Нашрияи Омӯзгор

Модар яктост, Тоҷикистон яктост

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 245        Шарҳ: 0

 

Шеъри устод Лоиқ танҳо хоси замони муайян нест, балки дархӯри тамоми замонҳост. Ҳастанд шоироне, ки ашъорашон мансуб ба як вақт ва барои ду сол ва шаш сол гуфта шудаанд, аз ин рӯ, чунин ашъор дар саҳифаҳои таърих умри тӯлонӣ надоранд.

Яке аз вижагиҳои ашъори устод  дар он аст, ки берун аз қайди замонҳо гуфта  шудааст. Ин  ашъор барои дирӯз, имрӯз ва фардо, барои васли  қарнҳо ҳамчун идомаи осори ниёгон суруда шудаанд. Аз ин лиҳоз, дар ҳама давру замонҳо ҷовидон  боқӣ мемонанд:

Мо  ҳалқаи байни аввалу анҷомем,

Парвардаи асри бисту шири хомем.

Хайём, кӣ гуфт буда безурёте,

Модом, ки мо шаҳписари Хайёмем.

Силсилаи рубоиҳои устод «Ҷоми Хайём» ва дубайтиҳояш «Резаборон» ном доранд. Қаҳрамони ғиноии шоир фарди таҳлилгар, фарохназар, худогоҳ, ватандӯст ва ҷӯянда мебошад:

Дилам дарёст, соҳилҳо куҷоед?

Дилам раҳҷӯст, манзилҳо куҷоед?

Русуми  дилбари омӯхтам ман,

Шуморо ҷӯям, эй  дилҳо, куҷоед?

Мутафаккири  беҳамто Ҷалолид-дини Балхӣ дар зоти худ нотакрор будан ва баҳри коре офарида шудани инсонро таъкид карда буд:

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,

Меҳри онро дар дилаш андохтанд.

Ба ин маънӣ нигоҳи тоза ворид намуда, устод Лоиқ мефармояд:

Ҷаҳонеро ба мо мерос доданд,

Фазоеро пайи  парвоз доданд.

Чу моро модарон зоданд рӯзе,

Заминро ҳамчу пояндоз доданд.

Дар ғазале устод Лоиқ устувории кӯҳро ба ростгӯйӣ ва мусаффо будани чашмаро ба ҷилои ҳақиқат ташбеҳ карда, покизагии ахлоқро ҳидоят менамояд:

Ба мисли кӯҳ якрӯям, ба  сони чашма

ҳақгӯям,

Чунин будам, чунон бошам, ки ин

сонам Худо кардаст.

Рубоиву дубайтиҳои устоди сухан Лоиқ аз тарафи хосу ом пазируфта шудаанд. Дар гармию сардиҳои зиндагӣ дар тамоми маҳфилҳо ин ашъор такрор ба такрор садо медиҳанд ва шуҳрати муаллифро дар ақсои олам паҳн менамоянд.

Шеъри Лоиқ ҷилваи ашъори ҷаҳонии адабиёти форсу тоҷик, нақши тамаддуни таърихию фарҳанги қадим, таровати гулу сабзаҳои Ватан, замзамаи чашмаҳои булӯрин ва рӯдҳои пуртуғёну хурӯшони Тоҷикистони азиз мебошад.

Барҳақ, ин шоири номдор бо осори мондагор  шеъри муосири тоҷикро ба асолати азалиаш баргардонд ва Лоиқ аз бунёдгузорони назми охири садаи ХХ тоҷик ба шумор меравад.

Фатҳуллоҳи Сафарзода,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби №50, шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш