Нашрияи Омӯзгор

Баррасии фаъолияти марказҳои таҳсилоти иловагӣ

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 217        Шарҳ: 0

 

Чанде пеш дар толори қасри фарҳанги шаҳри Норак Шӯрои сайёри созмонҳои хонандагони Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ баргузор гардид.

Дар Шӯро директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Иштирокдорони Шӯрои сайёр ҳисоботи директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Фархору Восеъ ва Темурмаликро шунида, андешаҳояшонро оид ба беҳтар намудани самтҳои гуногуни таҳсилоти иловагӣ, аз ҷумла, фаъолияти созмонҳои хонандагон баён намуданд.

Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар фаъолияти марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои номбурда камбудию норасоиҳо ҷой дорад.

Дар бахши намоиши ҳунар-ҳои мардумӣ ҳамаи Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дастоварду комёбиҳои хешро дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон гардидани  сол-ҳои 2019 - 2021 ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар Шӯрои сайёр директори Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Сафарзода, директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон Маърифат Ғуломова суханронӣ намуда, мулоҳиза ва пешниҳодҳояшонро оид ба боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти марказҳои таҳсилоти иловагӣ баён намуданд.

Аъзам БОБОЕВ,

 рӯзноманигор       


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш