Нашрияи Омӯзгор

Тоҷикистон - кишвари азизи ман

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 165        Шарҳ: 0

 

Раванди ҷаҳоншавии фарҳангҳо ва рақобатҳои шадиди иқтисодиву сиёсии давлатҳои олам мо - омӯзгоронро вазифадор мекунад, ки ба мавзӯи тарбияи ватандӯстии шогирдонамон эътибори ҷиддӣ диҳем.

Хушбахтона, ба аҳамияти махсус молик будани ин мавзӯъро зиёиёни кишвар ва шахсони масъул хуб дарк кардаанд. Натиҷаи ҳамин дурандешӣ ва ояндабинӣ буд, ки ба хотири ҷаҳони маънавии наврасону ҷавононро ғанӣ ва истеъдоду ҳунари онҳоро тарбият кардан озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» гузаронида шуд. Дар озмун шоирони ҷавон, ровиён, рассомон, оҳангсозон, сарояндагон ширкат карданд. Бахшида ба Тоҷикистони азиз шеърҳои тавсифӣ, оҳангҳои ҷаззобу ифтихорангез, сурудҳои пурмазмун эҷод карда шуданд. Ҳар як иштирокдори озмун меҳру ихлоси худро ба меҳани азизаш - Тоҷикистони офтобӣ ифода кард. Онҳо тавонистанд, ки таърихи ибратбахши миллат, адабиёти оламшумули классикӣ, шукӯҳи истиқлолият ва ганҷинаи табиати нотакрори Тоҷикистонро васф кунанд, имрӯзи халқи ободкори моро ҳамчун идомаи дирӯзи пурфайзу омӯзанда нишон диҳанд.

Вобаста ба озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» муҳимтарин нукта он аст, ки иштирокчиён арзиши бебаҳо доштани истиқлолро таъкид карданд. Мо чунин чорабиниҳои бузурги сиёсӣ – фарҳангиро танҳо дар замони соҳибистиқлолӣ гузаронида метавонем, зеро сарриштаи ҳама кор дар дасти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи бунёдкорамон аст. Мақсади гузаронидани ҳар як озмун тарбияи маънавии ояндасозони Ватан, ба олами худшиносӣ ҳидоят кардани онҳо ва тарғиби фарҳанги миллию ваҳдат аст.

 Чанд моҳе, ки озмун давом кард, моҳҳои ҷустуҷӯҳои эҷодии наврасону ҷавонони мо буд. Дар заминаи корҳои дар ин озмун анҷомёфта тарбия кардани шогирдон аҳамияти калони тарбиявӣ дорад. Аввалан, онҳо дарк карданд, ки ҳунару истеъдод қадр карда мешавад, сониян, донис-танд, ки қадри инсон дар маънавияти баланд доштан аст ва ниҳоят, Тоҷикистони азиз ба ғамхории фарзандонаш ниёз дорад. Саодатманд инсоне, ки дӯстдори Ватан аст.

Ҳастем ҷумла ҷони маҳбуб

Тоҷикистон

Чашму дилу забони маҳбуб

Тоҷикистон.

 

Садбарг Сулаймонова,

омӯзгори литсейи

инноватсионии «Душанбе»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш