Нашрияи Омӯзгор

Кордонӣ ба мақсад мерасонад

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 25        Шарҳ: 0

Кордонӣ ба мақсад мерасонад

Директори литсейи касбӣ- техникии шаҳри Бохтар Саидбурҳон Шарифов дар суҳбат бо мо зикр намуд, ки бинои муассиса таърихи ҳафтоду ҳаштсола дошта, ҳанӯз соли 1941 барои онҳое сохта шуда будааст, ки падаронашон ба Ҷанги Дуюми Ҷаҳон рафта будаанд.

Яъне, ба он хотир, ки фарзандони иштирокчиёни ҷанг бесаробон намонанд, барояшон ҳам таълимгоҳ ва ҳам ҷойи хоб сохтаанд. Бо мурури солҳо онро ба омӯзишгоҳи касбӣ – техникӣ табдил додаанд. Ҳадаф аз таъсиси он  омӯзишу касбу ҳунар буда, дар тӯли ин солҳо ҳазорон – ҳазор насли наврасро ба касбомӯзӣ ҳидоят намудааст. Ниҳоят, омӯзишгоҳ аз соли 2006 – ум ба литсей табдил дода шуд.

Чунонки Саидбурҳон гуфт, ӯ дар соҳаи таълиму тарбия одами нав нест. Чандин сол дар ноҳияи Балҷувон директори мактаб, мушовири мудири шуъбаи маорифи ноҳия ва мушовири сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон шуда кор кардааст.

- Вақте вазифаи  роҳбарӣ ба дӯшам афтод,  бо мушкилиҳои зиёде  рӯ ба рӯ гардидам, - мегӯяд С. Шарифов. Ҳолати даромадгоҳи бино, гирду атроф, баъзе кабинетҳои фаннӣ ва  устохонаҳои таълимии бедару тиреза ҳоли риққатоваре  доштанд. Фаршу сақфҳои  як қатор синфхонаҳо  шикастагию аз ҳам рехта, аз шифтҳо об мечакид, баъзе синфхонаҳо анбори  партовро  мемонд.

Маҳз боварӣ ба ҳайати устодону омӯзгорон ва кормандони  таълимгоҳ дили маро ба ободкорӣ гарм кард. Ниҳоят,  пас аз таҳлили вазъияти вуҷуддошта бо қувваи коллектив, дастгирии сокинони маҳалла ва падару модарон  кор ранги дигар гирифт. Ҳамин ҳамдигарфаҳмиву дилгармӣ   буд, ки саъю талошҳоямон  самараи нек ба бор овард. Сақфи биноҳо, дару тирезаҳоро   таъмир ва тармим кардем. Акнун кору фаъолият дар литсей маҷрои тоза пайдо кард.

Чунонки роҳбари муассиса иброз дошт, дар баробари таҳкими пояи моддӣ – техникӣ, таҳияи модулҳои таълимиву коркарди дастурҳои таълимӣ – методӣ барои хонандагони литсей, маъмурият ба он кӯшид, то савияи маҳорату малакаҳои омӯзгоронро равнақ бахшад. Вобаста ба ин, дар давоми соли 2019 беш аз бист нафар омӯзгору устои таълими истеҳсолӣ аз курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузашта, донишу малакаи худро баланд бардоштанд. 

Воситаҳои хониш, аз ҷумла, китобҳои таълимӣ барои мукаммал гардонидани савияи дониши шогирдон кумак менамояд. Бино ба ақидаи роҳбари муассиса Саидбурҳон Шарифов, айни замон китобхонаи литсей дорои беш аз чор ҳазор нусха китоб аст. Мутаассифона,  китобҳои мавҷудбуда бештарашон бо забонҳои ғайридавлатианд.    Ба он аҳамият дода истодаем, ки теъдоди китобҳоро бо ҳар роҳе, ки набошад, зиёд гардонем, зеро бе мутолиа ва баланд бардоштани фарҳангу одоб наметавонем мутахассисони соҳибтаҷрибаро тарбия ва ба камол расонем. Китобҳои дарсӣ  мерасанд, вале норасоии  китобҳои тахассусӣ    аз мушкили дигари мост.  

Чунин вазъиятро ба назар гирифта, бо кумаки омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолӣ маҳз бо забони тоҷикӣ маҷмӯаҳои «Сохт ва хизматрасонии автомобил» (муаллиф М. Холматов, с. 2015), «Информатика ва технологияҳои иттилоотӣ» (воситаи таълимӣ ва худомӯзӣ, ки Вазорати маориф ва илм бо теъдоди 1000 нусха тавсия кардааст, муалл. Ф. Комилов), «Ҳаққи истифодаи барқ чӣ тавр ҳисобӣ мешавад?» (муалл. А. Назаров), «Автомобили «Жигулӣ»: ВАЗ – 2001, 02, 011, 013», «Дастурамал оид ба омӯзиши техникаи компютерӣ» (коллектив, Бохтар – 2019), «Челонгарӣ оид ба таъмири автомобилҳо», муҳарриксоз, ВМИ ҶТ, с. 2011), «Таъмини сифат барои литсейҳои ТИКТО ва МТК»  ва ғайраро барои омӯзиш дар дарсҳои назариву амалӣ тарҷумаву  тавсия  намудем. Албатта, ин раванд  ниҳоӣ набуда, дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

- Яке аз роҳҳои самарабахши таълим, бо  мутахассисони варзида  таъмин будани таълимгоҳҳост, - иброз дошт С. Шарифов. – Айни замон дар литсей 43 нафар омӯзгор ва устоҳои таълими истеҳсолӣ ба  таълиму тарбия машғуланд, ки аз онҳо сиву як нафарашон дорои дараҷаҳои тахассусианд. Муассисаи  мазкурро дар соли 2019   382 нафар хонанда аз рӯйи  ихтисосҳои   чӯбтарош, сохтмончӣ, радиомеханик, кафшергари барқӣ, барномасози компютерӣ, монтёри барқӣ, челонгари таъмири автомобил   хатм намуда, ба истеҳсолот фиристода шуданд. Аз соли хониши 2019 – 2020 вобаста ба талабот ихтисоси нав – муҳосиб бо донистани компютерро ворид кардем, ки 25 нафар пас аз хатми синфҳои 9, 11 ба ин ихтисос  қабул  мегарданд. Агар худи омӯзгор бештар бо толибилм кор карда, нозукиҳои касбро ба онҳо нишон диҳад, пас, дигар худи онҳо бо шавқу шӯри ҷавонӣ марҳала ба марҳала  мутахассиси соҳибкасб мегарданд. Барои ҳамин ҳам, - меафзояд директор, - назорати роҳбарият  ба сифати таҳсил дар литсейи мо хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳар як омӯзгор ва  устои таълими истеҳсолӣ дуруст дарк кардаанд, ки агар устод чӣ гунае, ки  бошад, пас шогирди вай низ дар оянда номбардори устоди худ мешавад.

Хуб аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2019, №1170  бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди деҳот, соҳаи сайёҳӣ ва дастгирии ҳунарҳои мурдумӣ солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Дар робита ба ин, дар литсейи мазкур як қатор навигариҳо ба амал омаданд. Аз ҷумла, дар муассиса ҳафт дастгоҳи адрасбофӣ харидорӣ ва насб карда шуд. Аллакай духтарон бо нозукиҳои адрасбофӣ шинос гардида, дар ин дастгоҳ мустақилона  кор мекунанд. Шогирдон барои ёд гирифтан ва баровардани эҳтиёҷоти худ дар ин самт бо корхонаи дӯзандагии «Дӯзанда»»- и шаҳри Бохтар ҳамкорӣ карда истодаанд. Ҳамчунин, ҳабдаҳ нафари дигар аз ҷумлаи духтарон бо истифода аз 15 мошинаи дарздӯзии «Чайка» дӯхтани либосҳои миллиро меомӯзанд.    Устоҳои таълими истеҳсолӣ сехи дуредгарӣ ташкил карда, бо сохтани тирезаҳои ҳозиразамони пластикӣ шурӯъ карданд. Таҳти роҳбарии устои таълими истеҳсолӣ, челонгар  Абдураҳим Ғиёсов шогирдон барои баровардани оби зеризаминӣ таҷҳизотеро тайёр намудаанд, ки дар ҳолатҳои камобӣ метавонад боғчаи саҳни литсейро обёрӣ кунад. Устои кафшергари барқӣ Аваз Раҳимов бошад, бо ташкил намудани  маҳфили «Дастони моҳир» ба шогирдон  сохтани асбобҳои рӯзгор - панҷшох, белу каланд, аробача, хоркашак, мухпар ва монанди инҳоро меомӯзонад. Устои дигари таълими истеҳсолӣ Исмоил Ҷалилов ба бачаҳо сохтани мизу курсӣ, катҳои чӯбину оҳаниро меомӯзонад.  Сарустои литсей Қурбон Баротов, ки таҷрибаи 32 – солаи корӣ дорад,    ба он назар аст, ки бачаҳоро бояд ҳарчӣ бештар ба касбу амалҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб кард. Ба ин васила, онҳо ба амалҳои дигари барои ҷомеа зарарнок машғул шуда наметавонанд. Яъне, чунин ташаббусҳо имкон медиҳад, ки бачаҳо вақти худро беҳуда нагузаронда, ба машғулиятҳои  барои зиндагии ҳаррӯзаашон даркорӣ  рӯ  биоранд.

Яке аз воситаҳои дигари тарғиби муҳассилин ба касби интихобкардаашон истифода бурда тавонистан аз техника ва технологияи муосири замонавист. Ба ин хотир,  аз 25 адад компютери мавҷуда шогирдону устодон самаранок истифода мебаранд. Танҳо дар соли таҳсили 2017 – 2018 2 компютер, 7 ноутбук, як миқдор китобҳои бадеиву дарсӣ ба маблағи 4800 сомонӣ харидорӣ  шуда буд. Албатта,  ин хеле кам аст. Маъмурияти литсей  ният дорад, ки то интиҳои соли ҷорӣ боз бо мадади соҳибкорони ватандӯст даҳ адад компютери дигар  харидорӣ намоянд.

Боиси ифтихори аҳли литсей аст, ки ба шогирдони онҳо як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ эҳтиёҷ доранд. Литсей бо онҳо барои гузаронидани корҳои амалӣ шартнома ба имзо расонидааст. Шогирдон дар шабакаи гармидиҳӣ,    заводи трансформаторбарорӣ, автобазаи рақами 21, шабакаи ҷанубии барқи вилоятии СТО – 6, дар Институти татқиқотии НИХИ ва ғайра дарсҳои амалӣ гузаронда, аз рӯйи имконият дар оянда дар ин корхонаҳо ба фаъолият мепардозанд.

- Воситаи дигари пешрафт ва ба мақсад расидан дар фаъолияти литсей, - андеша  дорад директор С. Шарифов, - ин ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хориҷист. Аз ин рӯ, бо ташкилоти олмонии Ҷайзет ҳамкориро ба роҳ мондаем, ки онҳо тибқи шартнома шурӯъ аз ҳамин моҳ бо тамоми таҷҳизоти навтарин барои тайёр намудани таҷҳизоти аз чӯб ва пластика сохташаванда ба литсей меоянд. Иқдоми дигари мо он аст, ки акнун тамоми шогирдонамонро бо либосҳои ягонаи литсей, бо ишора бо рамзи   таълимгоҳамон таъмин менамоем.

Бино ба тасдиқи директори литсей, шогирдони ин даргоҳ дар озмунҳои байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи ҳафт ихтисос ширкат менамоянд. Масалан, соли гузашта дар озмуни ҷумҳуриявӣ  вобаста ба чӯбтарошӣ ва бинокорӣ байни литсейҳои касбӣ – техникӣ ҷойи аввалро ишғол намуда, бо Ифтихорномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд.

- Имрӯз барои беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ дар хобгоҳ чораҷӯйиҳо карда истодаем, - мегӯяд директор. Ҳоло панҷоҳ  нафар шогирдро  аз рӯйи эҳтиёҷ ва шароиташон бо ҷойи хоб таъмин намудем. Ба масъалаи зимистонгузаронӣ аҳамият дода, шишабандии тамоми чор биноро таъмин кардем. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон солона барои таъмири муассиса аз рӯйи имконият ҳамагӣ бист ҳазор сомонӣ ҷудо менамояд, ки басанда нест. Бо ташаббуси раиси кумитаи падару модарони литсей Рустам Шарифов баъзе синфхонаву роҳравҳоро таъмир кардем. Мо  минбаъд  низ ин гуна ташаббусҳоро  дастгирӣ карда, барои омӯзиш ва маишати шогирдонамон шароити беҳтареро муҳайё хоҳем кард. Коллективи литсей азм дорад, ки барои дар сатҳи зарурӣ омода намудани муассиса ҷиҳати таҷлили  30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои зарурӣ,  аз қабили ба тариқи ҳашар таъмиру тармим кардани биноҳои муассиса ва сатҳи берунии  он  чораҳои зарурӣ андешанд.                    

 

Шодӣ РАҶАБЗОД,

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»

Душанбе – Бохтар - Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш