Нашрияи Омӯзгор

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»  ҷамъбаст гардид

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 243        Шарҳ: 0

 

16 ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айни Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид.

Дар намоишгоҳ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳ-мадсаид Шоҳиён,  муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин, аҳли илму адаби мамлакат иштирок намуданд.

Намоишгоҳро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон —  Ватани азизи ман» барои дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, эҷоди мусиқии нав, таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва суруд, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ равона шуда буд.

Мавсуф иброз дошт, ки ин озмун бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Озмун аз ноҳия оғоз гардида, то сатҳи вилоятиву ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Имрӯз беҳтарин истеъдодҳо  муаррифӣ ва қадрдонӣ мегарданд.

Сипас  Абдуҷаббор Раҳмонзода Шоҳҷоизаи асосии озмун - 50 000 сомониро ба иҷрокунандаи оҳанги «Достони Ҳулбук» аз номинатсияи «Оҳангсоз» Зафар Раҳимӣ тақдим намуд.

Ҷойи аввал - 30 000 сомонӣ ба Ҷовидон Ҳасанов аз шаҳри Душанбе тибқи номинатсияи «Навозандаи анъанавӣ» сазовор дониста шуд. Ҷойи дуввум- 20 000 сомонӣ ба Шарифҷон  Раҳимзода аз шаҳри Душанбе ва ҷойи сеюм - 15 000 сомонӣ  ба  Масрур Асомиддинзода аз шаҳри Роғун тақдим гардид.

Инчунин, ба ғолибони дигари озмун диплому ифтихорномаҳо супорида шуданд.

Бояд гуфт, дар даври якуми озмун  дар сатҳи шаҳр ва ноҳияҳо 2959 нафар иштирок намуданд. Аз ин шумораи иштирокчиёни даври аввал 705 нафар ба даври дуюм, яъне даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Баъди санҷиши ҳунари иштирокчиён дар даври дуюм ҳайати ҳакамон ба 65 нафар барои иштирок дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат ва тавсия доданд.

АМИТ «Ховар»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш