Аҳамияти арзёбии 10-хола дар замони муосир

Дарс шакли маъмули гирифтани дониш, малака ва маҳоратҳо барои хонандагон буда, ба рушди салоҳиятҳои касбии хонандагон мусоидат мекунад. Дониш, малака ва маҳорати хонандагон танҳо ба воситаи арзёбии омӯзгорон муайян мегардад. Арзёбӣ қисми муҳимми дарс буда, аз омӯзгорон маҳоратҳои баланди касбӣ ва тахассусиро талаб мекунад. Арзёбии нодуруст дар таълими фан аз ҷониби омӯзгор рушди минбаъдаи фаъолияти хонандагонро коҳиш дода, боиси кам гардидани шавқу ҳаваси хонандагон ба фанни таълимӣ мегардад.

Боиси зикр аст, ки баҳо додан ба дониши хонандагон яке аз масъалаҳои мураккаби педагогӣ маҳсуб ёфта, аксари омӯзгорон дар ин масъала душворӣ мекашанд ва на ҳама вақт ба хонандагон баҳои воқеӣ ва арзандаро дода метавонанд. Дар баробари ин, кам ба мушоҳида мерасад, ки ба баҳои гузоштаи омӯзгорон падару модарон ва ё хонандагон норизоӣ ё эътироз намоянд. Дар ин замина, баҳогузории хонандагон аз рӯйи низоми 5-бала, ки аз соли 1944 инҷониб истифода мешавад, мавқеи хонандагонро дар байни гурӯҳи дигари хонандагон, ки баҳои 4 ё 5 мегиранд, муайян карда наметавонад.
Арзёбӣ муайян намудани мавқеи хонандагон дар синф буда, омӯзгор ба воситаи он муайян мекунад, ки шогирдони ӯ то кадом андоза ба дониш мусаллаҳ шудаанд. Ин омил хонандагонро вазифадор менамояд, ки ба донишандӯзӣ аҳаммияти ҷиддӣ дода, мунтазам саъйю кӯшиш намоянд, ки беш аз пеш дониши худро афзун намоянд.
Ба андешаи инҷониб, нақши баҳо ба рушди зеҳнии хонандагон ва баланд намудани дониши хонандагон мусоидат намуда, ҳамчун воситаи муҳимми тарбия ба ҳисоб меравад. Агар муносибати байни омӯзгорон бо хонандагон самимӣ ва дар сатҳи зарурӣ қарор гирад, омӯзгор байни шогирдон эътибори баландро соҳиб мешавад. Ҳамчунин, арзёбӣ воситаи муҳимми ҳавасмандгардонии хонандагон ба шумор меравад ва мутаассифона, на дар ҳама вақту ҳолат мазмуни он риоя карда мешавад.
Дар кишварҳои дунё шаклҳои гуногуни арзёбӣ ва баҳогузорӣ мавҷуд аст. Дар аксари кишварҳо бо рушди замони муосир воситаҳои баҳогузорӣ иваз шуда, вобаста ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон воситаҳои гуногун ба миён меояд.
Тайи солҳои охир масъалаи гузаштан ба навъҳои гуногуни арзёбӣ, махсусан, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба мадди назар баромадааст. Хурсандиовар аст, ки дар муассисаҳои лоиҳавии озмоишии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми 10-хола ба роҳ монда шудааст. Амалишавии меъёри баҳогузории 10-хола ба дониш, малака ва маҳорати хонандагони синфҳои 2 ва 5 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии озмоишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури бевоситаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар 140 муассисаи таълимӣ амалӣ гардида истодааст.
Низоми баҳогузории 10-хола қадами муҳим дар роҳи ҳамоҳангсозии таҳсилоти Тоҷикистон бо стандартҳои ҷаҳонӣ аст. Ин низом имкон медиҳад, ки дониш, малака ва маҳорати хонандагон бо дақиқии бештар арзёбӣ шавад. Ин низом ба бедор кардани шавқу рағбати хонандагон, муайян намудани сатҳи воқеии дониш ва рушди салоҳиятнокии онҳо мусоидат мекунад.
Илова бар ин, низоми 10-хола ба падару модарон имкон медиҳад, ки фаъолияти таълимии фарзандонашонро назорат кунанд ва дар ҳамбастагӣ бо омӯзгорон барои беҳтар намудани натиҷаҳои таълим саҳм гузоранд. Низоми мазкур, инчунин, бо «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мувофиқ буда, ба ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳамин баҳогузории 5-хола нишонаҳои низоми 10-хола баръало эҳсос мегардид. Дар низоми 10-холаи баҳогузорӣ хонандагон мавқеи худро аз ҷиҳати дониш, малака ва маҳорат дар миёни ҳамсинфонашон муайян карда метавонанд. Бешак, низоми 10-холаи баҳогузорӣ тақозои замон буда, барои шаффофона арзёбӣ намудани дониши хонандагон нақши асосӣ мебозад.
Омӯзгорони муассисаҳои лоиҳавиро зарур аст, ки талаботи меъёри баҳогузории 10-холаро ба таври мукаммал дар раванди таълим истифода намоянд. Зимни семинари омӯзишӣ барои омӯзгорону мушовирони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб маълум шуд, ки бархе аз омӯзгорон аз амалишавии низоми 10-хола ҳарос доранд. Бояд гуфт, ки шакли баҳогузории 10-хола аз низоми 5-хола фарқи калоне надорад. Ҳангоми гузаштан ба баҳогузории 10-хола аксари вижагиҳои баҳогузории 5-хола боқӣ мондааст. Масалан, дар дафтари синфӣ баҳои хонандагон дар шакли рақамӣ (1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10) гузошта мешавад. Дафтари синфӣ барои муассисаҳои лоиҳавӣ дар шакли намуна дастрас карда шудааст, ки аллакай тамоми омӯзгорони муассисаҳои лоиҳавӣ аз он истифода бурда истодаанд.
Чизи дигаре, ки бояд омӯзгорони муассисаҳои озмоишӣ донанд, мисли пештара дар рӯзномаву дафтари кории хонандагон ба таври зерин: 10 (аъло), 9 (олӣ), 8 (хубтар), 7 (хуб), 6 (қаноатбахш), 5 (кофӣ), 4 (кам), 3 (нокифоя), 2 (паст), 1 (пасттар) гузошта мешавад.
Баҳогузорӣ ба рафтори хонандагон ба таври зайл гузошта мешавад: намунавӣ, хуб, қаноатбахш ва ғайриқаноатбахш. Меъёри баҳогузорӣ ба рафтори хонандагон дар асоси одобу ахлоқ, эҳтиром, тарбия, иштирок ба корҳои синфию беруназсинфӣ ва ҷамъиятӣ ба эътибор гирифта мешавад.
Мо дониши хонандагонро дар шаклҳои гуногун арзёбӣ ва натиҷагирӣ мекунем, ки яке аз навъи онҳо гирифтани тест мебошад. Саволномаи тестӣ дар се шакл – пӯшида 1 хол, кушода 2 хол ва мувофиқат 4 хол гузошта шуда, бо вариантҳои гуногун таҳия ва пешниҳоди хонандагон карда мешавад. Барои фанҳои гуманитарӣ барои 1 савол аз 1 то 1,5 дақиқа ва барои фанҳои табиӣ-риёзӣ аз 2 то 3 дақиқа вақт ҷудо карда мешавад.
Ҳамин тариқ, арзёбии дониши хонандагон аз ҳама марҳилаи масъулиятнок ва мушкили қисмати дарс маҳсуб ёфта, барои фаҳмидани он, ки то чӣ андоза саволҳои таҳияшуда бомуваффақият буданд, оё ба воситаи онҳо мавзуъ пурра ҳалли худро ёфт ё не ва дар асоси воқеӣ баҳо гузоштан ба дониши хонандагон аз ҳар як омӯзгор маҳорати баландро талаб менамояд.
Меҳринисо Шукурова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №31-и ноҳияи Восеъ