Нашрияи Омӯзгор

Аз ҳама чиз меҳрубонӣ беҳ!

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 288        Шарҳ: 0

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар кишвари мо ҳар сол дар якшанбеи сеюми моҳи октябр ҷашни Меҳргон таҷлил мешавад. Ин яке аз ҷашнҳои  бостонию милии мо-тоҷикон аст ва аз  ин рӯ, бояд ҳамагон, махсусан, хонандагони мактабҳо дар бораи он маълумоти зарурӣ дошта бошем.

Дар ин хусус, дар таълимгоҳҳо илова ба дарсҳои муқаррарӣ баргузор намудани дарсҳои тарбиявӣ, маҳфилу вохӯриҳо, конфронсу сабқатҳо хеле манфиатбахш хоҳад буд.

Шогирдони мо бояд донанд, ки  Меҳргон чӣ гуна арзи ҳастӣ кардааст, чӣ таърихе дорад, чӣ тавр таҷлил мешавад, моҳияташ аз чӣ иборат аст, дар тавсифи он киҳо чӣ гуфтаанд, чӣ хел он вартаҳои зиёдеро убур бинмудааст…

Дар бораи ҷашни Меҳргон маъхазҳои муътамаде, чун «Авасто», «Тавҳид–ут-таърих», «Шоҳнома», «Осор-ул-боқия»… маълумоти зару-рӣ медиҳанд. Нахуст бояд донист, ки меҳргон калимаи асили тоҷикӣ буда, аз решаи меҳр ва анҷомаи ҷон таркиб ёфтааст. Ба ин тариқ, калимаи мазкур маънои «меҳрҳо», «аҳли меҳр», «меҳрубонон» ва амсоли инҳоро ифода менамояд. Ҳамчунин, зери ин вожа маънои меҳру муҳаббат, меҳрубонӣ, дӯстиву рафоқат ва шодию нишотро метавон эҳсос кард. Меҳргон калимаи хеле гӯшнавозу хушлаҳн ва суфтаву рехта аст ва садсолаҳост, ки дар муҳити тоҷикона садо медиҳаду дилҳоро мусаххар мекунад. Вожаи меҳр дар забони тоҷикӣ таърихи бағоят дерин дошта, дар «Авасто» фаровон истифода шудааст. Он сермаъно буда, нахуст ба  маънои офтоб фаҳмида мешавад. Ҳамчунин, ин калимаро ба маъноҳои «худои офтоб», «нур»,  «равшанӣ», «меҳрубонӣ»,  «меҳрбандӣ» низ тавсиф  бахшидаанд. Ин байт машҳур аст:

Моҳи меҳр асту меҳрубонӣ кун,

К-аз ҳама чиз меҳрубонӣ беҳ!

Дар оғоз Меҳргон ҳамчун ҷашни шукрона ба  офтобу саховати он, шукрона ба рӯшноӣ, шукрона ба файзу баракат ва ҳосили фаровон таҷлил мешудааст. Ҷашни Меҳргон дар гузашта бо баргузории як силсила тадбирҳо тавъам будааст.  Оғози он ба рӯзи шонздаҳуми моҳи меҳр, ки дар тақвими кунунии мо ба моҳи октябр рост меояд, рост меомадааст. Одатан Меҳргонро якчанд рӯз (чун Наврӯз) ҷашн мегирифтаанд. Нахустрӯзи Меҳргонро «Меҳргони омма» ва рӯзи охиринашро «Меҳргони хоса» меномиданд.  Меҳргон тавъам бо суруду мусиқӣ, шеъру тарона, ҳадябахшию тантана, рақсу бозӣ, дастархонороӣ таҷлил мешуд.

Ҳар анъанае, ки ба табиату хулқу атвори мардум   писандида аст, пойдору устувор мемонад. Ҷашни Меҳргон низ аз бисёр ноадолатию  маҳдудаҳои таърихӣ гузашта, поянда монд ва имрӯз, дар замони истиқлоли кишварамон, неруи тоза дарёфтаасту дар муҳити гуворо, бо шукӯҳу тантана, дар заминаи ифтихори миллӣ  таҷлил мешавад. Имрӯз таркиби ин ҷашни хуҷиста ғанитар гардидааст. Ҳар сол дар ҷумҳурии мо дар айёми тирамоҳ ҷашнҳое бо номи Иди асал, Иди харбуза, Иди каду, Иди ангур, Иди себ ва монанди инҳо  баргузор карда мешаванд, ки  аслан бахшҳои  ҷашни Меҳргон ва марҳилаҳои  омодагии аҳли мамлакат ба ин фархундаҷашн мебошанд.

Ҳоло ҷашни Меҳргони тоҷикон шуҳрати ҷаҳонӣ дарёфтааст ва ба гунаҳои мухталиф дар баъзе аз кишварҳои хориҷӣ таҷлил мешавад. Меҳргони нишотовару пурҷилои тоҷикон, пеш аз ҳама, чун рамзи бахту саодати мардум ва ҳосили фаровону баракату саховат,  бешубҳа, ҳастии ҷовидонӣ дорад.

Инак, боз ҷашни Меҳргон фаро расид:

Меҳргон омад, гирифта

фолаш аз некӣ мисол,

Неквақту некҷашну

некрӯзу некҳол.

Муродой Солеҳова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №31-и

ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш