Нашрияи Омӯзгор

Роҳ ба сӯйи тамаддуни ҷаҳонӣ

Сана: 2019-11-05        Дида шуд: 183        Шарҳ: 0

 

Забон воситаи асосии муомилот ва муоширати одамон аст. Донистани ин ё он забон ба кас имконият медиҳад, ки аз бурду бохт, имконияту вазъият ва камбудию талаботи рӯзмарраи ҳаёт огаҳ гардад. Донистани забонҳои олам донистани воқеияти хаёти миллатҳои дигар ва кулли дигаргуниҳои ҷомеаи муосир мебошад. Барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ мо бояд, пеш аз ҳама, забони модарии хешро ба хубӣ донем.

Имрӯзҳо, хушбахтона, дар давлати мо дар донишгоҳу донишкадаҳо, мактабҳои миёнаву муассисаҳои илмии кишвар забонҳои гуногуни чаҳон омӯхта мешавад. Муҳассилини тоҷик ба кишварҳои хориҷа рафта, таҳсили илм мекунанд, соҳибмаълумот мегарданд .

Ин, албатта, ба пешравии миллат, давлат ва қавми тоҷик манфиати хуб меорад.

Феълан дар ҷумҳурии азизамон сафоратхонаҳои зиёди давлатҳои дунё арзи ҳастӣ доранд, ки ҳамкориҳои байналхалқии Тоҷикистонро бо дигар давлатҳо таъмин мекунанд. Ин омил низ, албатта, ба забономӯзиву забондонӣ ва робитаҳои байнидавлатҳо мусоидат мекунад.

Дар қатори омӯхтани забони миллати хеш омӯхтани забонҳои дигар низ бе манфиат нахоҳад буд. Дар мавриди донистани забони ғайр кас метавонад бе ягон душворӣ бо ин ё он забон гуфтугӯ намояд. Ё худ ҳангоми мусофират дар он кишварҳо ба монеаву душвориҳо рӯ ба рӯ нахоҳад шуд. Шахс метавонад озодона дар муомила бошад ва худро осудаву хотирҷамъ ҳис намояд.

Забондонист, ки фарзанди тоҷик кормандони бузурги дипломатии давлатҳои тараққикардаи дунё буда, аксарияти мардону бонувони тоҷик дар кишвари Русия чун дар хонаи хеш кору фаъолият мекунанд. Фарзандонашон дар мактабҳои онон таълиму тарбия мегиранд.

Фарзанди тоҷик бо забонҳои англисӣ, немисӣ, русӣ, чехӣ озодона гуфтугӯ мекунад. Ин, албатта, фахри давлату миллати тоҷику точикистониён аст.

Хулоса, забондонӣ ҷа-ҳондонист, бузургист, сарбаландист, ифтихор аст, ки дар ҳама гуна лаҳзаҳои ҳаёт чӣ ғаму дард ва чӣ хушию шодмонӣ инсонро ёвару мададгор, дилбардору эҳсосгар аст. Донистани забони ғайр миллат-ро ба бузургӣ, фардро ба воломақомӣ ва давлатро ба пешравию муваффақият ноил мегардонад.

 

Маҷудабону Азимова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш