Нашрияи Омӯзгор

Забон ва рисолати нависандагӣ

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 192        Шарҳ: 0

 

Дар зиндагӣ камтар падид омада, ки дар вуҷуди як инсоне чанд риштае аз ҳунар ҷойгузину ҳамнишин гардад. Ҳастии  чунин рухдоде дар қаламрави фарҳангу  ҳунар бидуни шак неъмату подоши худовандист. Адабиёти муосири тоҷик дар домони худ дар имтидоди замон адибони зиёдеро парваронида, ки яке дар эҷоди шеър ба шуҳрат расида, дигаре дар офариниши осори мансур номвар гашта ва иддае дар шинохти масоили пуррамзу рози адабиёт маъруфият касб намудааст.

Манзури мо аз ин муқаддима нигоҳе ба масири зиндагии ҳунарварест, ки бо назму наср ва андешаҳои интиқодии хеш ҷаҳоне сохта ва дар маърази  тамошои мову шумо, ҳамватанони азиз, гузоштааст.

Сухан аз адиби тавоно муосир Баҳром Фирӯз аст, ки дар даҳаи шастуми қарни сипаришуда бо дастагуле аз шеъри латиф вориди майдони адабиёт шуд ва баъдҳо насрро ҷиддӣ гирифт. Гузашти рӯзгор, андухтаҳо ӯро ба ин натиҷа расонида буд, ки «шеър меваи эҳсос аст, ҳикмат аст, ҳарчи бигӯӣ, ҳамон аст, вале тасвири возеҳи зиндагиро дар он намебинед. Шеър хулосаест аз зиндагӣ, вале на худи зиндагӣ аст. Романҳои Балзакро хонда, сурати зиндагии асри ӯро  равшан мебинед, вале аз шеъри ҳеҷ як шоир портрети асру замони ӯро ба ин возеҳӣ намеёбед. Дар назари ман наср тӯпи дурзанеро мемонад. Хонандаро ташвиқ насохта, балки ба воситаи тасвир бовар мекунонад, дар қалби ӯ эътиқоди чуқур ба вуҷуд меоварад».

Баҳром Фирӯз дар тӯли эҷодиёти хеш осори арзишманде дар заминаи наср офарид, ки намунаи беҳтарини он дар маҷмӯаҳои «Ганҷ ва вайрона»,  «Рухсора», «Ту танҳо не» (1978), «Тору пуд» (1985), «Агар вай мард мебуд» (1987), «Пеш аз шаби арӯсӣ» (1989), «Ғафлатзадагон» (1994) ва ғайра гирд омадаанд.

Дар радифи осори бадеӣ мавсуф мақолоту очеркҳои зиёде дар  атрофи фарҳангу адабиёт, ҷомеа, сиёсат навиштааст, ки афкору андешаҳои мавҷуд дар матни онҳо ӯро ҳамчун мунаққиди  дақиқназар, адабиётшинос ва рӯзноманигор муаррифӣ менамоянд.

Дар ин мақола дар назар аст атрофи андешаҳои устод Б.Фирӯз перомуни масоили  марбут ба забони тоҷикӣ, забони китобҳои дарсӣ ва махсусан, забони китобҳои адабиёт ибрози назар шавад. Ибтидо бояд таъкид гардад, ки дар ҷомеаи адабии имрӯз ба нудрат касеро метавон пайдо намуд, ки  шабеҳи Баҳром Фирӯз дар шинохти мушкилоти забон, шеваҳои  тадриси адабиёт, омӯзиши забон дар мактаб, нақши омӯзгорон дар тарбияти забонии хонандагон саъю талош намуда бошад. Устод дар бештари риштаҳои зиндагии иҷтимоӣ ҳузури густурда дошт ва бар ин бовар  «агар адиб истеъдоди фитрӣ дорад, ҳамаи шаклу жанрҳои адабиёт барои ӯ ҳамчун василаи изҳори матлаб  хидмат хоҳанд кард. Яъне, агар адиб истеъдоде дорад, ҳам шеъраш, ҳам ҳикояаш, ҳам мақолааш асоснок, дилнишин ва шево хоҳад буд».

Зиндагӣ дар синаи дунё тақозо менамояд, то инсон пайванду иртиботи густурдае Ватану мардуми хеш дошта бошад. Пайванде, ки решааш  нуҳуфта дар рӯҳу равон ва ниҳонгоҳи қалби одамист. Шодравон Баҳром Фирӯз чиҳил сол қабл аз ин зимни пешниҳоди гузорише ба Шӯрои адабиёти бачагона ба нақши корсози забони модарӣ дар парваришу  шаклпазирии эҳсоси бузурги меҳанпарастиву ватандорӣ ишорат варзида, таъкид намуда буд, ки танҳо аз роҳи забон ва неруву имконоти шигифтангези  он метавон дар ниҳоди насли наврас меҳру  дӯстдориро бедор сохт. Ба ақидаи эшон барои дастёбӣ ба чунин ҳадафе лозим аст, дар тарзу шеваи таълиму тадриси адабиёт бознигарӣ сурат бигирад. Манзур аз таълими адабиёт танҳо  омӯзонидани донишу малака хулоса намешавад. Маҳз дар заминаи маводи адабӣ завқу салиқа, зеҳният ҷанбаҳои ҷаҳоншинохтӣ ва ҷаҳонигарии хонандагон шакл мегирад ва густариш пайдо менамояд. Ин амр танҳо бо баҳрагирӣ аз таҷрибаву ҳунари омӯзгорони  варзида имконпазир аст. Аз ин рӯ, лозим аст, «бачаҳоро на танҳо бо грамматика, балки бо каломи зиндаю рангине, ки дилҳоро ба  изтироб меоварад, ошно сохт. Бигзор ҳар яке аз хурдӣ афсонаю ҳикояи  худашро иншо кунад, аз борони баҳор, лонасозии фароштурукҳо, аз боғи шукуфта ва хирмани тирамоҳ бо сухан тасвири равшан ва муъҷазе офарад».

Нуктае, ки дар гузориш ба он таваҷҷуҳи хоса шуда, парвариши ҳисси забоншинохтии бачагон аз домани тифлист. Гомҳои нахустин бояд дар ин росто аз кӯдакистон бардошти шаванд. Бозтоби  масъалаи забон, махсусан,  дар мақолаи «Каломи модарӣ» вусъату доманаи чашмгире пайдо менамояд. Дар матлаби зерин омада, ки пешина, дараҷаи донишу хирад, доштаҳои як қавму миллат танҳо дар забони ӯ мунъакис мешаванд. Ин муҷиб мегардад, ки забони қавмеро надониста, худи миллатро шинохтан душвор аст. Ба андешаи Баҳром Фирӯз «бебаҳра аз сарвати забони модарии худ забони миллати дигареро омӯхтан мумкин аст, вале ба балоғату нафосати он пай бурдан натавон».

Дар таҳқиқи ин ҳадаф саҳми падару модаронро бисёр муҳим медонад. Бояд арз дошт, ки вазъияти забони тоҷикӣ аз ҷониби нависандаи  арҷманд дар фазоҳои гуногуни корбурдӣ, дар барномаҳои расонаҳои гурӯҳӣ, матни китобҳои дарсӣ, гуфтугузорҳои коргоҳӣ, матни осори тарҷумашуда ва махсусан, адабиёти бачагона мушоҳидаву арзёбӣ гаштаанд. Устод Баҳром Фирӯз дар мақолае бо назардошти ҷойгоҳи забон онро «оинаи фардо» барои пасиниён медонад. Афкоре, ки дар атрофи чигунагии забони китобҳои дарсӣ баён шуда, имрӯз низ қиммати худро гум накардаанд. Забони китобҳои дарсӣ бояд аз мазомину суханони забонзаду обшуста холӣ бошад. Агар мо  хоста бошем, ки фарзандони мо ҷаҳонбинии  солиму завқи саршор дошта бошанд, бояд матни китобҳои дарсиашонро неруманду ҷаззоб созем. Китобҳои дарсӣ бояд зеҳнияти хонандаро, диду биниши ӯро дар  қиболи ҷаҳону падидаҳои ҳазорранги он вусъат бахшанд. Матнҳо бояд ба гунае интихобу сохта шаванд, ки мухотабонро ба андеша кардан, мустақил роҳ ёфтан водор намоянд. Ба ақидаи мавсуф «дар китоби дарсӣ барои кӯдакон  мебояд аз хулосаҳои тайёр даст кашид, зеро фақат он китобҳое як умр роҳнамои инсонанд, фарзанди одамеро аз пайи худ  мебаранд, ки агар аз онҳо худи ӯ хулосае бардошта бошад. Китобҳои аввалин ба муҳаббати нахустини мо монанданд. Мебояд, ки ин китобҳо аз сидқу самимият ва ҳусну назокат саршор бошанд ва моро ҳаргиз нафиребанд».

Баррасии мақолоти нависанда дар ин замина, воқеан, касро ба тааммулу андеша водорад. Бархе аз масоиле, ки чиҳил сол пеш аз ҷониби  мавсуф тарҳ шудаву шеваҳои ҳалли онҳо пешниҳод шуда, мутаассифона, имрӯз низ дар ҷомеаи илмӣ-адабии мо ҷой доранд. Маллиф дар мақолаи «Қатрае аз садафи андеша» аз кам шудани соатҳои дарси адабиёт дар мактабҳои миёна ва андешаи гурӯҳе иддао доштанд, ки гӯё аз хондани адабиёт суду манфиате нест, изҳори нигаронӣ намуда, бо бинише, ки хоси  ҷаҳони андешаву диди ӯ аз дунёст, ба матлаби фавқ посух мегӯяд.

Адами шинохти адабиёт, дурӣ аз офаридаҳои  ҳунарӣ, осори бадеӣ паёмади нохушоянде  дорад, ки якбора ба зуҳур намерасад. Бетаваҷҷуҳӣ ба адабиёт дар ниҳоди инсонҳо эҳсосоти  нохушоянде мисли сангдилӣ, бемеҳрӣ, берӯҳӣ, беалоқагиро эҷод менамояд. Барои як мутахассис вусъати назар, завқу салиқа ва фаросату басират лозим аст, ки сарчашмааш адабиёт ва осори  бадеист. Аз сӯйи дигар ба бовари адиби арҷманд тарбияи  маънавӣ-эстетикии хонанда бояд аз овони бачагӣ оғоз гардад. Чун «инсоне, ки аз овони хурдсолӣ бо китоб ошноӣ ва улфат пазируфтааст ва осори хондагиаш ба дилу ҷони вай нишастааст, худ фикран ва ҷисман ба хомкорӣ ва қаллобию нобакорӣ қобил нест. Адабиёти бадеъ бачагонро  андешидану ранҷ кашидан меомӯзад, дар сиришти эшон ҳисси латифи зебоӣ ва накукориро мепарваронад».

Равшан аст, ки дар фазои фарҳангӣ-иҷтимоии ҷомеаи мо яке аз матраҳтарин мавзӯъ масъалаи ном ва номгузорӣ мебошад. Дар як даҳсолаи охир дар атрофи шебу фароз ва  мушкилоти он мақолоту китобҳои алоҳида, фарҳанги номҳо ба нашр расидаву даҳҳо суҳбату нишастҳои телевизионӣ, гуфторҳои радиоӣ баргузор шудаанд.

Ба ин масъала Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса доранд. Ин мавзӯъ дар  ҷаласоти расмӣ, маҳфилҳои бошукӯҳи ҳукумат борҳо аз ҷониби эшон таъкид шудааст. Дар китобе омада, ки «номи инсон мисоли зарфест, ки ғунҷоиши ҳама чизро дорад. Дар нақшҳои рангину чашмрабои ин зарф мо ба орзуву омол, хостаҳои падарон рӯ ба рӯ мешавем, ба ҷаҳони фарҳангу андешаамон ошно мегардем, дар кӯчаҳои қадимии таърихшаҳру замони зиндагии онҳо қадам бардорем. Ин зарф як навъ амонатдори доштаҳои инсон аст. Одамӣ ҳарчӣ аз хубиву некӣ, аз гӯшаи меҳру ишқ, дӯстдорӣ, сидқу вафо дорад, ба ин зарф мерезад. Ин зарфро сарпӯшу қулфу калиде нест. Дару дарвозаи ин ганҷина бар рӯйи ҳам боз аст». [У.Сафар. «Садое аз хилват; 2013, саҳ.51].

Манзур аз ин иқтибос зик-ри ин нукта аст, ки ҳанӯз соли 1980 масъалаи  ному номгузорӣ аз ҷониби устод Баҳром Фирӯз дар мақолаи  муфассале ба чоп расид, ки фарогири нукоти арзишмандест. Мавсуф перомуни костагиҳое, ки дар амри номгузорӣ вуҷуд дошт, сухан ронда, зимнан қайд менамояд, ки падару модар дар номи ба фарзанд ниҳодаи худ бозтоби тамоми  орзую ҳаваси хешро мебинанд. Аз ин рӯ, лозим аст, ки ба падару модари навзод ихтиёр бояд дод, то ба тифли хеш номи дилхоҳашонро бигузоранд. Аз ҷониби дигар, таъкид намуда, ки пешиниён қабл аз номгузорӣ бо ашхоси донишманду бофазилат, ё ба дигар сухан, аз мардуми китобхон, хушсавод маслиҳат мепурсиданд, ки  ин ҳам таҷрибаи шоистае буд. Бояд гуфт, ки пешниҳодҳои нависандаи фозил Баҳром Фирӯз дар атрофи тартиби номгузорӣ муҳиму қобили мулоҳизаанд, ки ба чанде аз онҳо ишора мекунем.

Устод, аз ҷумла, пешниҳод намуда, ки  «номи инсон  беҳтар аст аз як калимаи фасеҳи  якреша иборат бошад: Озод, Ороста… Вале номҳои мураккаби аз ду ва ё зиёда калима сохта низ ҷоизанд, ба шарте ки талаффузи он мушкилӣ наорад: Шаҳрошӯб, Дилором… Шарти дигар ин ки ном бояд замонавӣ бошад, орзую омоли падару модарро ифода кунад, дилнишин ва фасеҳ бошад: Номвар, Дидор, Покиза…».

Умуман, нукоти муҳим дар мақола пуршумор аст ва бемаврид набуд, агар он имрӯзҳо бознашр мегардид. Масъалаи китобу китобхонӣ ва нақши он дар пешрафту шаклгирии шахсияту зеҳнияти хонандагон яке аз мавзӯъҳои калидии мақолоти публитсистии Баҳром Фирӯз ба шумор меравад. Дар мақолаи «Чароғи муъҷиза» дарҷ шуда, ки мо дар буҳронтарин вазъи  ҷомеа бояд мактабро  аз ёд набарорем. Рушду камоли ҳар ҷомеае бастагӣ ба мактаб дорад. Мактабе, ки сарбозонаш хонандагон ва силоҳи бузургаш китоб, адабиёт аст. Имрӯз мо ба  китобҳое ниёзмандем, ки «дар онҳо тасвири ҳаёти имрӯз равшан, воқеӣ акс ёфта бошад, дар паҳлуи ҳамон бачаи аълохону фаъоли корҳои ҷамъиятӣ ва боодоб бигзор  наврасони ҳарзагард, авбошу тамокукаш, ки дар вуҷуди ҷамъияти мо хори  гулзорро мемонанд, воқеӣ тасвир гарданд. Мо дар бачагон бештар ғизои  ширину болаззати маънавӣ медиҳем, баъзан фаромӯш мекунем, ки  нони сиёҳ ҳам хӯрдан даркор аст». [17]

Дар поёни матлаб зарур аст таъкид шавад, ки  рисолати як адиб танҳо дар осори  бадеи ӯ хулоса намешавад. Офариниши осор кофӣ нест. Бояд эҳсос шавад,  ки дар чи марҳилае аз замон зиндагӣ мекунӣ ва замон чи вазоифе пешорӯят мегузорад. Рисолати нависандагӣ тақозо дорад, то дар меҳвари зиндагӣ қарор бигирӣ, набзи онро эҳсос намоӣ, дарду ранҷашро бишносӣ ва дар маҷмӯъ, дар дармонаш кумак кунӣ. Мо таҳаққуқи  ин  рисолатро дар  мисоли зиндагии пурбори  шодравон Баҳром Фирӯз, ки аз зодрӯзаш 80 сол мегузарад, равшан мебинем. Устод  то охирин лаҳзаҳои умр бо мардум, бо адабиёт бо дунёи шигифти вожагон зист. Зиндагии чунин адибони тавоно бояд намунаи ибрату шоистагӣ бошад.

Умар САФАР,

профессори  ДМТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш