Мероси илмию фарҳангии Закариёи Розӣ

Осори Закариёи Розиро муҳаққиқон, аз ҷумла, Абурайҳони Берунӣ 184 муҷаллад, Ибни Абӣ Усайбия 238 адад ва устоди Донишгоҳи Теҳрон, доктор Маҳмуди Наҷмободӣ 271 адад баршумурдаанд. Абурайҳони Берунӣ бар мабнои мавзуъ ва мазомини ихтисосӣ, осори Розиро бад-ин тартиб тақсимбандӣ кардааст: 56 китоб дар тиб, 33 китоб дар табииёт, 7 китоб дар мантиқ, 10 китоб дар риёзиёту нуҷум, 7 китоб дар тафсиру талхису ихтисори кутуби фалсафӣ ё тиббии дигарон, 17 китоб дар улуми фалсафӣ ва тахминӣ, 6 китоб дар мофавқуттабиа, 14 китоб дар илоҳиёт, 22 китоб дар кимиё, 2 китоб дар куфриёт, 10 китоб дар фунуни мухталифа (ниг.: Муҳаққиқ, Меҳдӣ. Файласуфи Рай. – Теҳрон, 1352 (1974). – С. 54-55).

Муҳаққиқон дар илми тиб ва пизишкӣ моҳиру тавонманд будани Розиро ишора намудаанд. Мавсуф дар илми тиб ба дараҷае боло рафтааст, ки нуфузу эътибораш на танҳо дар Шарқ, балки дар Ғарб ҳам қобили мулоҳиза будааст. Дар муассисоти тиббии ғарбӣ аз рӯйи таълифоти беназири Розӣ то асри 17 таълим дода мешудааст, то ҷое, ки дар ҷаҳони илмии ғарбӣ ба унвони Разес ва Абу Батер машҳур будааст (7,40). Дар баробари Ибни Сино, дар тибби назариявию амалӣ бузургтарин чеҳраи дигар Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ буд, ки ба унвони шуҷоътарин ташхисгар ва ҷарроҳи замон муаррифӣ гардидааст. Дар баробари ин, Розӣ ба унвони поягузори илми шимӣ (кимиё)-и навин муаррифӣ шуда, пизишкиро ба ҳадди камол расонида, дар фалсафа тарҳҳои навине ҷо додааст (ниг.: Муинзода, Ҳушанг. Розӣ – ситораи дурахшони осмони фарҳангу тамаддуни башарӣ-манбаи электронӣ: www.moinzadeh.com).
Закариёи Розӣ дар боби тиб зиёда аз 60 асар таълиф кардааст, ки муҳимтарини онҳо «Китобу-л-ҳовӣ» ва «Китобу-т-тибб-ил-мансурӣ» (ибо­рат аз 10 ҷилд) буда, тамоми илмҳои тиббиии асри замонро фаро гирифта, осори мазкур дар рушди минбаъдаи илми пизишкию дармонгарии кишварҳои Шарқи мусулмонӣ таъсири калон расонидаанд. Ин асарҳо дар асри XII ба забони лотинӣ тарҷума шуда, тайи чандин аср барои табибони Ғарб минҳайси дастур-раҳнамои аввалияи ихтисосӣ хидмат кардаанд. Ғайр аз ин, Закариёи Розӣ дар асарҳояш «Аттиб-ул-мулукӣ» ва «Тиббу-л-фуқаро» масъалаи дармонгарии фардиро мат­раҳ карда, роҳҳои раҳоӣ аз бемо­риҳоро мушаххас намудааст. Мавсуф дар «Тиббу-л-фуқаро», ки барои авом навишта шудааст, бемориҳои мутадовил, роҳ ва воситаҳои роҳати дар шароити манзилӣ (хонагӣ) пешгирӣ ва табобат кардани онҳоро нишон додааст. Меҳдии Муҳаққиқ дар бахши кутуби фалсафия ва тахминия аз таълифоти Розӣ муфассал ёдовар мешавад (ниг.: Меҳдии Муҳаққиқ, Файласуфи Рай. – Теҳрон, 1352 (1974). – С. 102-117).
Чун масъалаи мавриди назари мо шахсияти илмӣ ва мавқеияти фалсафии Розист, ногузир ба мавзуи асосӣ мепардозем. Дар таълифоти Меҳдии Муҳаққиқ сари китоби «Сирати фалсафӣ»-и Розӣ, ки аз ҷумлаи таълифоти арзишманди файласуф аст, тамаркуз шудааст (ниг.: Муҳаққиқ, Меҳдӣ. Файласуфи Рай. – Теҳрон, 1352 (1974). – С. 211-234). Дар ин бахш аз китоб, ки мавриди баҳси мо қарор мегирад, бар он таваҷҷуҳ мешавад, ки Розӣ дар «Тибби руҳонӣ»-и худ ҳам гоҳ-гоҳе аз сабку шева ва равиши зиндагию афкори файласуфон ёд кардааст. Махсусан, дар заминаи равиши фикрӣ ва шеваи зиндагии фалсафии худ китоби ҷудогонае таҳти унвони «Сирати фалсафӣ» эҷод кардааст.
Ҷуръату ҷасорати фалсафии Розӣ ба дараҷае будааст, ки осори файласуфону донишмандони мутақаддиму мутаахирро мавриди нақду баррасӣ қарор дода, мавқею назароти инфиродиашро бар мабнои далелу бурҳони мантиқӣ арз доштааст. Махсусан, дар радди андешаҳои хушки асримиёнагӣ ва умуман, афкори зидду нақизи замонӣ сахткӯш буда, дар садри ҷараёни инқилоби фикрӣ ва ҷадалиёти асримиёнагӣ қарор гирифтааст. Сиёсатшинос ва муҳаққиқи маъруфи амрикоӣ Фредерик Старр аз ҷунбишҳои фалсафии асримиёнагӣ дар Осиёи Марказӣ ёд оварда, бар он таъкид мекунад, ки дар баробари рушди илмҳои нақлию динӣ, улуми ҷададӣ инкишоф ёфта, шахсиятҳои варзидае мисли Ҳивии Балхӣ, Ибни Ровандӣ ва Закариёи Розӣ ба майдони илму ҷадали Осиёи Марказӣ ворид гардиданд, ки ба сифати шаккокони ҷадалӣ дар баробари хушкандешии динию мазҳабӣ мардонавор воистода буданд (ниг.: Фредерик, С. Старр. Маърифати гумшуда. Асри Тиллоии Осиёи Марказӣ аз истилои араб то Темурланг. – Душанбе: «ЭР-граф», 2016. – С. 53).
Ба назари муҳаққиқон, нақди адёну мазоҳиб ва шеваи интиқоди фикру ақидаи қадимиёну асримиёнагиён дар робита бо дину мазоҳиб ва хурофапароканиҳои сароса­рии замонӣ, ки дар қолиби андешаи илҳодӣ дар имтидоди асри севуми ҳиҷрӣ дар қаламрави Шарқи мусулмонӣ русух карда буд, қабл аз ҳама, бо исми Закариёи Розию Ибни Ровандӣ тавъам будааст (ниг.: https://fa.wikinoor.ir/wiki/رسائل_فلسفیة). Муҳаққиқон бо такя ба ду китоби Розӣ – «Нақз-ул-адён» ва «Махориқ-ул-анбиё» андеша ва дидгоҳҳои фалсафии ӯро дар заминаи интиқодоти хурофаҳои адёну мазоҳиби минтақавию башарӣ ироа доштаанд. Бахусус, ҷасорати фикрию эҷодӣ ва фардии Розӣ дар ростои интиқоди хурофаҳои динӣ-мазҳабӣ ва куллан, омӯзаҳои хурофии замонӣ, ки ҷомеаҳоро ба гирудороти ақидатию бархурдҳои ҳамагонӣ мекашониданд, сазовори таҳсину офарин аст. Дар китоби «Нақз-ул-адён» Розӣ бар он иддао мекунад, ки чун ҳамаи афроди башар мусовианд, пас, паёмбарон наметавонанд бартарияту мазийят бар онҳо дошта бошанд. Муъҷизоти паёмбарон фиреб ва ё аз афсонаҳои пешиниён аст, таолими мазоҳиб хилофи ҳақиқат аст, мазоҳиб, яке аз иллали ҷангҳое аст, ки башарро ба нестӣ мекашад. Бар илова, мазоҳиб душмани тафаккури фалсафӣ ва таҳқиқ ҳастанд (ниг.: Ро­вандӣ, Муртазо. Таърихи иҷтимоии Ирон. — Ҷилди 10. Чопи дувум. – Теҳрон: Интишороти Нигоҳ, 1382. – С. 133-134). Муҳимтар аз ҳама, дар китоби «Махориқ-ул-фалосифа» Розӣ бар тамомии адёну мазоҳиби башарӣ нақд кардааст ва бар мабнои ақлу мантиқ онҳоро мавриди интиқоди илмию фалсафӣ қарор додааст (ниг.: https://www.islamquest.net/fa/archive/fa52964). Ҳарчанд ки дар баробари нақди Розӣ аз адёну мазоҳиб Абуҳотами Розӣ, Носири Хусрав ва амсоли онҳо барин муҳаққиқони исломӣ изҳороту мавқеъгириҳои файласуфро зери суол бурдаанд, ба ҳеҷ ваҷҳ, натавонис­таанд руҳи интиқодгарӣ ва ҷуръатмандиро, ки тавассути Розӣ дар минтақа буруз карда буд, батамом шикананд.
Дар бахши ахирии матолиби «Сирати фалсафӣ» Розӣ худро бо Суқрот – пири фалосифа ва файласуфони қадимӣ муқоиса мекунад ва гуфтугузори пешиниёну мутааххиринро дар заминаи шинохти ин файласуфи юнонӣ матраҳ месозад. Аз ҷумла, Розӣ дар мавриди Суқрот, ки ба унвони сархати ҳакимони саршиноси юнонӣ талаққӣ шудааст, изҳори назар карда, мегӯяд, ки дар ибтидои кор Суқрот ба зуҳду гӯшанишинӣ ва дур аз наъамоти дунявӣ ба сар бурда, ҳангоми ба сатҳи камолоти эҷодӣ расидан, ҷисму равони худро дар ҳадди адл (баробарӣ) қарор додааст (ниг.: Меҳдии Муҳаққиқ, Файласуфи Рай. – Теҳрон, 1352 (1974). – С. 229-230).
Розӣ дар заминаи таърифи илми фалсафа бар он таъкид меварзад, ки «фалсафа ташаббуҳ ба худованд ба андозаи тавоноии одамӣ аст» ва ин таъриф аз машҳуртарин таъорифи фалсафа аст, ки дар манқулоти юнониён ва ахбори мусулмонон дида мешавад (ниг.: Меҳдии Муҳаққиқ. Файласуфи Рай. – Теҳрон, 1352 (1974). – С. 231). Мунтаҳо, Розӣ мекӯшад, ки худро аз ҷиҳати илму амал минҳайси файласуфи воқеӣ муаррифӣ кунад. Бад-ин ҷиҳат, ӯ аз муҳимтарин китобҳои худ дар риштаи фалсафа, тиб, нуҷум ва ҳандаса ёдовар шуда, аз навиштани зиёда аз дусад асару мақолот болида, иддао мекунад, ки илми риёзиро ба андозаи зарурат ва то ҳудуди ниёз азхуд карда, зарур надонистааст, ки аз ин беш худро заҳмат диҳад, мисли ин ки нафаре мавсум ба файласуф ба ҳандаса иштиғол варзида, умри худро табоҳу нобуд сохтааст.
Ӯ рисолаҳое ҳам таҳти унвони «Фи азл мин иштиғол бифузул-ул ҳандаса мин ал­мавсумин билфалсафа» доштааст, ки дар китоби «Сирати фалсафӣ» бад-он ишора кардааст (ниг.: Меҳдии Муҳаққиқ. Файласуфи Рай. – Теҳрон, 1352 (1974). – С. 232). Баъзе мавқеъгириҳои Розӣ ба Абурайҳони Берунӣ хуш наомадааст ва ӯ ба мавқеияти Розӣ дар ростои фузулӣ дар улуми ҳандасӣ пардохта, Файласуфи Райро бар он интиқод кардааст, ки ба маънои вожаи «фузул», ки зиёдат бар кифоят аст, сарфаҳм нарафтааст. Аммо он чи ки Розӣ ба унвони намуна аз сатҳи фарогирии донишҳояш дар заминаи улуми риёзию ҳандасӣ ироа намудааст, ҷасорати эҷо­дӣ ва дидгоҳи илмии ӯро дар қиболи масоили илмии замонӣ ва фарогирии иттилооти илмӣ ба намоиш мегузорад.
Нозим НУРЗОДА,

корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон