Тоҷикистон дар зинаҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ шахсияти бузург ва ҷасуре лозим буд, ки тавонад давлатро аз гирдоби ҳодисаҳои берабт, пурихтилоф берун барорад ва марҳилаи аввали аз ин моҷарои мудҳиш фаро рафтанро ба баргузории Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд ва ба сари ҳокимият омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳисобад ва ин фарзия далели қотеъ аст.

Баъдан перомуни асолати ҷанбаҳои маърифатмандӣ, ҷаҳонбинӣ, ғояҳои худшиносии миллӣ чун омили рушди давлатдории Тоҷикистон андешаҳои худро иброз намуда, дар ин росто хидматҳои беназир ва мондагори Пешвои миллат-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро перомуни ин ғояҳо, ки дар зер оварда мешавад, дар китоб вобаста ба мазмуни масъала бисёр ҳам мувофиқ дарҷ менамоянд: «Худшиносӣ ва ифтихори миллӣ пойдевори бақои миллат мебошад. Миллате, ки забону тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро қадр намекунад, пояҳои истиқлолиятро низ чандон дер пуштибонӣ карда наметавонад».

- Вобаста ба вазъи мушаххаси сиёсӣ нахустин иқдоме, ки Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш гирифтаанд, муайян намудани роҳи минбаъдаи кишвар, яъне, сохти давлатдорӣ буд. Аз ин хотир, ба мушкилоти ниҳоят вазнини сиёсӣ нигоҳ накарда, Сарвари давлат доктринаи ба худ хоси  намунаи давлатию ҳуқуқии инкишофи Тоҷикистонро кор карданд, - афзудааст А. Одинаев.

Шарти дуюми муқтадирии давлати соҳибистиқлол  дар қабули Конститутсия  ва барқарор намудани  сохти конститутсионист. Ин нукта дар мақола таъкид гардида, натиҷаи ниҳоӣ ба назари зайл  ҷамъбаст мегардад: «… Низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар заминаи Конститутсияи он ташаккул ёфтааст, ба арзишҳои умумибашарӣ такя карда, барои инкишофи минбаъдаи кишвар  мусоидат кард» (саҳ.19). Дар қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994) саъю эҳтимоми Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармало зикр гардидааст.

Аҳамияти бузурги мақомоти қудративу низомӣ дар пойдории Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таъмини сулҳу ризоияти миллӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва татбиқ намудани барномаҳо доир ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, рушди арзишҳои фарҳанги миллӣ ва дар маҷмӯъ, саҳми беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои наҷоти миллати тоҷик аз вазъиятҳои даҳшатафзо дар мақолаи «Абармарди майдони сиёсат ва адолат» ба таври мушаххас баён ёфтааст.

Ҳамин тавр, муаллиф минбаъд аз баромадҳои Пешвои миллат роҷеъ ба соҳаи илму маориф иқтибосҳо намуда, омӯзиши пайвастаи онҳоро ҷиҳати баҳрабардорӣ ва дар ҳаёт татбиқ намудан ташвиқу тарғиб менамоянд, ки саршор аз аҳамияти таълимию тарбиявӣ ва ахлоқианд.

Китоби пурмуҳтаво, ки ба истиқболи 30-солагии ҷашни пуршукӯҳи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, бешубҳа, барои омӯзиши доираи васеи хонандагон, хоса омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва олӣ нақши судмандро иҷро мекунад.

Меҳриддин Ғиёсӣ,

мудири кафедраи психология, педагогика ва методикаи таълими Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш