Нашрияи Омӯзгор

Таълими мувофиқ ба мизоҷи хонанда - омили пешрафт

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 50        Шарҳ: 0

Барои тарбияи дурусти насли наврас омӯзгорро мебояд тарзу усулҳои оптималии тарбияи мизоҷро ба роҳ монад.

Маълум аст, ки хонандагони дорои мизоҷи меланхоликӣ дар рафти иҷрои кори пуршиддати фикрӣ ва фаъолияти якранг зуд монда шуда, қобилияти кори системаи  асаби онҳо суст мешавад. Захираи қувваи ҳуҷайраҳои майнаи сари онҳо бисёр сарф шуда, имконияти минбаъд давом додани фаъолиятро надоранд. Чунки аз сабаби камшавии захираи моддаи кимиёвӣ кори ҳуҷайраҳои майнаи сар ва қобилияти коршоямии онҳо суст мешавад ва бар асари ин дар майнаи сар ҳолати боздорӣ (тормоздиҳӣ) ба вуҷуд меояд. Азбаски қобилияти кори системаи асаби меланхоликҳо кам аст, бинобар ин, ба онҳо тавсия дода мешавад, ки дар рафти иҷрои ин ё он  фаъолият барои аз нав барқароршавии қувваи ҳуҷайраҳои майнаи сар ва муътадил нигоҳдории қобилияти кории худ тез-тез дам гиранд ва аз як шакли фаъолият ба дигаре  гузаранд.

Хонандагоне, ки мизоҷи холерикӣ доранд, муддати дер сермаҳсул кор  мекунанд, вале баъзан онҳо кори саркардаро ба охир намерасонанд, чунки онҳо дар рафти  фаъолият аз захираҳои қувваи ҳуҷайраҳои асаб ба таври самаранок истифода  намебаранд. Аз ин рӯ, бо тезӣ монда шуда, қобилияти кориашон кам мегардад.  Холерикҳо дар рафти иҷрои ин ё он фаъолият саъю кӯшиш мекунанд, ки кори саркардаро то ба охир расонанд ва баъд истироҳат кунанд, вале мондашавии қувваи ҳуҷайраҳои асаб ва сустшавии қобилияти кори системаи асаб ба онҳо  имкон намедиҳад,  ки минбаъд фаъолона амал кунанд. Аз ин рӯ, тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ташкил кардан ва гузаронидани ҷараёни кори таълиму тарбия хусусиятҳои мизоҷии хонандагон, давомнокӣ ва суръати иҷрои фаъолияти кори ҳар яки онҳо ба назар гирифта шавад.

Ба сангвинику холерикҳо қобилияти хуби кори фикрӣ, серҳаракатии фаъолияти асаб, имконияти ҳар чи тезтар ва сермаҳсултар иҷро намудани малакаҳои кори таълимӣ хос аст. Онҳо дар синф ва ҳам дар хона метавонанд нисбат ба флегматикҳо ва меланхоликҳо машқу супоришҳоро тезтар иҷро кунанд. Ҳол он ки дар қишрҳои майнаи сари флегматикҳо ва меланхоликҳо суръати ҷоришавии протсессҳои асосии асаб, ҳаяҷон ва боздорӣ хеле суст мегузаранд. Хонандагони флегматику меланхоликҳо ҳангоми аз як фаъолият ба дигар фаъолият кӯчонидани диққат, барои мутамарказонидан ва устувор нигоҳ доштани диққат вақти зиёде сарф мекунанд. Аз ин рӯ, омӯзгорро мебояд дар ҷараёни кори таълиму тарбия аз рӯйи суръати ҷоришавии қобилияти фикрии бачагон назорати қатъӣ бурда, хусусиятҳои мизоҷи онҳоро ба назар гирад.

Меланхоликҳо бисёр бачагони ҳассос ва нозукдиланд, тез меранҷанд ва бо  шарму ҳаё буда, ба канораҷӯӣ майл доранд. Сухани таъсирбахши дилхароши  муаллим ва волидайн метавонад ба шууру ҳисси онҳо таъсири манфӣ расонад ва ба асаби онҳо зарбаи сахт мезанад. Аз суханони нохушу дилхароши муаллим, падару  модарон ва иҳотакардагон меланхоликҳо ба тарсу ҳарос афтода, оромиро ихтиёр карда,  баъзан чӣ кор карданашонро надониста, аз тарсу ҳарос дасту по гум мекунанд. Аз таъсири рафтори бади атрофиён дилтанг  шуда, инони гиряро сар медиҳанд. Ба муаллимон зарур  аст, ки ба меланхоликҳо сари вақт ёрӣ расонанд, то ки аз онҳо сифатҳои шармгинӣ,  карахтӣ,  беҷуръатӣ, канораҷӯӣ, камфаъолӣ ва ба қувваю  ғайрати худ боварӣ надоштан, ҳиссиёти астеникӣ, эмотсияҳои манфӣ бартараф  карда шаванд. Дар симои зоҳирии сангвиникҳо ҳолати  эмотсионалӣ ва ҳиссиёти хеле равшан ифода меёбад. Ҳол он ки аз ҷиҳати тобиши  эмотсионалӣ дар қиёфаи меланхоликҳо як навъ ноумедӣ, ранҷурӣ ва озурдахотирӣ ҳис  карда мешавад. Агар дар рафти дарс муаллим нисбат ба сангвиникҳо серталабӣ ва  принсипнокӣ  зоҳир  кунад  ва  мунтазам аз рӯи кори фикрии онҳо дар ҷараёни  таълиму тарбия назорат барад, дар он сурат ба рушду нумӯи мизоҷи бачагон муваффақ мегардад.

Дар қиёфаи флегматикҳо ҳаяҷони эмотсионалӣ ва ҳиссиёт чандон равшан ифода намеёбад. Флегматикҳо дар ҷараёни таълим сустҳарактӣ, кундфикрӣ ва оромиро  ихтиёр карда, баъзан қоидаҳои тартибу низомро халалдор месозанд. Флегматикҳоро аз ҳолати мувозинати эмотсионалӣ берун баровардан басо душвор аст. Вале бо вуҷуди ин ангезандаҳои ниҳоят пурзӯри эмотсионалӣ вазъи кайфияти рӯҳии онҳоро халалдор сохта метавонад. Дар раванди таълиму тарбия муаллим аз бачагони флегматик хоҳиш  мекунад, ки барои зудтар иҷро намудани малакаҳои кори таълимӣ бисёр машқ ва саъю  кӯшиш кунанд. Дар рафти машқҳо ва иҷрои амалҳои мунтазам бачагон ба комёбиҳо ноил мешаванд ва аз пешравии худ болида, бо аҳли синф алоқаи боз ҳам  мустаҳкаму қавитар пайдо мекунанд.

Ҳамин тавр,  хусусиятҳои фардӣ – психологии мизоҷи хонандагонро ба ҳисоб гирифта, ба ҳеҷ ваҷҳ ҷиҳатҳои манфии хусусиятҳои мизоҷи бачагонро сарфи назар кардан дуруст нест.

Ҳайдарҷон Азимов,

директори муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии №75-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш