Нашрияи Омӯзгор

Экстремизм, терроризм ва бегонапарастӣ

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 231        Шарҳ: 0

 

Аз масоили муҳими замон, ки метавонад истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро дар кишвар ҳифз кунад, якдилу якмаром шудани мардум аст. Ба назар мерасад, ки бунёди афкори солим дар ҷомеа аз мактаб ва муносибату саводнокии омӯзгорон зиёд вобастагӣ дорад. Дар муассисаҳои таълимӣ мақсаднок ташкилу баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ, дарсҳои тарбиявӣ, вохӯрӣ бо фаъолони ҷомеа, аҳли илму адаб, намояндагони мақомоти қудратӣ бар суди кор аст. Ин масъала бояд ки дар мадди назари доимии роҳбарияти мактаб бошад. Хусусан, дар замоне ки дастрасии ҷавонон ба шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ зиёд аст, онҳо бо паст будани сатҳи донишашон зуд фирефтаи ҳар гуна дасисабозӣ шуда метавонанд. Рисолати мо, омӯзгорон, ҳамин аст, ки шогирдонамон зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ба онҳо бо ҳар роҳу восита фаҳмонем, ки ҳадафи ин гуна гурӯҳҳо ноором сохтани  ҷомеа асту бас. Барои онҳо зумрае аз ҷавонони сода ва ноогоҳро ба гурӯҳҳои хеш шомил сохтан кори осон аст. Дар зеҳни ҷавонон идеологияи ғайри қобили қабулро  ворид менамоянд. Сарварони ин гурӯҳҳо ҷавонони гумроҳро бовар мекунонанд, ки амали онҳо аз рӯи талаботи дин бар манфиати он аст. Бо ин мақсад ҷавонони зудбоварро бо ваъдаҳои ба даст овардани савоби бисёр, дар роҳи ҳақиқат шаҳид шудан, ба биҳишт рафтан ва ғайра фирефта мекунанд. Бояд шогирдони мо дарк кунанд ва донанд, ки маҳз ҳамин гуна ашхос чеҳраи террористро ташкил мекунанд.

  Мо бояд насли ҷавонро чунон тарбия намоем, ки ғурури тоҷикӣ, арзишҳои миллӣ ва нангу номусро фаромӯш накунанд. Набояд гузорем, ки онҳо ба доми фиребу найранги ҳар гуна гурӯҳҳо афтанд. Ҳушёриву зиракиро аз даст надода, фармудаи бузургонро такрор кардан талаби рӯз аст: “Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ”.

Мавҷуда ДОСТИЕВА,

омӯзгори мактаби №49,

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш