Нашрияи Омӯзгор

Маҳаки пешрафти ҷомеа

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 489        Шарҳ: 0

 

Дар шароити инкишофи босуръати  ҷаҳонишавӣ миллатҳо талош мекунанд, ки арзишҳои маънавию фарҳангӣ ва ахлоқии худро аз ҳама гуна хавфу таҳдид ҳифз намоянд.

Огоҳӣ аз таърихи ниёгон, шинохти марзу буми аҷдодӣ, ҳифзи фарҳангу адаби миллӣ метавонад ливо ва раҳнамои  мо дар замони ҷаҳонишавӣ ба сӯйи пирӯзиҳо  бошад. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди ҷаҳонишавӣ ба фарҳангу  забон ва тамаддуни  пурғановати тоҷик таъсиргузор гардидааст.

Яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат ҳифзи  асолати миллӣ, забону фарҳанг, аз ҷумла,  ёдгориҳои  таърихӣ мебошад. Айни ҳол  ҳифзи забон, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ яке аз самтҳоест, ки давлат ва мардуми Тоҷикистон онро пайгирӣ мекунанд.

Забони давлатӣ, бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ, гузашта аз ин, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Тайи солҳои охир бар асари таваҷҷуҳи махсуси давлат ба масъалаи забон, истифодаи он дар коргузории расмӣ  хеле ривоҷ ёфтааст. Метавон гуфт, масъалаи баланд бардоштани ҷойгоҳи забон дар сатҳи давлатӣ пайгирӣ мешавад. Тибқи супориши Роҳбари давлат панҷ иқдом барои тақвияти ҷойгоҳи забони давлатӣ амалӣ мешавад: ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ, таҳияи истилоҳоти илмию техникӣ, компютерӣ кардани забони тоҷикӣ, таҳия  ва чопи китоби мукаммали таърихи адабиёти тоҷик, донистани забони давлатӣ аз ҷониби ҳар як шахси таҳсилкарда, бахусус, кадрҳои  роҳбарикунанда.

Донистани  забони  модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва волотарин арзишҳои фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд.

Дар равандҳои ноороми ҷаҳони муосир зиёиён набояд бетараф бошанд, баръакс, бояд ҳамеша дар сафи пеши корҳои созандагӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва инсонӣ қарор гиранд. Барои он ки миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ хуб муаррифӣ гашта, муваффақияти боз ҳам бештар ба даст орад, пеш аз ҳама, тақвият додани ҳувияти миллӣ ва дар ин асос тақвияти андешаи миллӣ ва ташаккули он зарурат дорад. Ин рисолати муҳимро зиёиёни мамлакат хуб дарк намуда, барои ташаккули андешаи миллӣ бо истифодаи донишу маърифати хеш роҳнамои ҷомеа мегарданд. Воқеан, зиёиёну равшанфикрон ҷавҳари асосии таҳрикдиҳандаи ҳар як давлат ба шумор мераванд ва бо дарки амиқи ин нукта дар Тоҷикистон нақши зиёиёну равшанфикрон дар роҳи худшиносии миллӣ, пешрафту тараққиёт ва ҳифзи таъриху тамаддун густариш меёбад.

 

Тахмина ГУЛАКОВА,

 омӯзгори мактаби рақами 24,

 ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш