Нашрияи Омӯзгор

Вожаҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҷдиди назар мехоҳанд

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 86        Шарҳ: 0

Таҷриба, мушоҳида ва мулоҳизаҳо нишон доданд, ки бо вуҷуди сипарӣ шудани 16 сол аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва худдорӣ намудан аз корбурди калимаҳои «мактаб», «муаллим» ва «маълумот» дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва расмию коргузорӣ истифодаи вожаҳои мазкур дар гуфтугӯ, муомилот, муошират ва муроҷиати аҳли ҷомеа нигоҳ дошта шуданд: «дар кадом мактаб таҳсил мекунӣ (мехонӣ)?» ё «кадом мактабро хатм кардӣ (тамом кардӣ)?», «чӣ маълумот дорӣ?» ва ба омӯзгор «муаллим» гуфта муроҷиат мекунанд. Яъне дар ҷомеа калимаҳои «муассисаи таълимии таҳсилоти…» (ба ҷои мактаб), «омӯзгор» (дар мавриди муроҷиат) ва «таҳсилот» (ба ҷои «маълумот») хусусияти оммавию умумиистеъмолӣ пайдо накарданд.

«Мактаб», «муаллим», «маълумот», «муассиса», «таълим», «таҳсил» ва «таҳсилот» («таҳсилот» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (1969) дарҷ нагардида, дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (2008) ҳамчун шакли ҷамъи «таҳсил» шарҳ ёфтааст), аслан калимаҳои арабианд, аз ин лиҳоз, дар мавриди истифода бо назардошти баромади этимологӣ (таҳсилот ё маълумот) фарқ надоранд.

Таҳсил (ҳосил кардан, ба даст даровардан; хондан, омӯхтан) ба раванди муҳлати хондан, хониш ё омӯхтан мутааллиқ аст. Шахс дар заминаи хондан ё таҳсил кардан баъди аз бар намудани барномаҳои таълимии зинаҳои таҳсилот, аз ҷумла, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ё таҳсилоти касбӣ ва супоридани аттестатсияи хатму гирифтани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ ҳуқуқи соҳиби маълумоти комил (маълумоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ё олии касбӣ) шудан мегардад.

Дар асл калимаҳои «таҳсилот» ва «маълумот» мафҳумҳои умумӣ буда, мазмуну муҳтаво ё мундариҷаи меъёр, аз ҷумла, «умумии асосӣ», «миёнаи умумӣ» ё «олии касбӣ»-ро ифода карда наметавонанд. Танҳо бо иловаи мафҳумҳои меъёрии зинаҳои таҳсилот (маълумот), аз ҷумла, таҳсилоти «ибтидоӣ» (маълумоти «ибтидоӣ»), таҳсилоти «олӣ» (маълумоти «олӣ») меъёрро ифода менамоянд. Аз ин рӯ, калимаҳои «таҳсилот» ё «маълумот» метавонанд ҳамчун синонимҳои ҳуқуқӣ мавриди истифода қарор гиранд.

Маълум аст, ки калимаҳои «мактаб», «гимназия», «литсей», «коллеҷ», «донишкада» ва «донишгоҳ» ифодакунандаи муассисаҳои таълимӣ мебошанд. Калимаи «муассиса» низ бе муайянкунандаи «таълим» мафҳуми умумӣ буда, ягон намуди таълимгоҳро намефаҳмонад. Аз ин рӯ, барои баён ва ба ҷои онҳо истифода ё илова кардани калимаҳои «муассисаи таълимии таҳсилоти…» зарурат надорад. Зеро калимаҳои номбаршуда, аз ҷумла, «мактаб» ё «донишгоҳ» ифодакунандаи ҳам муассиса, ҳам макони таълиму таҳсил ва ҳам гирифтани зинаҳои таҳсилот (маълумот) шуда метавонанд.

Ҳар як муассисаи таълимӣ, новобаста аз дарҷ ёфтани калимаи «таҳсилот» («маълумот») дар номаш, ба хатмкарда ҳуҷҷати хатми таҳсилоти (маълумоти) дахлдорро медиҳад.

Ба ҳамин минвол, дар номгузории муассисаҳои таълимӣ низ мушкилот вуҷуд дорад, ки он таҷдиди назар мехоҳад. Чунончи, коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваро тибқи қонунгузорӣ дар шакли расмии пуррааш чун муассисаи давлатии таълимии коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон номи Садриддин Айнӣ, бояд ном бурд ва навишт, ки хеле мураккаб аст.

Дар санадҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» калимаи «мактаб» танҳо дар шаклҳои махсуси муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии мактаб-интернат, мактабҳои камнуфус, мактабҳои касбии варзишӣ, ҳунарӣ, бадеӣ, мусиқӣ, рассомӣ ва дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, №494 тасдиқ шудааст, мактаби шабона ва мактаби ғоибона истифода гардидааст. Агар муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ дар шакли холиси мактаб фаъолият надорад, пас, мантиқан истифодаи калимаи «мактаб» дар «муассисаи томактабӣ» низ дуруст нест.

Ҳамчунин, дар Таснифоти бйналмилалии стандартии маориф, ки аз ҷониби ЮНЕСКО соли 2011 қабул гардидааст, барои ифодаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ калимаи «мактаб» - «школа» (средная школа, основная школа) истифода шудааст.

Мувофиқи қисми 2-и моддаи 49, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» матни санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд сода ва равону фаҳмо баён карда шавад, ки тафсири ҳархелаи меъёрҳоро истисно намояд.

 Бинобар ин, агар номгузории муассисаҳои таълимӣ бо чунин шаклҳо арзёбӣ гарданд, беҳтар мешуд:

а. мактабҳои маълумоти умумӣ:

- мактаби ибтидоии умумӣ;

- мактаби асосии умумӣ;

- мактаби миёнаи умумӣ;

б. мактабҳои маълумоти касбӣ:

- мактаби ибтидоии касбӣ;

- мактаби миёнаи касбӣ;

- мактаби олии касбӣ (ё мактаби олӣ).

Аз ин лиҳоз, мувофиқи мақсад аст, ки истифодаи мафҳумҳои зикргардида зимни таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳукуқии дахлдор мавриди таҷдиди назар қарор ёбанд.

Бо назардошти беҳтар гардонидаи раванди фаъолият ва низоми назорати сифати таълим, таҳсил ва тарбия дар доираҳои зинаҳои таҳсилот сохтори идоракунии соҳа дар сатҳи мақомоти болоӣ низ ба ислоҳот ниёз дорад. Зеро замина ва асоси таълим, таҳсил ва тарбия дар зинаи таҳсилоти умумӣ поягузорӣ ва ба роҳ монда мешавад. Зимнан бояд иброз дошт, ки зинаи таҳсилоти мазкур чун дигар зинаҳои таҳсилот санади қонунгузории алоҳидаро доро нест.

Таҳсилоти касбӣ ва сохтори он бо махсусияти таълиму таҳсили соҳавӣ ва идоракунӣ аз таҳсилоти умумӣ ба куллӣ фарқ мекунад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ мафҳумҳои олиму устод бештар истифода гардида, мақоми худидоракунии шӯрои олимон фаъолият менамояд. Аммо дар санадҳои қонунгузорӣ ва меъ-ёрии ҳуқуқӣ мафҳумҳои мазкур ҳамчун истилоҳоти соҳавӣ бо муайян намудани мақому мавқеъ дарҷ ва шарҳ наёфтаанд.

Барои танзими фаъолияти муассисаҳои томактабӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистион «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007, №433), Стандарти давлатии таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009, №388) ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дар доираи ваколатҳо санадҳои меъёрии ҳуқукии дигар низ қабул ва роҳандозӣ шудааст.

Аз ҷумла, тибқи қисми 2, моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» фаъолияти муассисаҳои томактабӣ аз руӣ барномаҳои таълимии томактабӣ ба роҳ монда мешаванд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» муассисаҳои томактабиро ҳамчун муассисаи таълимии томактабӣ муқаррар кардааст,

Ҳамчунин, дар банди 6, боби III Стандарти давлатии таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки Стандарти давлатӣ ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ буда, талаботи асосиро ба мазмуни тарбия, инкишоф ва таълими кӯдакон аз рӯзи таваллуд то 7-солагӣ муайян менамояд.

Дар асоси санадҳои зикргардида кӯдакон аз яксолагӣ то 7-солагӣ ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта мешаванд, аммо барои онҳо ягон намуди ҳуҷҷати намунаи давлатӣ муқаррар нагардидааст.

Дар матни русии Конститсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаҳои «муассисаҳои таълимии давлатӣ», чун «государственные учебные заведения» тарҷума шудааст, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои расмӣ калимаҳои мазкур ба ҳамин тарз бояд ифода ёбанд. Аммо дар матнҳои русии санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ ба ҷои «государственные учебные заведения» калимаҳои «государственные образовательные учреждения» ба кор рафтаанд.

Таълим омилҳои илм додан – илм омӯзондан ва таҳсил натиҷаи илм гирифтан – илм омӯхтан аст ва бар асоси ин назар, таълимдиҳанда (аз ҷумла, омӯзгор, муаллим) ва таълимгиранда (аз қабили хонанда, донишҷӯ) ном мебаранд. Сифати таълим ба таъмини неруи кадрӣ ва заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва сифати таҳсил ба малакаю маҳорат, қобилият ва сатҳи донишандӯзии таълимгирандагон ва дар натиҷа аз сифати таълим вобаста аст.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки бо истифода аз имконияту восита ва омилҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир дар заминаи таҳияи нақшаи тадбирҳо баҳри беҳтар гардонидани сифати таълиму рафъи камбудиҳо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот чораҳои иловагӣ пайгирию роҳандозӣ гардида, мафҳумҳои таълиму таҳсил дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва расмию коргузорӣ мавриди истифодаи саҳеҳ қарор гиранд.

Аксаран аз вазъи таълиму тарбия, фаъолияти омӯзгорон ва таҳсили муҳассилин шиква дорем. Аммо сабабҳои аслию асосии камбудию нуқсон ва иллатро дар худ дида наметавонем. Вазъи маориф аз сатҳи мақому мавқеи омӯзгор вобаста буда, фидокорӣ ва қурбонии ҳамаҷониба, бахусус, молиявию иқтисодиро тақозо дорад.

Дар даврони Шӯравӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 13 мактаби олӣ фаъолият дошт ва 5-тои он танҳо аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ кадр тайёр мекарданд. Алҳол дар ҷумҳурӣ 40 мактаби олӣ фаъолият дорад ва ҳамагӣ 3-тои он – Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент (ғайридавлатӣ) ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт мувофиқ ба номашон асосан аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ кадрҳои педагогӣ омода менамоянд. Донишкадаҳое, ки пештар номи омӯзгориро доштанд, алҳол мақоми донишгоҳро гирифтаанд ва тахассуси омӯзгорӣ яке аз ихтисосҳои онҳо маҳсуб меёбад.

Бо назардошти ҳувияти миллӣ таълим новобаста аз хоҳиши мо адолати иҷтимоиро талаб мекунад. Чуноне ки ҳар як шахс табиату хусусияти хоси худро дорост, ба ҳар як халқу миллат арзишҳои махсуси умумӣ ато шудааст. Мо халқи инсонгаро ва фарҳангсоз ҳастем.

Бинобар ин, гурӯҳбандӣ, тафриқагузорӣ ва бартарият додан аз рӯи имкониятҳои мансабӣ ва моддию молиявӣ ба рӯҳу равони муҳассилини дигару қобилиятнок таъсири мусбӣ намегузорад. Боз куллан ҷудо кардани онҳо дар таълим, бахусус, дар таҳсилоти умумӣ, ки аслашро умумӣ будани таҳсил (гирифтани маълумот) ташкил медиҳад, фазои муносибатро номуносиб месозад: болаёқату белаёқат; ройгону пулакӣ; гимназияю литсей; гуманитарию ҷамъиятӣ ва табиию риёзӣ; қабули хонандагон ба муассисаҳои тахсилоти умумӣ беозмуну боозмун; дараҷаи олӣ ва якуму дуюму сеюм; маркази маъмурию деҳот.

Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро зиёда аз 20000 фард дар шакли воҳид бунёд мекунанд. Пас, ҳар як шахс кореро анҷом дода, мақом, мавқеъ, моҳият ва ҷойгоҳи хоси худро дорад.

Чаро ҳамасола нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ дар гурӯҳи ихтисосҳои табиию техникӣ иҷро намегардад? Ҳамчунин, зимни тақсимоти такрорӣ қариб 30000 довталаб ба 5 гурӯҳи ихтисосҳо на бо назардошти холҳои имтиҳонҳои ихтисос, балки аз рӯи натиҷаи имтиҳонҳои умумӣ (новобаста аз таҳсили равиявӣ) қабул карда мешаванд.

Хориҷ аз таҳсилоти умумӣ, ки риояи адолати баробарии стандартии таълим додан ва гирифтани таҳсилот ҳатмист, барои амалӣ гардидани қисме аз тафриқаҳо метавон аз роҳандозии таҳсилоти иловагӣ истифода кард. Роҳандозии раванди таълим таҷдид мехоҳад.

Дар ҷаҳон маорифи Финляндия дар ҷои аввал меистад: мақом ва мавқеи баландтаринро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ омӯзгор дорад ва таҳсил новобаста аз зинаҳояш комилан ройгон аст.

Маҳз бо ибтикор ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки ҷанбаи баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиро дорост. Ғояи миллӣ пешниҳод шуд.

Аммо на ҳамаи деҳаҳо имконияти сохтани муассисаҳои томактабию таҳсилоти умумиро доранд ва қисман бо фаъолияти мактабҳо ё синфҳои камнуфус иктифо мекунанд. Дар ин маврид барои ободонию созандагӣ аз нигоҳи ҳикматҳои динию дунявӣ танҳо ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, ҷасорату матонат, ирода ва азми қавии шахсии масъулон ва сокинон рӯи кор меояд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар 3869 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, 332 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 467 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3070 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 2441 омӯзгор бо таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 25155 омӯзгор бо таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамоянд. Дар ин мавриди аз сифати таълиму таҳсил, тарбия ва кадр ниёз ба баён нест.

Н. НАСИМОВ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш