Нашрияи Омӯзгор

Банд бар по нест, бар ҷону дил аст

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 731        Шарҳ: 0

 

Муддати ду моҳ мешавад, ки Толибон ҳамчун ҳаракати сиёсию ҷангӣ ба сари қудрат дар  Афғонистон омадаанд, аммо… Аз гузоришу иттилооте, ки ҳамарўза аз васоити ахбори оммаи ҷаҳон пахш мешавад, ба мушоҳида мерасад, ки вазъ бар ивази ваъдаҳои сарварони ин «ҳукуматдорони навтахт» беҳ не, ки бадтар мегардад. Ҳароина, мо чун инсонҳои хушбин ба ояндаи неку фирўзи ин кишвари ҳамсояву мардумони азияткашидаи он умед мебандем, вале ҳамчун қудрати сиёсӣ аз тасмимгириҳои ин навдавлатон, ки аркони ҳукуматдориро гўё бар маънои қавонину қавоиди ислом ва шариат тарҳрезию ба роҳ монданиянд, амиқан мутаассифем.

Санги ман - даҳ ман

Ҳукумати Толибон, ки Иморати исломии Афғонистон ном гирифтааст, аз рўзҳои аввали давлатдорӣ бо диду фаҳмиши худ, аслан, бар афкори мардуми афғон эҳтиром нагузоштанд ва пайи ҳам амру фармон ва қонунҳои худро эълом доштанд, ки дар ҳеҷ як чаҳорчўбаи инсонию гуманистӣ намеғунҷад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар робита ба масъалаи ташкили ҳукумат дар Афғонистон, ҳам дар  ҷаласаи  сарони аъзои давлатҳои СҲШ дар шаҳри Душанбе ва ҳам дар ҷаласаи навбатии Созмони Милали Муттаҳид ба такрор таъкид намуданд, ки ҷонибдори Ҳукумати ҳамашумуле ҳастанд, ки дар он намояндагони дигар халқияту миллатҳо, аз ҷумла, тоҷикон шомил  гардида бошанд. Бар  хилофи ин, Толибон новобаста аз талабу манфиати мардуми ранҷдидаи афғон, ҳукуматеро таъсис доданд, ки ҳама аъзои он аз шумули ҳаракати Толибон буда, дигар намояндагони қавму халқиятҳо ва аҳзоби сиёсӣ аз ин ҳукумат берун мондаанд. Ҳарчанд  аз оғоз то ин дам Иморати исломии  Афғонистон аз як низоми ҷадид, ки хоставу манфиатҳои оммаро пуштибонӣ мекунад, пайваставу бе танаффус ҳарф мезанад, аммо эшон аз мардуму азобҳои тасаввурнопазири онҳо фарсахҳо дуранд. Ба ҳамин вазъи  асафбору хатарзо ишора намуда, як устоди донишгоҳи ин кишвар хеле боҷасорату ошкоро аз тариқи телевизиони «Тулуъ - нюс» садо баланд кард, ки «кӣ ба ин гурўҳ ҳуқуқ додааст, то кишварро зери тасарруфи худ дароварда, бе ҳеҷ муҳокимаву барррасӣ ва бе дарназардошти фикру пешниҳодоти афроди донишманду соҳибмаърифат ва намояндагони аҳзобу ҳаракатҳои сиёсии дигар, қонунҳои «нестандарҷаҳон»-и худро эълом дошта, сари мардум таҳмил кунанд?»

Аз сўйи дигар, роҳбарони Иморати исломии Афғонистон бо ба сари қудрат омадан қотеъона ба сокинони шаҳру вилоёт ва музофотҳои кишвар ваъда доданд, ки тамоми роҳу шеваҳоро ба кор мебаранд, то амнияти  онҳоро ба гунаи комил таъмин намоянд. Ҳамчунин, онҳо довталабона изҳор доштанд, ки бо сукути ҳукумати пешин, ки пурра фасодзода будааст, дигар хавфу хатаре аз ҷониби ҳеҷ  як гурўҳи мусаллаҳи террористӣ дар мамлакат вуҷуд надорад ва ҳамакнун оромию амнияти мутлақ барои минбаъд ҳукмфармо гардидааст. Аммо воқеияти талхи ду ҳафтаи охир (таркишҳои маргбор дар масҷидҳои ҷомеи вилоёти Қандаҳору Қундуз, ки муҷиби ҳалокати садҳо намозгузори аҳли ташайъ ва захмӣ гардидани даҳҳо нафари дигар шуданд), ҳокӣ аз онанд, ки ин ҳангомаи Толибон чун ҳубоби рўйи об буда, аз ҳақиқат дур будаанд. Намояндагони ҳукумати навтаъсис (аз ҷумла, муовини сарпарасти Вазорати фарҳанг ва иттилооти  он Забеҳулло Муҷоҳид) ҳатто бо сароҳат борҳо эълом доштанд, ки дар қаламрави Афғонистон дигар нишоне аз неруҳои тахрибкори террористии ДОИШ ва Ал- Қоида вуҷуд надорад. Ҳақиқат, аммо бозгўйи он аст, ки ин гурўҳҳои тундраву ҳаросафкан, на танҳо дар сарзамини Афғонистон вуҷуд доранд, балки ошкоро масъулияти таркишҳои ба амал омадаро бар дўш гирифтаанд. Ба як сухан, вазъ бо омадани Толибон дар кишвар муътадил ва амнияти мардум таъмин нагардидааст.

Ба омўзиш дар таълимгоҳҳо дер намешавад ё ҳарзафурўшии навбатии Толибон

Аз гузоришҳои ВАО-и ҷаҳон чун рўз равшан аст (ва ин иттилоъро ҳамагон амиқу неку медонем), ки ҳукумати  Иморати исломии Толибон бо ҳар роҳу восита ба масъалаи омўзиш ва ба таҳсил фаро гирифта шудани аҳолии кишвар, ба хусус, духтарон дар таълимгоҳҳо ва макотиби олӣ садди маснуӣ эҷод мекунад. Тибқи дастури фарсахҳо аз асру замон қафомондаи ин «хоҷагон», ки ҳанўз   ба дунё аз паси айнаки асримиёнагӣ ва феодалӣ менигаранд, шариати исломӣ заруру ҳатмӣ намешуморад, ки духтарон таҳсил карда, илму дониш омўзанду занону бонувон дар идораву муассисаҳои давлатӣ фаъолияти худро ба роҳ монанд. Иддае аз аъзои комиссиюни фарҳангу иттилооти Ҳукумати Толибон ин амалкарди хешро бо он асоснок менамоянд, ки рисолати занон аслан нишастан дар хона ва нигоҳубину тарбияи фарзандон маҳсуб меёбад. Таблиғгарону ҷонибдорони ҳукумати Толибон, аз ҷумла, рўҳониёну ба ном олимони дин ҳатто дар суханрониҳои булаҷаби худ фармудаҳои китоби азимушшаъни «Қуръон» ва аҳодиси саҳеҳи набавиро инкор ва зери суол бурда, бо ҳар шеваю далелҳои ба худашон маълуми бебунёд нақши занро дар рушду пешрафти ҷомеа ба сифр баробар месозанд. Ба гунаи мисол, аз суханронию носеҳии як тан аз чунин воизон,  ки дар телевизиони «Ориё - нюс» иттифоқ афтод, иқтибос меорем, ки бас ҷойи ҳайрат асту шигифтиҳо. Ин рўҳонӣ ба суоли хабарнигори телевизиони мазкур дар боби «Оё иштироки духтарону занон дар умури давлат ва таҳсили онҳо дар макотибу донишгоҳ хилофи фармудаи шариат аст?» жожхойӣ карда, бе ҳеҷ далел ду ҳадиси саҳеҳи пайғамбар ҳазрати Муҳаммад (с.), ки яке «Талаби илм барои ҳар як зану марди мусалмон фарз аст» ва «Илмро биҷўй, агарчи дар Чин бошад»-ро ғалат бароварда, иброз дошт, ки ин ҳадисҳо саҳеҳ набуда, пайғамбар чунин суханонро ҳаргиз баён накардааст. (Дар омади гап, ин рўҳонӣ зимни баёни фикри хеш аз ибораҳои «Пайғамбари ман (!) ин тавр нагуфтааст», «Пайғамбари ман чунин гуфтааст» истифода мекард, ки бас хандаовару музҳик менамуд ва то чӣ андоза «соҳибфазилату донишманд» будани ўро нишон медод.) Бад – ин тариқ, Толибон то чанд рўзи наздик аз ба таълимгоҳҳо рафтани духтарон ҷилавгирӣ намуда, ин омилро бо баҳонаи «дар ин масъала корҳои ташкилӣ, ислоҳот рафта истодаасту раванди номбурда муваққатист, рупўш менамуданд. Аммо аз рўйи инсоф, холисонаю воқеъбинона бубинем, дар масъалаи ба таҳсил фаро гирифта шудани духтарон ҳеҷ як мушкилию баҳонае вуҷуд надорад. Омўзгорон аз тариқи садою симо мукарраран изҳор намуданд, ки онҳо ҷиҳати омўзонидани илму дониш ба хонандагон омодаанд, танҳо маоши чандмоҳаашонро ҳукумати Толибон пардохт намояд, халос. Китобу дафтар ва дигар васоили хонишу таҳсил то андозае кифоят мекунад, волидони духтарони мактабхон мегўянд, ки сару либоси маъмул (сатру ҳиҷоб) аз ҷониби фарзандони онҳо риоя мешавад. Пас, мушкил дар чист? Мушкил як аст: Толибон бо баҳонаи қавонину рукни шароити ислом бо ҳар роҳ монеи соҳибилму маърифатманд гардидани духтарон мешаванд ва ин амали ҷоҳилонаи худро барҳаққу саҳеҳ меҳисобанд, ки вой бар ҳолашон!

Дар талаби дорую даво ва қурбониҳои навбатӣ

Чанд рўз қабл талевизиони «Тулуъ-нюс» аз ҳодисаи фоҷиаборе хабар дод. Аҳли оилае аз вилояти Нангарҳор, бо шумули падару модар ва ду фарзанди онон, яке писари 17-сола ва дувумӣ духтари 15-сола озими кишвари Покистон гардиданд. Сабаби марзи он мамлакатро убур кардани аҳли ин хонадон он буда, ки писари беморашонро волидон бинобар  адами шароити зарурии табобату муолиҷа ва камбуди дорую даво дар Афғонистон, хостанд, дар бемористонҳои  давлати Покистон ба табобат фаро гиранд. Аз бахти бад ва гардиши чархи каҷрафтор, бо амри тасодуф, ҳангоми аз кўҳҳо фаромадан, ҳам писар ва ҳам духтар сарозер шуда, ба дарае меафтанд ва ҳалок мешаванд. Ҷисми абгору захмин ва хуншори ҷигарбандони худро волидон бо мадади ҳамдеҳагон ба зодгоҳашон расонда, бо оҳу алам, бо ҳазорон дарду андуҳи лобаён ба хок месупоранд. Бояд  хотиррасон намуд, ки ин як мисоли ранҷу машаққат ва зиндагии даҳшатбору ҳолу аҳволи вахими мардуми Афғонистон набуда, ҳамарўза даҳҳову садҳо нафар бо чунин шикасту нокомиҳо мувоҷеҳ мегарданд. Воқеан, ба сабаби норасоии маблағ, ҳоли марказҳои табобатӣ ва бемористонҳо низ дар ин кишвар ташвишовар ва изтиробомез гардидааст. Камбуди дорую даво, нокифоятии абзору васоили табобатӣ, корро тарк кардани иддаи зиёди пизишкон ва ба як сухан, набудани шароитҳои ба замони муосир созгор дар бемористонҳо ба он оварда расондааст, ки мардуми дар чорсў қарордошта илоҷи наҷотро дар фирору муҳоҷират ба дигар мамолик мебинанд. Дар ин росто, масъалаи тарки ватан намудани ҳазорон нафар, ҳамарўза тавассути марзҳо ба мамлакатҳои Покистон, Туркия, Эрон, Қатар ва бо роҳу воситаҳои мухталиф (аз тариқи баҳр) ба кишварҳои Аврупо, ба мушкили дигаре дар Афғонистон мубаддал гардидааст. Ба иттилоои раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин гурезаҳо бо шумори фаровон дар марзҳои ҷумҳуриямон ҷамъ омада, дар садади гузаштан ба хоки сарзамини тоҷикон қарор доранд. Аммо дар ин бобат, муовини сарпарасти Вазорати фарҳанг ва иттилооти ҳукумати Толибон  ба суоли хабарнигори телевизиони Ориё-нюс орому бепарво посух дод, ки ин раванд муваққатист ва муҳоҷирати афғонҳо ба кишварҳои дигар ҳеҷ заминаеву зарурате надорад.

Нақши  ғамангез дар Панҷшер

Аз тамошои як барномаи телевизиони Афғонистон – Интернейшел, ки тоза ба эфир баромадааст, метавон дид, ки чӣ тавр дар ин даргириҳо ба асари гулўлаборону таркишҳо, Донишгоҳи машҳури Панҷшер пурра аз ҳам рехта, ба вайронае табдил ёфтааст. Дарсхонаҳо сўхтаву хокистар гашта, аз курсиву миз ва асбобу таҷҳизот ба ҷуз оҳанпораҳои сиёҳгардида чизе боқӣ намондааст. Дар  ин вайрона ҳеҷ муҳассилеву толибилме барои минбаъд ба  таҳсилу омўзиш фаро гирифта намешавад. Дар навори дигаре, як сокини ин вилояти тоҷикнишин ҳамчун шоҳиди бевосита аз қатли одамони бегуноҳ нақл мекунад, ки чӣ тавр онҳоро чор – панҷнафарӣ дастҳо ба пушт баста ба қатл расонидаанд ва якҷо ба хок супурдаанд. Хуллас, фоҷиаю паёмадҳои ногувори ҷанг дар Панҷшер аз сўйи неруҳои Толибон то муддатҳои зиёде дар зеҳни сокинони ин вилоят боқӣ хоҳад монд. Аммо мардуми шуҷою иродатманди ин дара ба инояту фазли Худованд, ба ояндаи неку дурахшон эътимоду боварии бузург доранд.

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин тариқи телевизион изҳор дошт, боиси нигаронист, ки неруҳои ҳаросафкану тахрибкори террористии ДОИШ ва Ал-Қоида аз мамолики Сурия ва Ироқ ба Афғонистон ворид гардидаанд, ки ин омил хавфу таҳдидро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ меафзояд. Аз ин рў, бо дарназардошти вазъи ногувори Афғонистон, сарвари Русия аз роҳбарони мамлакатҳои ИДМ даъват ба амал овард, ки дар масъалаи  ба расмият шинохтани Ҳукумати Толибон ба шитобкорӣ роҳ надиҳанд. Аз мушоҳидаҳои рўзҳои охир дар робита ба вазъи сиёсию иқтисодии Афғонистон чунин бармеояд, ки Толибон дар иҷрои талабу пешниҳодоти давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар хусуси ташкили Ҳукумати фарогир ва тарҷеҳ додан ба ҳуқуқҳои  духтарону бонувон, озодии сухан ва  ба таҳсил фаро гирифтани муҳассилин ва таъмини амнияту озодиҳои  мардум ҳанўз ба хулосаи дақиқ наомадаанд ва ба якравиашон ҳамчунон идома медиҳанд. Аз қавли аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ:

Банд бар по нест, бар ҷону дил аст,

Мушкил андар мушкил андар мушкил аст.

 

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш