Нашрияи Омӯзгор

Забони давлатӣ ва вазъи этнолингвистӣ дар Бадахшон

Сана: 2019-10-24        Дида шуд: 484        Шарҳ: 0

 

Кӯҳистони Бадахшон дорои вазъи вижаи этнолингвистӣ буда, ба ҷуз забони давлатӣ, инчунин, забонҳои маҳаллӣ, ки дар осори илмии забоншиносӣ таҳти номи забонҳои помирӣ ё бадахшонӣ ёд мешаванд, дар рӯзгори хонаводагӣ - маишӣ нақши муайяне доранд. Чунин вазъи забонӣ омӯзиши мукаммали сотолингвистиро тақозо дорад. Чун мавқеи забони давлатӣ, аз як тараф ва мавқеи забони маҳаллӣ, аз тарафи дигар, дар ҳаёти иҷтимоӣ ва хонаводагӣ ба ҳамдигар таъ-сирнопазиранд. Муайян намудани мавқеи иҷтимоии ин забонҳо ба омилҳои муайяни сиёсию иҷтимоӣ ва равонӣ робитаи қавӣ дошта, соҳаҳои мушаххасеро дарбар гирифта метавонад.

Дар шароити имрӯза забони давлатӣ тибқи қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сатҳи давлатӣ соҳиби мақоми ҳуқуқӣ мебошад ва таъсирпазирии он ба забонҳои помирӣ бештар мегардад. Таъсирпазирӣ ба омилҳои ҷуғрофӣ - минтақавӣ ва то дараҷае бо омилҳои диниву мазҳабӣ низ вобаста мебошанд. Таъсирпазирӣ нобаробар сурат мегирад. Иддае аз забонҳои маҳаллӣ имрӯз чунин таъсирро бештар ҳис мекунанд, гурӯҳи дигар ин таъсирро камтар. Лозим ба ёдоварист, ки дар даврони истиқлолият таъсирнопазирии забонӣ дар Бадахшон самт ва сурати тоза пайдо намуда, аз замони Шӯравӣ то андозае тафовут дорад, зеро мавқеъ ва нуфузи забонӣ дар он давра манзараи дигар дошт.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон» ба манфиати ҳифзу инкишофи забонҳои помирӣ банди алоҳидаи қонунро ихтисос додаст, ки он пиёда намудани тадбирҳои мушаххасро талаб мекунад.

Тавре қайд кардем,дар қаламрави ВМКБ имрӯз ба ғайр аз забони тоҷикӣ, инчунин, забонҳои помирӣ бо гунаҳои зиёди лаҳҷагӣ ва забони қирғизӣ (ноҳияи Мурғоб) густариш ёфтаанд.Дар чунин шароит забони давлатӣ чун омили муттаҳидсози қавму миллатҳои сокини вилоят амал мекунад.

Бо густариши забони давлатӣ табиист, ки зарурати мубрам дар омӯзишу аз худ кардани он ба вуҷуд меояд. Забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ барои сокинони минтақа (ба ғайр аз ноҳияи Мурғоб) забони таълим низ маҳсуб меёбад. Таълим ба забони тоҷикӣ дар манотиқи помирзабон манфиати фарҳангӣ ва иҷтимоии худро собит намуда, аз назари равонӣ сокинони минтақа бо он мутобиқ ва омода шуда, мушкилоте дар ин бахш дида намешавад. Аз ҷониби дигар, албатта, тадрису таълими забон дар минтақа ба беҳбудӣ ниёз дорад.

Имрӯз таъсирпазирӣ ва нуфузи забонӣ дар минтақа ду дараҷаи бо ҳам мувофиқро дар бар мегирад.

Якум, чун забони умумӣ, ки барои донистани он тамоми сокинони вилоят саъю талош мекунанд, забони адабии тоҷикӣ мебошад, ки дорои мақоми ҳуқуқӣ ва давлатӣ мебошад.

Дуюм, дар маркази вилоят-шаҳри Хоруғ забони шуғнонӣ нуфузи муайян дошта, намояндагони қавму миллатҳои сокини маркази вилоят онро медонанд ва дар муошират ба кор мебаранд.

Баҳсҳое, ки солҳои бистум ва сиюми асри гузашта дар ин маврид буданд, амалан моҳияти худро аз даст дода, ба осорхонаи таърих супорида шудаанд. Он давра бисёре аз донишмандон дар ин ақида буданд, ки «забонҳои кӯҳистон» дар маҳдудаи густариши худ фаъол бошанд ва ба ин халқҳо «барои дар забони худашон пеш бурдани маданияти худашон имкон дода шавад». Яке аз эроншиносони маъруфи Аврупо Х.Шёлд, ки аз саромадони омӯзиши илмии забонҳои помирӣ ба шумор меравад, соли 1928 дар маҷаллаи «Роҳбари дониш» (№6) навишта буд:

«Ин забонҳои кӯҳистон барои забоншиносӣ бисёр аҳамият доранд. Бинобар ин, агар бигӯям, ки ин забонҳо аз тамоми забонҳои ҳиндӣ ва аврупоӣ пураҳамияттар ва омӯхтани онҳо барои фанни забоншиносӣ яке аз масъалаҳои муҳимме аст, муболиға накардам». Дар ҷои дигар ӯ қайд мекунад: «Тадқиқ намудани ин забонҳо танҳо аз ҷиҳати илми забоншиносӣ муҳим аст».

Х.Шёлд таъкид мекунад, ки барои инкишофи «забонҳои кӯҳистонӣ» деворро аз байни «забони ҳукуматӣ ва забонҳои майда» бояд бардошт. Ӯ менависад: «Миллатҳое, ки ба забонҳои кӯҳистонӣ (забонҳои яғнобӣ ва помирӣ – О .Н .) гап мезананд, ҳақ доранд, талаб намоянд, ки ба онҳо барои дар забони худашон пеш бурдани маданияти худашон имкон дода шавад. Чаро ки забони онон ҳам аз забони тоҷикӣ ва ҳам аз забони форсӣ фарқ доранд ва миёни ҳамдигар як тӯда фарқиятҳои забонро доро мебошад».

Дар даврони истиқлол масъалаи фавқуззикр ба эътибор гирифта шуда, мавзӯи омӯзиш, ҳифз ва инкишофи забонҳои помирӣ чандин маротиба дар суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матраҳ гардида, мустақилият ва ҳувияти забонҳо дар Тоҷикистон ба сатҳи давлатӣ бардошта шуда, мақоми ҳуқуқии забонҳо дар асоси қонун таъйин гардид. Ба ҷуз аз забони давлатӣ ба забонҳои тамоми сокинони Тоҷикистон ҳуқуқи корбурд ва инкишофи озодона дода шуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи-кистон ҳуқуқи забонҳои халқҳои дигари Тоҷикистонро муайян намудааст: «Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд, ки аз забонҳои модариашон озодона истифода баранд».

Дар моддаи чоруми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» давлат уҳдадор шудааст, ки барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ шароит фароҳам меоварад.

Ба мақсади татбиқи ин банди қонун муассисаҳои ҷудогонаи тадқиқотӣ - илмӣ вазифадор шудаанд.

Тадқиқотҳои сотсиаллингвистӣ собит намудаанд, ки дар минтақа густариши забонҳои маҳаллии помирӣ имрӯз ҳамчун ҳодисаи дузабонӣ падидаи мусбат арзёбӣ мешавад. Фаро гирифтани забони давлатӣ аз масоили мубрам ва муҳим шинохта шудааст.

Дузабонӣ имрӯз ба як ҷараёни муътадил ворид гардида, аз назари равонӣ ва мафкуравии ҳомилони забон ба ягон забон бартарӣ дода намешавад. Дар ҳаёти фарҳангӣ ва маърифатӣ забонҳои русӣ ва англисӣ низ нақши муайяне мебозанд. Забони русиро аксари насли калонсол баробари забони давлатӣ медонанд. Баробари омӯзиши он дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва шуъбаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев сокинони вилоят ба мутолиаи матбуоти русӣ ва тамошои барномаҳои шабакаҳои телевизиони Россия таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Шумораи мавҷгиракҳои моҳворагии (параболикии) телевизион дар вилоят то-рафт афзуда истодааст.

Тибқи омори расмӣ, агар дар ҷумҳурӣ 15 фоизи аҳолӣ аз чунин мавҷгиракҳо истифода намоянд, пас дар ВМКБ ин рақам ба маротиб зиёдтар аст.

Солҳои охир таваҷҷуҳи насли ҷавон ба омӯзиши забони англисӣ зиёд мегардад, зеро сарзамини мо ба ҷаҳони хориҷ пайваст гардид, сафарҳо ба кишварҳои хориҷи дур торафт бештар мегардад ва аз худ намудани забони англисӣ ба зарурати мубрам табдил меёбад.

Дар шароити дузабонии фаъол ва бисёрзабонии ғайрифаъол соҳибони забонҳои помирӣ ба афроди таҳсилкардае табдил меёбанд, ки якчанд забонро медонанд ва дар мавридҳои зарурӣ ба кор мебаранд. Аз ин рӯ, зинаи аввал агар дузабонӣ (маҳаллӣ-тоҷикӣ) бошад ва он тамоми минтақаро фаро гирад, зинаи дуюм бисёрзабонӣ аст, ки он танҳо марказҳои фарҳангӣ ва илмиро фаро мегирад.

 

Назрӣ ОФАРИДАЕВ,

номзади илмҳои филология,

профессор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш