Нашрияи Омӯзгор

Гулчанбаре бо сӣ гул

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 852        Шарҳ: 0

 

Дар таърихи таҳия ва табъу нашри китоб дар кишвари маърифатоину фарҳангофарамон боз як ҳодисаи фараҳбахшу мондагоре ба вуқӯъ пайваст. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашриёти «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Академияи илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва бо дастгирии ҶСП «Ганҷ-нашриёт» 30 китоби бадеиро таҳти унвони умумии «30-солагии Истиқлолият» ба нашр расонд. Ин китобҳо барои хониши мустақилонаи хонандагони мактабҳои мамлакат ва тамоми ҳаводорони адабиёти бадеӣ пешниҳод шудаанд ва дар маҷмӯъ, 8 роман, 42 достон, 5 повест, 2 очерк,  296 ҳикоя, 5 мақолаи публитсистӣ, 12 эссе ва 4300 шеърро фаро мегиранд.

Ба муносибати ин воқеаи нишотафзо охири ҳафтаи гузашта дар толори асосии Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши вусъатманди аҳли  илму адаб баргузор гашт. Академик Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, дар оғоз ҳамагонро ба ифтихори  ба нашр расидани силсилакитобҳои «30-солагии Истиқлолият» табрик гуфта, зикр намуд, ки дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шудану муаррифӣ гардидани чунин силсилакитобҳои пурмуҳтаво рӯйдоди рамзӣ ҳам ҳаст. Ҳамагон хуб медонем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи фазилатҳои дигари фархундаашон шахси хеле китобдӯсту фарҳанггаро низ мебошанд. Ва дар кишварамон силсилаи зиёди китобҳо, аз ҷумла, «Энсиклопедияи миллии тоҷикон», «Ахтарони адаб», «Энсиклопедияи кӯдакон ва наврасон»… маҳз бо ибтикору дастури бевоситаи Сарвари мамлакат ба нашр расидааст. Нашри силсилакитобҳои «30-солагии Истиқлолият» аз беҳтарин ҳадяҳо ба фархундаҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон хоҳад буд.

Дар ин ҳамоиши пуршукӯҳ, ҳамчунин, муовини аввали директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом қосим, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ғуломқодир Бобизода, профессор Абдунабӣ Сатторзода ва Шоири халқии  Тоҷикистон Гулназар суханронӣ карда, силсилакитобҳои мавриди назарро тавсиф бахшиданд ва аз табиати адабпарвари халқи тоҷик ёдовар шуданд. Зикр гардид, ки дар силсилакитобҳои «30-солагии Истиқлолият» беҳтарин намунаҳои назму насри тоҷик дар марҳилаи навини адабиётамон (пас аз Инқилоби Октярб) гирд оварда шудааст ва мураттибону таҳиягарони силсила аз ин лиҳоз хеле огоҳмандонаю саррофона амал кардаанд. 26 китоби силсила ба эҷодиёти адибони  маъруф устод Айнӣ, А.Лоҳутӣ, М.Турсунзода, С.Улуғзода, Ҷ.Икромӣ, Б.Раҳимзода, Ф.Муҳаммадиев, Ф.Ниёзӣ, П.Толис, М.Қаноат, Лоиқ, Б.Собир, Фарзона, Гулназар, С.Турсун, С.Маъмур, Н.Қосим, М.Ғоиб, К.Насрулло, А.Самад, Сорбон, Ӯ.Кӯҳзод, Баҳманёр, Гулрухсор, К.Мирзо ва Р.Назрӣ бахшида шудааст. Дар чаҳор китоби боқимонда, ки «Тазкираи мухтасари назми муосири тоҷик», «Тазкираи мухтасари насри муосири тоҷик», «Тазкираи мухтасари назми муосири бачаҳо» ва «Тазкираи мухтасари насри муосири бачаҳо» ном гирифтаанд, беҳтарин нигоштаҳои адибони дигари тоҷик фароҳам оварда шудааст.

Дар ҳамоиш ба ҳайати мушовараи силсилакитобҳои «30-солагии Истиқлолият» (А.Раҳмонзода, Н.Саид, Ф.Раҳимӣ, Н.Қосим ва С.Давлатзода), ҳайати таҳририя (Л.Назирӣ, Х.Зиёӣ, Ш.Ёрмуҳаммадзода, Н.Салоҳиддинзода, М.Холов) ва ба муҳаррирону тарроҳону  мусаҳҳеҳони силсила сипосмандӣ изҳор шуд.

Аҳли ҳамоиш бо намоиши силсилакитобҳои «30-солагии Истиқлолият» шинос шуда, тақвими соли 2020-ро, ки бо акси силсилакитобҳои мазкур оро дода шудааст, ҳамчун ҳадя дастрас намуданд. Силсилакитобҳои «30-солагии Истиқлолият», ки дар сатҳи баланд ва навоварона оро дода шудаанд (дар сурати қатор чидан дар пушти муқоваи китобҳо дар маҷмӯъ сурати Парчами миллӣ, Қасри миллат ва Нишони миллӣ ба  ҷилва меояд), бешубҳа, ҳадяи арзандаву мондагору арзишманд ба фархундаҷашни миллат мебошанд.

Ин китобҳои бо сифати аъло нашршуда хазинаи маънавии миллатро ғанитар менамоянд ва боз як намои бошукӯҳи адабиёти пуровозаи тоҷик мегарданд.

Бо дастрасӣ ба ин силсила ҳаводорони адабиёт, махсусан, хонандагони мактабҳои Тоҷикистон баҳри ворид гардидан ба паҳнои вусъатманди адабиёти тоҷик имкони бештар пайдо  мекунанд.

Шоистаи тазаккур аст, ки  нашриёти «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи муассисаҳои нашриявии пешсафу тозакор ва навовари ҷумҳурӣ буда, пайваста баҳри ғановатманд бинмудани ҷаҳони маънавии доираи васеи хонандагон ҷидду ҷаҳд менамояд. Сарвари муассиса, ношири собиқадор ва адиби соҳибзавқ Наҷмиддин Салоҳиддинзода дар нашриёт як гурӯҳ кормандони варзидаро гирд овардаасту пайваста бар он мекӯшад, ки китобҳо бо сифату ороиши ҷолиб ва орӣ аз ғалат чоп шаванду беҳтарин китобу дастурҳои таълимӣ ва асарҳои адибони дохилию хориҷӣ марҳила ба марҳила дастраси хонандагон гарданд.

А.Муродӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш