Нашрияи Омӯзгор

Шиносномаи давлату миллат

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 284        Шарҳ: 0

 

6-уми ноябри соли 2019 аз қабули санади сарнавиштсози давлату миллат - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол сипарӣ мегардад. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овард ва дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши муҳим бозид.

Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бунёди давлати орзую омоли тоҷикон оғоз бахшид. Асосҳои сохти конститутсионӣ принсипҳо ё усулҳои роҳбарикунандае мебошанд, ки фаъолияти ҷомеа ва давлат дар асоси онҳо ба роҳ монда мешавад. Усулҳои демократизм, ҷумҳурият, волоияти қонун, иқтисоди бозорӣ, давлати иҷтимоӣ, дунявӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ ба ҷумлаи ин принсипҳо дохил мешаванд.

Хусусиятҳои муҳимтарини Тоҷикистон ҳамчун давлат дар моддаи 1-уми конститутсия зикр шудаанд: соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва ягона. Соҳибихтиёрӣ  маънои хеле васеъ дорад, яъне, он ба халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимият тааллуқ дорад. Соҳибихтиёрии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ, роҳу усулҳои тараққиётро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, қонуният, дар сиёсати хориҷӣ роҳу усулҳои муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва умуман, ҷомеаи ҷаҳониро мустақилона муайян менамояд.

Бояд дар  ёд дошт, ки халқ баёнгари соҳибихтиёрист. Халқ ҳокимияти худро бевосита (дар раъйпурсӣ ва овоздиҳӣ) ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Дар қисми сеюми моддаи 6-уми конститутсия мафҳуми халқ шарҳ  дода шудааст. Тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, сарфи назар аз миллаташон халқи  Тоҷикистон ҳисоб меёбанд. Соҳибихтиёрии халқ боз дар он ифода меёбад, ки аз номи вай танҳо Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд. Сабаб ин аст, ки Сарвари давлатро тамоми шаҳрвандон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мекунанд.

Вакилони парлумонро низ халқ тавассути овоздиҳии умумихалқӣ интихоб менамояд. Раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ифодаи олии ҳокимияти бевоситаи халқ аст.

Моҳияти демократӣ будани Тоҷикистон дар чӣ зоҳир мегардад? Ҳокимияти халқ дар ду шакл амалӣ мешавад: дар шакли демок-ратияи бевосита, яъне, қабули қарору қонунҳо ё ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим дар интихобот ва раъйпурсиҳо ва дар шакли демок-ратияи намояндагӣ, яъне, ба воситаи мақомоти аз тарафи халқ бевосита интихобшудаи намояндагӣ.

Шакли дигари демократия ҳамин аст, ки шаҳрвандон ҳақ доранд дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳо, асоссиатсияҳо, маҳфилҳо, гурӯҳҳо муттаҳид шаванд ва ба ин васила, дар амалӣ гардонидани ҳокимият иштирок намоянд.

Аломатҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд инҳоянд: волоияти қонун, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақсимоти ҳокимият ва масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахсият. Ин аломатҳо дар боби аввали конститутсия, инчунин, дар бисёр қонунҳои дигар инъикос ёфтаанд.

Маънои дунявӣ чандон душвору мураккаб нест. Давлати дунявӣ чунин давлатест, ки дар он ягон дину мазҳаби аз ҷониби давлат эътирофшуда вуҷуд надорад ва ҳеҷ як дину мазҳаб ҳатмӣ ё худ афзалиятнок ҳисобида намешавад.

Тоҷикистон давлати ягона мебошад (моддаи 1). Маънои ягона будани Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки мақомоти олии намояндагӣ, иҷроия ва судии барои тамоми кишвар умумӣ дорад, як конститусия, як низоми қонунгузорӣ ва шаҳрвандии ягона дорад. Дар Тоҷикистон низоми ягонаи пул, сиёсати ягонаи қарз ва андоз ҷорист. Ғайр аз ин, қисмҳои таркибии давлати ягона (вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо) дорои ҳуқуқи соҳибихтиёрӣ буда наметавонанд. Вобаста ба тобеият аз мақомоти марказӣ давлатҳои ягона – мутамарказ ва ғайримутамарказ мешаванд. Тоҷикистон аз ин ҷиҳат давлати мутамаркази ягона аст, зеро сарварони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз марказ таъйин карда мешаванд. Масалан, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳоро Президент таъйин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси дахлдори вакилони халқӣ пешниҳод менамояд. Мувофиқи моддаи 7-уми конститутсия Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст. Дигар хусусияти давлати ягона аз он иборат аст, ки қувваи мусаллаҳи ягона дорад, ки аз ҷониби мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ идора карда мешавад.

Дар қисми 3-юми моддаи 1-уми Конститутсия Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эътироф шудааст. Хусусияти иҷтимоӣ доштани давлати Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки сиёсати дохилии он ба фароҳам овардани шароит  ҷиҳати зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шахсият нигаронида шудааст. Таъмини некуаҳволии ҷамъият дар асоси адолати иҷтимоӣ - принсипи асосии давлати иҷтимоист. Мафҳуми некуаҳволии ҷамъият дар муҳайё кардани шароит барои кор ва гирифтани музди сазовор барои кор, вазъи хуби манзил ва ғизо, ба ҳама дастрас будани ёрии тиббӣ, маориф, шаклҳои гуногуни иттилоот ва ғайра ифода меёбад.

Дигар хусусияти асосҳои сохти конститусионии Тоҷикистон дар гуногун будани равияҳои сиёсӣ ва мафкуравист. Ҳеҷ як мафкура ҳамчун мафкураи ҳукмрон ё мафкураи давлатӣ эътироф шуда наметавонад (моддаи 8). Гуногунии мафкуравӣ маънои онро дорад, ки ҳар як шахсе, гурӯҳи иҷтимоӣ, ҳизби сиёсӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ метавонад назария ва ақидаҳои сиёсии худро бемонеа таҳия ва инкишоф диҳад, онҳоро тарғибу ташвиқ намояд. Ҳамон мафкурае роҳ дода намешавад, ки миллатгароӣ, нажодпарастӣ, бадбинӣ ва хусумат ва зӯран сарнагун намудани сохти конститутсионии Тоҷикистонро тарғиб намояд.

Намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар парлумон низ фаъолият мекунанд, онҳоро мардум аз рӯйи ақидаҳои сиёсӣ ва мавқеашон дар ҷомеа ба сифати вакил интихоб кардаанд. Аз ин рӯ, онҳо ҳуқуқи комил доранд, ки манфиати интихобкунандагони худро ба воситаи ваколатҳое, ки қонун ба онҳо додааст, ҳимоя ва пешбарӣ кунанд.

Ниҳоят,  яке аз хусусиятҳои дигар – принсипи иқтисоди бозаргонист. Баробарқуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳама шаклҳои моликият, аз ҷумла, моликияти хусусӣ (моддаи 12) асоси ин принсипро ташкил медиҳад.

Зубайдулло Давлатов,

муовини сардори  Раёсати

таъминоти иттилоооти  Маркази тадқиқоти стратегии  назди   Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш