Нашрияи Омӯзгор

Ном чу ҷовид шуд...

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 183        Шарҳ: 0

 

Кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамсоли донишгоҳ буда, аз оғози фаъолият то кунун дар тарбияи мутахассисони соҳаи филология саҳми муносиб гузоштаст.

Аз ҷумлаи устодони кафедра, ки дар баробари фаъолияти илмию омӯзгорӣ дар ташаккули кафедра ҳамчун маркази таълимию илмӣ нақши мондагор гузоштаанд, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назира Қаҳҳорова мебошад. Ӯ фаъолияти хешро дар кафедра ба сифати лаборанти калон сар карда, баъд аз ҳимояи рисолаи номзадӣ ба сафи муаллимон пайваста, соҳиби унвони илмии дотсентӣ мегардад. Мутаассифона, гурги аҷал амон намедиҳад, фурсати ҷавлон дар майдони зиндагӣ ва паҳнои фарохи пажӯҳандагӣ барояш баногоҳ қатъ мегардад, орзуҳои ширини зиндагӣ, нақшаи корҳои илмӣ нотамом мемонанд, муаллима дар соли 1984 вафот мекунад.

Бахти муаллима Назира Қаҳҳорова агарчи дар тӯли умр омад накардааст, дар фурсати андаки зиндагӣ, дар фаъолиятҳо, ҷустуҷӯйҳои илмӣ ҳамвора муваффақ будаанд. Ҳусни маҳзари вижаашон дар гуфтору рафтор ва дар муносибат бо муаллимони кафедраю шогирдон сари забонҳост, қироати шеър ва декламаи хубашон ҳанӯз ҳам дар сабту наворҳо боқист, аз натиҷаи корҳои илмиашон мутахассисону дигар алоқамандон ҳамеша истифода мекунанд, дар суҳбатҳо номашонро ба некӣ ёд мекунанд. Магар аз ин дида бахти бузурге ҳаст?!

Дотсент Назира Қаҳҳорова (24.11.1939-14.02.1984) баъд аз дифои рисолаи номзадӣ дар соли 1970 то охири ҳаёт, ки имтидоди замонии чандон зиёд нест, ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ пайгирона ва ҷиддӣ машғул гардида, корҳои назарраси мондагореро анҷом додааст. Қалами муаллима ба навиштан аз давраи таҳсил дар аспирантура, ки онро соли 1965 хатм кардааст, рост мешавад. Таълифоти адабиётшиносиаш низ аз ҳамин таърих оғоз гардида, асосан, ба таҳқиқи таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик машғул шуда, дар самтҳои дигар, аз ҷумла, баъзе масъалаҳои адабиётшиносии муосир ва нақди адабии ҷорӣ ҳам машғул гардида, ба ғайр аз монография ва китобҳо беш аз чиҳил мақолаи пажӯҳишӣ ба ёдгор гузоштааст.

Монографияи Назира Қаҳҳорова “Саъдӣ ва мақоми ӯ дар инкишофи ғазал”, мутаассифона, то ҳанӯз ба шакли китоб чоп нашудааст. Мавзӯи асосии ин монография омӯзиши ғазалиёти Саъдӣ, муайян кардани мақоми ӯ дар ғазалсароӣ ва таҳқиқ перомуни баъзе хусусиятҳои бадеи ғазалҳои шоир буда, шомили мабоҳиси зерин аст, ки ҳар кадом дар фасли алоҳида таҳқиқ шудаанд: аз таърих ва сайри такомули ғазал то Саъдӣ, ғазал ва ғазалсароӣ дар асри XIII, шоирони ғазалсарои асри XIII, мазмуни ғазалҳои Саъдӣ, Саъдӣ ва анъанаҳои ғазалсароии гузашта, хусусиятҳои услубӣ ва бадеии ғазалиёти Саъдӣ.

Дастовардҳои муаллифро дар ин рисола бояд аз мавқеи вазъи адабиётшиносӣ ва ҳолати омӯзиши ғазалиёти Саъдӣ мувофиқи идеологияи вақт муайян кард. Аз ин нигоҳ, ҳусни монография аз масъалагузорӣ ва дараҷаи таҳқиқи мавзӯъ сар карда, то равиши тарҳи мабоҳиси аслию фаръӣ, баррасии масъалаҳо ва натиҷагириҳо бармало намудор мегардад.

Дар рисолаи мавриди назар чеҳраи шоирии Саъдӣ чунин зебо ва ҳамафаҳм муаррифӣ шудааст: “Мазмуну шакли зебои бадеӣ, забони сода ва равони ғазалҳои Саъдӣ ба оммаи халқи форсизабонон, бо завқу талаботи эстетикии онҳо мувофиқ гардидааст. Саъдӣ аз имкониятҳои дохилии забони форсӣ нисбат ба пешгузаштагони худ васеътар истифода бурда, калимаҳои маъмулии забони худро бо ҳунармандӣ ва устодӣ кор фармудааст. Шоир бо ин забон ифодаҳои хеле дилкаш, таркибҳо, силсилаи образҳо, ташбеҳҳо ва маҷозҳое офаридааст, ки онҳо ҳанӯз ҳам шоёни ибрат мебошанд.

Фикру эҳсосоти пурмазмуни Саъдӣ дар бораи ҳаёту одамон ва бо забони таъсирбахш ифода намудани ҳамон андешаву таъсирот яке аз сабабҳои вирди забон шудани ғазалҳои ӯ гардидааст”.    

Яке аз самтҳои дигари фаъолияти пажӯҳишии муаллима Назира Қаҳҳорова матншиносӣ ва ба нашр омода кардани асарҳои гузаштагон буд. Ӯ дар кори ба чоп омода кардани асарҳои классикони адабиёти тоҷик ва муаррифии аҳволу осори онҳо саҳми муносиб гузошта, дар ин самти фаъолияташ низ корҳои шоистаеро анҷом додааст: мунтахаби ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ бо номи “Чашмаи меҳр” (Душанбе, 1971) ба кӯшиши муаллима дастраси хонандагон шудааст; китоби “Мунтахаби ғазалиёти Саъдӣ” (Душанбе: Ирфон, 1977)-ро ҳамроҳи Иброҳим Ализода ба чоп тайёр карда, ба он муқаддима навишта, дар охир луғатҳои душворфаҳмро шарҳ додаанд; мураттибони ҷилди дуюми куллиёти чаҳорҷилдаи Саъдии Шерозӣ (Душанбе: Адиб, 1989) Саҳобиддин Сиддиқов ва Назира Қаҳҳорова мебошанд. Дар ин маҷмӯа ашъори лирикии шоир: ғазалиёт, маснавиёт, қитъаот, рубоиёт, муфрадот аз девонҳои “Таййибот”, “Бадоеъ”, “Хавотим” ва “Ғазалиёти қадим” фароҳам оварда шудаанд.

Ба чоп тайёркунандагони девони дуҷилдаи ашъори Камоли Хуҷандӣ дар Тоҷикистон Шарифҷон Ҳусейнзода, Назира Қаҳҳорова, Саъдулло Асадуллоев ҳастанд. Ҷилди якуми девон соли 1983 ва ҷилди дуюмаш, баъд аз сафари охирати муаллима, дар соли 1985 зевари табъ ба бар кард. Дар ҷилди якум  ғазалиёт, дар ҷилди дувум илова бар ғазалиёти Камол, ки ӯ, асосан, лирики ғазалсарост, бист рубоӣ, як мустазод, як маснавӣ, қитъаот, муаммоҳо ва муфрадот фароҳам омадаанд.

Муаллима Назира Қаҳҳорова соҳиби истеъдоди баланди қироати шеър буда ва аз нақли устодони бузургсоли кафедра бармеояд, ки дар суханронӣ ҳам маҳорати беҳамто доштаанд. Ин ҳама фазилат, ба назари мо, аз муҳаббати вижаи муаллима нисбат ба забони модарӣ бармеояд. Аз сатрҳои зерин, ки ба муносибати бузургдошти устоди муаллима, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода нигошта шудаанд, чунин маъниро дарёфтан мумкин аст: “Баъзан мешавад, ки ман ҷумлаҳои мақолаҳои ӯро гаштаю баргашта мехонам ва ҳар дафъа ба ширинӣ, зебоӣ ва фасоҳати забони адабии тоҷик иқрор мешавам ва ҳар дафъа, ки ба даст қалам мегирам, кӯшиш мекунам, ки устодвор қалам ронам.

Худи устод ҳам мегӯянд, ки забони тоҷикӣ аз зеботарин ва фасеҳтарин забонҳои олам аст ва аз уҳдаи бузургдошти он баромадан зарур аст” (Равшангари дилҳо. – Душанбе, 1982. – С. 60).  

Дар ҳақиқат, аз уҳдаи бузургдошти забони модариамон, забони давлатии кишвари азизамон баромаданамон зарур аст. Зарурати ин амр, махсусан, дар рӯзгори мо афзудааст. Барои анҷоми ин зарурат ҳамагон бояд аз талошҳои гузаштагони дуру наздикамон, онҳое, ки дар асолату бузургошти забонамон саҳм гузоштаанд, дилсӯзона муносибат кардаанд, ба монанди профессор Шарифҷон Ҳусейнзода ва шогирди бовафояшон дотсент Назира Қаҳҳорова, ибрат бигирем. Ёди чунин устодони ғамхору меҳрубон ҳамеша гиромӣ бод!

Мисбоҳиддини НАРЗИҚУЛ,

Муҳриддин НИЗОМОВ,

докторони илмҳои филологӣ,

устодони ДМТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш